Ду рӯзи наздик дар Тоҷикистон борону жола меборад

Рӯзҳои 24-25 май дар қаламрави Тоҷикистон боридани борону жола ва раъду барқ дар назар аст. Ҳамчунин пурзӯр шудани суръати вазидани шамол то 10-15 м/сония, дар баъзе ноҳияҳо – то 13-18 м/сония пешбинӣ мешавад. Ба иттилои обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, дар ин рӯзҳо ва шаби 26 май дар вилояти Хатлон борону раъду барқ пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти […]

Рӯзҳои 24-25 май дар қаламрави Тоҷикистон боридани борону жола ва раъду барқ дар назар аст. Ҳамчунин пурзӯр шудани суръати вазидани шамол то 10-15 м/сония, дар баъзе ноҳияҳо – то 13-18 м/сония пешбинӣ мешавад.

Ба иттилои обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, дар ин рӯзҳо ва шаби 26 май дар вилояти Хатлон борону раъду барқ пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб ба суръати 10-15 метр дар як сония мевазад.

Дар вилояти Суғд низ боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ боридани жола пешбинӣ шудааст.

Дар як қатор ноҳияҳои тобеи марказ дар ин рӯзҳо боришот пуршиддат мешавад, рӯзи 26 май боридани жола дар назар аст.

Дар қаламрави ВМКБ рӯзҳои 24-25 май боришот ва шабона дар баландии зиёда аз 3000 метр боридани борону барф пешгӯӣ мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки  эҳтиёткор бошанд, зеро боришот метавонад ба селфароиҳо ва резиши сангу ярч боис гардад. Аз волидон хоҳиш шудааст, ки фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузошта, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд.

Аз идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ хоҳиш шудааст, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.

Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода мешавад, ки аз қабл бояд каналу ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна сангу регу хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел роҳи гузар дошта бошад ва  ба ҳавливу қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад.

Дар сурати рух додани ҳолати фавқулода ё ягон ҳодиса нохуш, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои 112 ё 93 880 28 19; 88 400 01 01 занг зананд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.