Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард

Пас аз мусобиқа дар Душанбе (“Dushanbe Grand Slam 2024”) ҷудокорони тоҷик боз дар як мусобиқаи ин силсилаи Тоскулоҳи бузург” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон – «Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024» ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 нафар ҷудокорон – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Шодмон Ризоев (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) […]

Алексей Корчагин, Asia-Plus

Пас аз мусобиқа дар Душанбе (“Dushanbe Grand Slam 2024”) ҷудокорони тоҷик боз дар як мусобиқаи ин силсилаи Тоскулоҳи бузург” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон – «Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024» ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 нафар ҷудокорон – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Шодмон Ризоев (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ карданд.

Барои иштирок дар ин мусобиқа, ки пеш аз Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж дар радабандӣ (рейтинг) имтиёз ба даст оварда мешавад, ҳамагӣ 450 варзишгар аз 84 кишвари саросари дунё сабтином шуданд.

Миёни намояндагони Тоҷикистон Темур Раҳимов (+100 кг) ба натиҷаи беҳтарин ноил гардид. То давраи финалӣ ӯ ҷудокорон аз Қазоқистон, Гурҷистон ва Туркияро мағлуб карда, дар қувваозмоии финалӣ аз намояндаи Ҷопон Татсуру Саито шикаст хӯрд ва ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид. Қобили зикр аст, ки аз ин варзишгари Ҷопон Раҳимов аллакай бори 5-ум шикаст мехӯрад.

Дигар намояндагони Тоҷикистон – Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Комроншоҳи Устопириён Шодмон Ризоев ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар даврҳои авввали мусобиқа ба бохт дучор шуданд.

Мувофиқи қоидаҳои IJF, дар ин мусобиқа ғолиб 1000 имтиёз, дорандаи медали нуқра – 700 имтиёз ва зинаи 3-юм – 500 имтиёз мегирад.

Маблағи умумии мукофотпулии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) 5 ҳазор евро, дорандагони медали нуқра – 3 ҳазор евро ва зинаи 3-юм – 1500 евро мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Дар ҳисоби умумидаставӣ Ҷопон (2 медали тилло ва 4 биринҷӣ) зинаи аввал, Италия (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) зинаи дуюм ва Чин (1 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали нуқра дар мақоми 16-ум қарор гирифт.

Имсол намояндагони Тоҷикистон боз дар як мусобиқаи пурнуфузи дигар – Чемпионати ҷаҳон дар Абу-Даби (Амороти Муттаҳидаи Араб) низ иштирок карда, барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар Париж роҳхат дарёфт карда метавонанд. Ин чемпионат 19 май оғоз гардида, 24 май ба поён мерасад.

Чемпионат дар толори Мубодала дар Абу-Даби дар доираи Силсилаи ҷаҳонии IJF доир гардида, бо мусобиқаи дастаҳои омехта дар рӯзи охир анҷом меёбад.

Бо назардошти дархости мунтахаби Тоҷикистон ба ин мусобиқа, дар Абу-Даби Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг), Нуралӣ Эмомалӣ, Обид Ҷебов (ҳарду – 66 кг), Абӯбакр Шеров, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду – 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.