Президенти Тоҷикистон аз эҳтимоли хушксолӣ огоҳ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд рӯзи 10 июн кишоварзони тоҷикро аз эҳтимоли камобиву хушксолии имсола огоҳ кард. Сарвари давлат зикр кард, ки дар фасли баҳори соли 2024 низ боришоти пайдарпай ба хоҷагиҳои хонаводагӣ ва кишоварзӣ хисороти зиёд ба бор оварданд. “Тирамоҳу зимистони гузашта, баръакс, хеле камбориш омад. Ин ҳолат […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд рӯзи 10 июн кишоварзони тоҷикро аз эҳтимоли камобиву хушксолии имсола огоҳ кард.

Сарвари давлат зикр кард, ки дар фасли баҳори соли 2024 низ боришоти пайдарпай ба хоҷагиҳои хонаводагӣ ва кишоварзӣ хисороти зиёд ба бор оварданд.

“Тирамоҳу зимистони гузашта, баръакс, хеле камбориш омад. Ин ҳолат боиси коҳиши манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои оби минтақа гардид, ки беш аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд, – гуфт ӯ. – Аз ин лиҳоз, бо эҳтимоли зиёд, соли ҷорӣ низ моро камобиву хушксолӣ дар пеш аст”.

Зикр шуд, ки дар баробари ин, ҳамасола бо сабабҳои таъсири омилҳои экологию хоҷагидорӣ заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш берун мемонанд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳоло зиёда аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад.

“Чунин ҳолат боиси сарбории иловагӣ ба буҷети давлат мегардад. Ҳамасола бо дастгирии шарикони рушд лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, барқарорсозии чарогоҳҳо ва дигар самтҳо амалӣ мешаванд, аммо ин маблағҳо кофӣ нестанд”, – изҳор дошт президенти мамлакат.

Дар ин робита, президенти Тоҷикистон таҳия ва амалисозии механизмҳои нави маблағгузорӣ ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои устувори пешгирӣ аз пайомадҳои манфии офатҳои табиӣ, ислоҳоти соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти заминро зарур медонад.

Бо ин мақсад, ҳукумати мамлакат Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016 – 2025, инчунин, Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023 – 2037-ро қабул намудааст, ки барои бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ равона карда шудааст.

Тавре ки дар таҳқиқоти олимони Чин дар маҷаллаи Nature Geoscience зикр мешавад, ояндаи наздик аз ҳама бештар қисмати ҷанубии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон осеб мебинанд.

Дар ин ҷо ҷунбиши байни даҳаҳо дар Уёнуси Ором нақши асосӣ мебозад. Он, ба ақидаи муҳаққиқон, ба коҳиши боришоти атмосферӣ дар Осиёи Марказӣ боис мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.