Тамоми нақлиёти барқӣ бояд рақами сабз гиранд

Ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёти барқӣ ё электромобилҳо вазифадоранд, ки рақами сабз гиранд. Чунин талабот дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли равон ҷорӣ гардидааст. Дар ин бора имрӯз Рустам Мирзомуродзода, сардори БДА Тоҷикистон иттилоъ дод. “Маблағи рақамҳои сабз аз рақамҳои оддӣ фарқ надорад ва он 380 сомониро ташкил медиҳад” – гуфт ӯ.  […]

Ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёти барқӣ ё электромобилҳо вазифадоранд, ки рақами сабз гиранд. Чунин талабот дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли равон ҷорӣ гардидааст.

Дар ин бора имрӯз Рустам Мирзомуродзода, сардори БДА Тоҷикистон иттилоъ дод.

“Маблағи рақамҳои сабз аз рақамҳои оддӣ фарқ надорад ва он 380 сомониро ташкил медиҳад” – гуфт ӯ. 

Аммо маълум нест, ки нақлиёти барқии аллакай рақами оддидошта барои дастрас кардани рақами сабз дигарбора маблағ пардохт мекунанд ё не. 

Ин дар ҳолест, ки моҳе пеш дар ВКД ба “Азия-Плюс” расман иттилоъ дода буданд, ки рақами сабз айни ҳол танҳо барои нақлиёти мусофиркаши барқӣ муқаррар шудааст.

Гуфта мешуд, ки тасмими мазкур дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026 роҳандозӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Хадамоти гумрук воридоти нақлиёти барқӣ афзоиш ёфтааст.

“Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 5 ҳазору 266 нақлиёти барқӣ ба маблағи умумии 76,4 млн доллари ИМА ворид гардидааст, ки ин 26,7% аз шумораи умумии автомобилҳои дохилшударо ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар ин давра, ба Тоҷикистон 19 ҳазору 742 воситаи нақлиёт ворид гардидааст”, – гуфтанд дар Хадамоти гумрук.

Мувофиқи маълумоти Хадамот, дар 6 моҳи аввали соли 2023 воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар 2%-и воридоти умумии воситаҳои нақлиётиро ташкил дода буд. Шумораи дақиқи нақлиёти барқии дар ҳамин давраи соли гузашта воридгардида маълум нест.

Дар умум, давоми соли 2023 ба Тоҷикистон 3 ҳазору 316 нақлиёти барқӣ ба мабалғи умумии 59 млн доллари ИМА ворид гардидааст. Яъне дар 6 моҳи соли ҷорӣ нақлиёти барқӣ нисбат ба 12 моҳи соли гузашта бештар ворид шудааст. 

Қаблан, қарори шаҳрдории Душанбе дар хусуси то 1-уми сентябри соли 2025 пурра бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ намудани ширкатҳои кирокашӣ содир шуда буд. Раванди гузариши нақлиёти ҷамъиятиро ба автомобилҳои барқӣ дар матлаби мо “Оё ширкатҳои таксӣ метавонанд дар муҳлати муқарраршуда ба электромобилҳо гузаранд?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.