Вазорати фарҳанг беҳтарин асарҳои рассомони тоҷикро харидааст

Вазорати фарҳанги кишвар чанд асари рассомони тоҷикро харидорӣ кардааст. Ин асарҳо дар доираи як комиссияи хариди асарҳои рассомон, ки аз ҷониби худи вазорат таъсис ёфт, харидорӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Вале манбаъ нагуфт, ки ин вазорат чанд асари рассомони тоҷик ва бо чӣ арзише харидорӣ кардааст. Ба гуфтаи […]

Вазорати фарҳанги кишвар чанд асари рассомони тоҷикро харидорӣ кардааст. Ин асарҳо дар доираи як комиссияи хариди асарҳои рассомон, ки аз ҷониби худи вазорат таъсис ёфт, харидорӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Вале манбаъ нагуфт, ки ин вазорат чанд асари рассомони тоҷик ва бо чӣ арзише харидорӣ кардааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ба комиссияи хариди асарҳои рассомӣ, ки дар он намояндагони Академияи мусаввирон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии Тоҷикистон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон буданд, 89 асари эҷодии рассомӣ дар мавзуъҳои мухталиф пешниҳод гардид. 

Комиссияи харид 6-уми декабр ин асарҳоро аз назар гузаронида, ҳар яки онро баҳогузорӣ ва беҳтарин асарҳоро барои харид ба вазорати фарҳанг тавсия додааст.

“Бештари асарҳое, ки харидорӣ карда шуданд, натюрморт ва пейзаж буда, табиати Тоҷикистонро инъикос мекунанд. Ҳамчунин,  асарҳое буданд, ки ба фарҳанг, маданият ва урфу одатҳои халқи тоҷик нисбат доштанд”, – шарҳ доданд аз вазорат.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳамаи асарҳои харидоришуда мусаввараи рассомони касбӣ будаанд. Баъзе асарҳои донишҷӯён низ  ба комиссия пешниҳод шуда буданд, вале бинобар сабаби касбӣ набуданашон харидорӣ нагардиданд.

Хариди асарҳои рассомӣ дар Тоҷикистон ҳамасола пеш аз ҷамъбасти сол доир мегардад. Ҳадаф аз таъсиси Комиссияи мазкур ва маъракаи хариди асарҳои рассомӣ дастгирии рассомон ва қадршиносии ҳунари асил арзёбӣ мешавад.

Мусаввирони Тоҷикистон дар ҳама жанрҳои санъати тасвирӣ асарҳо офаридаанд, ки аксари онҳо дар хазинаи Осорхонаи миллӣ маҳфузанд. Дар фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 3 ҳазор мусаввара дар жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.