Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?

Дар семоҳаи аввали соли 2024 афзоиши назарраси вуруди сайёҳон ба Русия ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи маълумоти дар РБК нашршуда, шумори сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар ба 3,8 млн нафар расидааст, ки 17% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта аст. Миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бештар ба Русия сафар доштаанд, Тоҷикистон дар зинаи сеюм […]

Дар семоҳаи аввали соли 2024 афзоиши назарраси вуруди сайёҳон ба Русия ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи маълумоти дар РБК нашршуда, шумори сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар ба 3,8 млн нафар расидааст, ки 17% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта аст.

Миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бештар ба Русия сафар доштаанд, Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор дошта, давоми моҳҳои январ-марти соли равон 545,3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар рафтаанд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки дар ин давра 516,3 ҳазор тоҷикистониён ба ин кишвар рафта буданд, зиёдтар мебошад.

Кишвари пешсаф дар ин самт Ӯзбекистон мебошад, ки дар давраи аз моҳи январ то марти соли 2024 сарҳади Русияро 915,6 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар убур кардаанд.

Қвазоқистон бо 674,1 ҳазор сафари шаҳрвандонаш ба Русия мақоми дуюмро ишғол кардааст.

Пас аз Тоҷикистон дар зинаҳои баъдӣ Чин (286,1 ҳазор) ва Қирғизистон (269,6 ҳазор) қарор доранд.

Тавре ки дар нашрия зикр мешавад, сафарҳо ба Русия асосан бо мақсади муҳоҷирати корӣ сурат гирифтаанд.

Шаҳрвандони кишварҳои хориҷи наздик аз қабили Ӯзбекистону Қазоқистон ва Тоҷикистон фаъолона ба шуғл дар иқтисоди Русия, бахусус дар соҳаҳои сохтмону хидматрасонӣ ва бахши кишоварзӣ ҷалб мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.