Барои медали тиллои Олимпиада варзишгари тоҷик хона ва 300 ҳазор сомонӣ мегирад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои ХХХІІІ тобистонаи олимпӣ вохӯрд. Зимни вохӯрӣ бо варзишгарон раиси пойтахт изҳор намуд, ки  бозиҳо дар Париж рӯйдоди деринтизоре мебошанд, ки дар саросари дунё ба он таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд. “Дар ин мусобиқа, ки беҳтаринҳо иштирок мекунанд, варзишгарони беҳтарини мо низ мераванд. Ба дӯши онҳо […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои ХХХІІІ тобистонаи олимпӣ вохӯрд.

Зимни вохӯрӣ бо варзишгарон раиси пойтахт изҳор намуд, ки  бозиҳо дар Париж рӯйдоди деринтизоре мебошанд, ки дар саросари дунё ба он таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

“Дар ин мусобиқа, ки беҳтаринҳо иштирок мекунанд, варзишгарони беҳтарини мо низ мераванд. Ба дӯши онҳо рисолати ба таври шоиста намояндагӣ кардани кишвари мо вогузор мегардад”, – иброз дошт ӯ.

Дар вохӯрӣ хабар дода шуд, ки ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 медал ба даст меоранд, дар пойтахт хонаҳои 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ тақдим мешаванд.

Аз ҷумла, варзишгаре, ки медали тилло ба даст меорад, бо хонаи 3-ҳуҷрагӣ, дорандаи медали нуқра – бо 2-ҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ – бо 1-ҳуҷрагӣ қадрдонӣ мешаванд. Ғайр аз ин, ба дорандагони медали тилло – 300 ҳазор сомонӣ, нуқра – 250 ҳазор сомонӣ ва биринҷӣ – 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин қарор шуд, ки дастаи Тоҷикистонро бо парчам дар Олимпиада ҷудокор Темур Раҳимов роҳнамоӣ мекунад. Рустами Эмомалӣ парчамро ба варзишгар супорида, ба ҳайати даста комёбиҳо орзу кард.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Париж 14 нафар дар 6 навъи варзиш намояндагӣ мекунанд.

Ҳайати варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиада:

Ҷудо: Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 100 кг.

Боксчиён: Давлат Болтаев дар вазни 92 кг, Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг ва Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг.

Дар навъи гӯштини тарзи озод Виктор Рассадин дар вазни 74 кг ва дар таэквон-до WT – Мунира Абдусаломова.

Ғайр аз ин, тибқи квота намояндагони Тоҷикистон боз дар ду навъи варзиш иштирок мекунанд: шиноварӣ (2 варзишгар – 1 мард ва 1 зан, ному насабашон баъдтар маълум хоҳад шуд) ва варзиши сабук (1 нафар – Фаворис Музрапов).

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.