Медали тилло ва нуқраи қаиқрони тоҷик дар Чемпионати Осиё

Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ (байдарка ва каноэ) байни варзишгарони U18 ва U23, ки дар шаҳри Паттайя (Таиланд) баргузор шуд, варзишгари Тоҷикистон ба дарёфти ду медали ин мусобиқа даст ёфт. Яке аз варзишгарони ояндадори кишвар Муҳаммад Раҷабов дар масофаи 1000 метр зинаи аввалро ишғол намуд. Ғайр аз ин, Раҷабов дар масфоаи 200 метр дар […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ (байдарка ва каноэ) байни варзишгарони U18 ва U23, ки дар шаҳри Паттайя (Таиланд) баргузор шуд, варзишгари Тоҷикистон ба дарёфти ду медали ин мусобиқа даст ёфт.

Яке аз варзишгарони ояндадори кишвар Муҳаммад Раҷабов дар масофаи 1000 метр зинаи аввалро ишғол намуд. Ғайр аз ин, Раҷабов дар масфоаи 200 метр дар каноэ ба дарёфти медали нуқра ноил гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” мураббии тоҷик Зоирҷон Набиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, пеш аз мусобиқа Раҷабов таҳти роҳбарии Набиев дар Таиланд машқу тамрин кардааст.

“Хеле хурсандем, ки ӯ ду медали мусобиқаро ба даст овард. Ӯ натиҷаи шоиста нишон дод!”, – иброз дошт Набиев.

Варзишгари ҷавон Муҳаммад Раҷабов пас аз мусобиқа ба Душанбе баргашта, дар фурудгоҳ ӯро дӯстону наздикон ва мухлисонаш пешвоз гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш маълум шуд, ки мусобиқа оид ба қаиқронии «Таджикистан слалом опен-2024» баргузор намешавад. Дар назар буд, ки он баҳор доир мегардад. Гуфта мешавад, эҳтимол федератсия оянда амалисозии ин лоиҳаро боз баррасӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.