Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд

Аз 16 то 18 октябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар баргузор мешаванд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, зимни чорабинӣ рӯзи 16-уми октябр дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” вохӯрии вазирони фарҳанги ду кишвар доир мегардад. Ҳамин рӯз дар майдони 800-солагии Маскав намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар […]

Asia-Plus

Аз 16 то 18 октябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар баргузор мешаванд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зимни чорабинӣ рӯзи 16-уми октябр дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” вохӯрии вазирони фарҳанги ду кишвар доир мегардад. Ҳамин рӯз дар майдони 800-солагии Маскав намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, маросими ифтитоҳи Рӯзҳо соати 17:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз мегардад.

Ду рӯзи минбаъда – 17 ва 18 октябр соати 18:30 барномаи фарҳангии аҳли ҳунари Давлати Қатар пешкаши тамошобинон мегардад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин рӯзи 17 октябр боздиди ҳайати иштирокчиён аз шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.