Тоҷикистон Покистонро шикаст дод, вале ба марҳалаи баъдӣ нагузашт

Шоми дирӯз, 11-уми июн, дар Душанбе рақобати ниҳоии марҳилаи дуюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид. Дар ин бозӣ футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3 бар 0 покистониҳоро шикаст доданд. Голҳои дастаи Тоҷикистонроо Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳаннонов ба самар расонданд. Баъди он ки тими […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Шоми дирӯз, 11-уми июн, дар Душанбе рақобати ниҳоии марҳилаи дуюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид. Дар ин бозӣ футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3 бар 0 покистониҳоро шикаст доданд.

Голҳои дастаи Тоҷикистонроо Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳаннонов ба самар расонданд. Баъди он ки тими миллии футболи кишвар аз дастаи мунтахаби Урдун бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд, имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдии мусобиқотро аз даст дод.

Дар бозии дигари гурӯҳи “G” мунтахаби футболи Урдун бо ҳисоби 2 бар 1 Арабистони Саудиро шикаст дода, садрнишини гурӯҳ шуд. Арабистон бошад, дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт ва ҳардуи ин мунтахабҳо ба марҳилаи баъдии бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфтанд.

Тоҷикистон дар 6 бозии худ бо ду ғалаба, ду мусовӣ ва ду бохт соҳиби 8 имтиёз шуда, дар зинаи сеюми гурӯҳ қарор гирифт ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб шуд. Ду ғалабаи Тоҷикистон бар муқобили Покистон, ки заифтарин дастаи гурӯҳ дониста мешуд, буданд.

Ҳамин тавр, баъди анҷоми бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳони футбол аз Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд. Аммо Тоҷикистон ва Туркмонистон аз идомаи бозиҳо маҳрум гаштанд.

Ҳамакнун дар марҳилаи сеюми рақобатҳои интихобӣ 18 даста аз Осиё барои ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон бозиҳоро идома медиҳанд. Аз ин миён танҳо 8 даста имконияти ширкат варзидан дар Ҷоми Ҷаҳони футболро доранд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи футболи тоҷик боре мунтахаби футболи кишвар ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон роҳ наёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон аз 11 июн то 19 июли соли 2026 баргузор мегардад ва бори нахуст се кишвар – Канада, Мексика ва ИМА ин мусобиқаро мизбонӣ мекунанд. Ҳамчунин бори аввал дар ин мусобиқот 48 даста иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.