Эмомалӣ Раҳмон як додраси дигарро барои “паст задани шаъну эътибор” аз вазифа озод кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон як додраси додгоҳи шаҳри Кӯлобро барои "паст задани шаъну эътибор"-и додрас аз вазифа озод кардааст. Фармони барканории додрас дирӯз, 3-юми июн имзо ва имрӯз, 4-уми июн дар сомонаи Хадамоти матбуотии президент нашр шуд. Манбаъ, аз додрас Ҳанифа Алимзода ном бурдааст, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси додгоҳи шаҳри Бохтар кор карда, соли 2022 […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон як додраси додгоҳи шаҳри Кӯлобро барои "паст задани шаъну эътибор"-и додрас аз вазифа озод кардааст. Фармони барканории додрас дирӯз, 3-юми июн имзо ва имрӯз, 4-уми июн дар сомонаи Хадамоти матбуотии президент нашр шуд.

Манбаъ, аз додрас Ҳанифа Алимзода ном бурдааст, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси додгоҳи шаҳри Бохтар кор карда, соли 2022 додраси додгоҳи шаҳри Кӯлоб таъин шуда буд.

“Алимзода Ҳанифа Акбар бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад”, – омадааст дар фармони президент.

Дар бораи "кирдоре ки шаъну эътибор"-и додрасро паст мезанад, хабар дода нашудааст. Вале қаблан, президент баъди хабарҳо дар бораи ба фасод даст задани додрасҳо онҳоро аз вазифа озод мекард.

Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ӯ боздошт ва ё бар зиддаш парванда боз шудааст ё не.

Дар бораи Ҳанифа Алимзода дар расонаҳо маълумоти зиёд дастрас нест. Танҳо гуфта мешавад, мурофиае, ки ба ҳукми Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонӣ ва судиҷрочии собиқ, ки  8 солу 6 моҳи зиндон шуда буд, ҳашт моҳи дигар илова шуд, зери раёсати ӯ гузаштааст.

Зимнан, имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, бо имзои як қарор Каримзода Абдураҳмон Раҳимро бинобар вафоташ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон озод кард.

Ҳафтае пеш дар бораи марги ин мансабдори тоҷик хабар расида буд, ки дар пайи як беморӣ дар Ҳиндустон вафот кард ва дар Тоҷикистон ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.