“10 соат дар як шабонарӯз”. Масъулин мегӯянд, реҷаи додани барқро танзим кардаанд, сокинон гуфтанд, “риоя намешавад”

Дар Тоҷикистон реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқро танзим кардаанд. Дар як шабонарӯз ба аҳолӣ бояд 10 соат барқ дода шавад. Вале сокинони кишвар ҳамоно аз бенизомии реҷаи барқ шикоят карда, мегӯянд, ки аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз хонаҳояшон равшан асту халос.   “Се соат бештар аз соли гузашта барқ дода мешавад” Эмомалӣ Раҳмон, раиси […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқро танзим кардаанд. Дар як шабонарӯз ба аҳолӣ бояд 10 соат барқ дода шавад. Вале сокинони кишвар ҳамоно аз бенизомии реҷаи барқ шикоят карда, мегӯянд, ки аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз хонаҳояшон равшан асту халос.

 

“Се соат бештар аз соли гузашта барқ дода мешавад”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябри соли ҷорӣ бо имзои як қарор Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар ниҳодҳои таъминкунандаи барқро вазифадор кард, то “реҷаи таъминот бо барқ барои аҳолӣ”-ро ба тартиб дароранд.

Масъулини ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Шабакаҳои тақсимоти барқ аллакай реҷаи интиқоли барқро ба танзим даровардааст ва мувофиқи ин реҷа, ба аҳолӣ дар як шабонарӯз бояд 10 соат: субҳ 3 соат (5:00 то 8:00) ва шом 7 соат (аз 16:00 то 23:00) барқ дода шавад.

Вале гуфтанд, ин реҷа доимӣ набуда, имкон дорад дар оянда боз ҳам каму зиёд шавад.

“Ҳоло нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аҳолӣ 3 соат зиёдтар бо нерӯи барқ таъмин ҳастанд (ҳамин шабу рӯзи соли 2023 нерӯи барқ 7 соат дода мешуд, – идора), вале ба гармиву сардии ҳаво нигариста, дар оянда боз реҷаи интиқоли нерӯи барқ кам ё зиёд мешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

 

Соли гузашта, Шабакаҳои тақсимоти барқ аз ниҳодҳои зертобеи худ талаб карда буд, ки аҳолиро дар як шабонарӯз бо 7 соат барқ таъмин кунанд. Вале он замон низ сокинон шикоят мекарданд, ки ин реҷа риоя намешавад ва масъулин "ҳар вақте хоҳанд барқ медиҳанд".

Шикояти сокинон: “аз 5 то 8 соат бо нерӯи барқ дорем”

Масъулин ҳарчанд иддао мекунанд, ки реҷаи таъмини нерӯи барқро ба танзим даровардаанд, вале мушоҳида нишон медиҳад, ки он дар музофот аз ҷониби кормандонашон риоя намешавад. Сокинони гуногуни музофоти кишвар, ба мисли шаҳру навоҳии Панҷакент, Айнӣ, Нуробод, Панҷ ва Фархор ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар як шабонарӯз аз 5 то 8 соат барқ доранду халос.

“Ҳоло намедонем, ки барқ кай рӯшан мешаваду боз кадом соат меравад. Ин бетанзимӣ боис шуд, ки яхдону телевизор ва дигар таҷҳизоти рӯзгорамон вайрон шаванд. Ман дар ҳама хонаам лампаҳои заряддор мондам, ки барқ равад ҳам, хона рӯшан монад, вале қувваи он ҳам басандагӣ намекунад. Маҷбурам, ки боз фонорик ва шамъ харам ва дар асри ХХ1 бо шеваи бобоӣ зиндагӣ кунам”, – гуфт як ҳамсӯҳбати мо аз Панҷакент.

Танҳо сокинони ҷамоатҳои Ёва, Унҷӣ, Ғозиён ва Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба шаҳри Хуҷанд наздик ҳастанд, тасдиқ карданд, ки дар як шабонарӯз 10 соат нерӯи барқ доранд.

Дар фасли сармо сокинони манотиқи Тоҷикистон асосан бо ангишту ҳезум ва ё таппак (саргини хушконидашудаи чорво) хонаҳои худро гарм мекунанд ва ҳоло бо оғози сардӣ талабот ба ин навъи сӯзишворӣ бештар гардидааст.

Аммо мушкили бебарқӣ дар шаҳрҳо, ба вижа дар пойтахти кишвар низ аҳолиро нигарон кардааст.

 

“Барои сарборӣ нашудан барқ дар пойтахт қатъ мешавад”

Сокинони Душанбе нигаронӣ мекунанд, ки аз оғози фасли зимистон дар шаҳри Душанбе ҳам "ғайрирасмӣ маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст". Аз ҷумла сокинони маҳаллаҳои Гулистон, Зарафшон, 102, 103 ва наздикии Боғи Ғалаба қариб ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки нерӯи барқ надоранд.

Аммо мақомоти масъул расман аз “лимит”-и барқ дар пойтахт хабар намедиҳанд ва аҳолиро огоҳ намекунанд, ки кадом соатҳо барқ қатъ мешавад.

Дар ин робита вақте аз Вазорати энергетика ва захираҳои об пурсидем, маҳдудияти интиқоли барқ дар шаҳри Душанберо рад карда, аммо гуфтанд, ки “дар ҳолати садама рух додан ё хатари садама пеш омадан, ки ба трансформаторҳо сарборӣ мешавад, нерӯи барқ чанд соат қатъ мешавад”.

 

Мушкили ҳарсолаи сокинони Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз моҳи сентябр то апрел дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Имсол аз 22-юми сентябр дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд.

“Барқи тоҷик” ҳамон замон аз аҳолӣ хост, ки “ба зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд”. Сабаби ин тасмимро ширкат “сол аз сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба барқ” унвон карда, гуфт, ки имкон дорад ба дарёи Вахш об камтар ояд.

Таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилҳои асосии Тоҷикистон аст. Қаблан масъулини Вазорати энергетика ва захораҳои оби кишвар ва “Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Сарфи назар аз камбуди барқ дар дохили кишвар, Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад. Ба иттилои Оҷонсии омори кишвар, дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 102,4 млн доллар нерӯи барқ интиқол ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.