Ҳалокати қариб 800 нафар дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон

Зиёда аз 300 нафари ҷонбохтагон ноболиғони то 16-сола будаанд. Ғарқшавии сокинон дар кӯлу дарёҳо яке аз мушкилҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва боз ҳам ташвишовартар ин аст, ки беш аз 30 дарсади ҷонбохтагон ноболиғони то 16-сола мебошанд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар ба ОИ “Азия-Плюс” хабар доданд, ки бештари шаҳрвандон дар ҷойҳои […]

Нигина Аслонова, ОИ "Азия-Плюс"

Зиёда аз 300 нафари ҷонбохтагон ноболиғони то 16-сола будаанд.

Ғарқшавии сокинон дар кӯлу дарёҳо яке аз мушкилҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва боз ҳам ташвишовартар ин аст, ки беш аз 30 дарсади ҷонбохтагон ноболиғони то 16-сола мебошанд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар ба ОИ “Азия-Плюс” хабар доданд, ки бештари шаҳрвандон дар ҷойҳои бидуни шароити мусоид ва мамнӯъ оббозӣ мекунанд ва ғарқ мешаванд. Сабаби ҳалокати теъдоди зиёди кӯдакон беназорат гузоштани онҳо ва шиноварӣ натавонистан будааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ, дар дарёву обанборҳои кишвар 50 нафар ҷон бохтаанд, ки 20 нафари онҳо кӯдакону наврасон мебошанд.

Ҳалокати сокинон дар кӯлу дарёҳо давоми панҷ соли охир (2019-2023)

Дар умум, давоми панҷ сол (2019-2023) дар кӯлу дарёҳои кишвар бо шумули кӯдакону наврасон 747 нафар  ғарқ шудаанд.

Бо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар ин матлаб шинос шавед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро ба андешидани чораҳои эҳтиётӣ, риояи қоидаҳои бехатари ҳангоми оббозӣ ва пешгирӣ аз амалҳои хатарнок барои пешгирӣ аз фоҷиа даъват мекунад. Аммо омор бозгӯи он аст, ки на ҳамеша тавсияҳо шунида ва ба назар гирифта мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.