Тоҷикистон соли равон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 82,3 млн доллар барқ фурӯхт

Давоми моҳҳои январ-августи соли 2024 Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи зиёда аз 82,3 млн доллар неруи барқ интиқол дод. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ин нишондиҳанда 2,8 млн доллар (3,3%) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Ҳиссаи интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар зарфи […]

Давоми моҳҳои январ-августи соли 2024 Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи зиёда аз 82,3 млн доллар неруи барқ интиқол дод. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ин нишондиҳанда 2,8 млн доллар (3,3%) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ҳиссаи интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ 6,5%-ро ташкил дод.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар ҳудуди 15,4 млрд киловатт-соатро ташкил дод, ки ҳудуди 1 млрд киловатт-соаташ (6,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсол) ба хориҷи кишвар содир шудааст.

Зиёда аз 80% аз ҳаҷми содироти неруи барқ ба Афғонистон ва боқимонда 20%-аш – ба Ӯзбекистон рост меояд.

Қобили зикр аст, дар соли 2024 Тоҷикистон танҳо бо ду кишвари дар боло зикршуда дар бораи содироти барқ қарордод ба имзо расонидааст.

Бино ба маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, содироти барқ ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон сурат гирифта, содироти он ба Афғонистон инчунин дар мавсими тирамоҳу зимистон низ идома меёбад, лекин “танҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншооти зерсохтор”.

Раҳбарияти ширкат зикр карда буд, ки дар замони сардиҳо, вақте ки дар худи Тоҷикистон камбуди барқ эҳсос мешавад, интиқоли он ба Афғонистон 10 баробар – аз 400 Мвт то 40 Мвт коҳиш меёбад.

Қаблан зикр гардида буд. ки байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, дар он интиқоли барқ аз неругоҳи “Роғун” дар давраи то соли 2032 пешбинӣ шудааст. Содироти барқ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон яке аз шартҳои маблағгузории хориҷии лоиҳаи “Роғун” мебошад.

Реҷаи маҳдуд ё худ лимити интиқоли барқ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз охии моҳи сентябр оғоз гардида, маъмулан то моҳи апрел давом мекунад. Бекор шудани ин реҷа ба шароити мусоиди обуҳаво ва зиёд шудани маҷрои об дар дарёи Вахш вобаста аст.

Камбуди барқро дар мавсими тирамоҳу зимистони оянда ҳам дар Вазорати энергетика ва ҳам дар ширкатҳои электроэнергетикии ҷумҳурӣ аз эҳтимол дур намедонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.