Мукофотпулиҳои размикорони тоҷик дар Лигаи UFC маълум шуданд

Ultimate Fighting Championship (UFC) маблағи мукофотпулии размикоронеро, ки дар мусобиқа дар Арабистони Саудӣ рӯзи 22 июн иштирок карданд, эълон намуд. Рӯйдоди асосии мусобиқа рақобат байни Роберт Уитттакер ва Икром Алискеров маҳсуб меёфт. Дар қувваозмоии дуюми асосӣ Сергей Павлович ва Александр Волков рақобат карданд. Уиттакер ва Волков дар рақобатҳои худ ғалаба ба даст оварданд. Дар мусобиқаи […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Ultimate Fighting Championship (UFC) маблағи мукофотпулии размикоронеро, ки дар мусобиқа дар Арабистони Саудӣ рӯзи 22 июн иштирок карданд, эълон намуд.

Рӯйдоди асосии мусобиқа рақобат байни Роберт Уитттакер ва Икром Алискеров маҳсуб меёфт. Дар қувваозмоии дуюми асосӣ Сергей Павлович ва Александр Волков рақобат карданд. Уиттакер ва Волков дар рақобатҳои худ ғалаба ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи мазкур ҳамчунин 2 намояндаи Тоҷикистон – Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов ба майдон баромаданд.

Дар мусобиқаи UFC on ABC 6 дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) Муин бо варзишгар аз Кореяи Ҷанубӣ Кунг Хо Канг рақобат карда, қувваозмоӣ бо қарори якдилонаи доварон ба фоидаи варзишгари тоҷик анҷом ёфт.

Дар мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехта акнун Муин Ғафуров 19 ғалаба ва 6 бохт дорад.

Муҳаммад Наимов бо намояндаи Бразилия Фелипе Лима қувваозмоӣ карда, дар раунди сеюм варзишгари бразилиягӣ бо усули буғи кардан Муҳаммадро мағлуб кард.

Дар мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехта акнун Муҳаммад Наимов 11 ғалаба ва 3 бохт дорад.

Маълумоти расмӣ дар бораи мукофотпулиҳои размикорон дар мусобиқаи гузаштаи UFC пас аз рӯйдоди асосӣ дар Арабистони Саудӣ нашр шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа Роберт Уиттакер, Александр Волков ва Келвин Гастелум аз ҳама бештар мукофотпулӣ гирифтанд.

Бо назардошти мукофотпулиҳои иловагӣ (бонусҳо) ва дастгирӣ аз ҷониби сарпарастон ҳамаи онҳо зиёда аз 200 ҳазор доллар пул кор карданд.

Барои ҳунарнамоӣ дар ин шом Роберт Уиттакер, Волкан Оздемир, Шарабутдин Магомедов ва Фелипе Лима 50 ҳазор долларӣ гирифтанд.

Ба иттилои Sporty Salaries, Уиттакер ба зиёдтарин мукофотпулии мусобиқа – 570 ҳазор доллар (400 – барои баромадан, 100 – бонус барои ғалаба, 50 – мукофот барои беҳтарин ҳунарнамоӣ ва 21 – аз ҷониби сарпарастон) соҳиб шуд.     

Алискеров ба расид (чек)-и зиёдтарин дар UFC – 220 ҳазор доллар (210 – барои баромадан, 10 – аз ҷониби сарпарастон) соҳиб шуд.

Александр Волков низ расиди назаррас – 466 ҳазор доллар (350 – барои баромадан, 100 – бонус барои ғалаба, 16 – аз ҷониби сарпарастон) гирифт.

Павлович барои бохти якҷониба 266 ҳазор доллар (250 – барои баромадан, 16 – аз ҷониби сарпарастон) мегирад.

Намояндагони Тоҷикистон Муин Ғафуров 57 ҳазор доллар ва Муҳаммад Наимов – 35 ҳазор доллар пул кор карданд.

Наимов барои ҳунарнамоӣ дар майдон – 30 ҳазор ва аз ҷониби сарпарастон 5 ҳазор – ҳамагӣ 35 ҳазор доллар мегирад. Ҳарифи ӯ Лима ба 78 ҳазор доллар (12 ҳазор – барои баромадан, 12 – барои ғалаба, 4 – аз ҷониби сарпарастон ва 50 ҳазор – бонус барои ҳунарнамоӣ) соҳиб мешавад.

Мукофотпулии Ғафуров иборат аст аз: 26 ҳазор – барои баромадан, 26 – барои ғалаба, 5 – аз ҷониби сарпарастон (ҳамагӣ – 57 ҳазор доллар). Ҳарифи ӯ Канг ба 81 ҳазор доллар соҳиб шуд.

Рӯйхати пурраи мукофотпулиҳои размикорони мусобиқа дар Арабистони Саудӣ:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.