Афзоиши идрорпулии президентӣ барои мактаббачаҳо ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо

Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯён аз 600 сомонии қаблӣ ба 840 сомонӣ расонида шуд. Дар ин бора фармони президенти кишвар рӯзи 29-уми ноябр ба имзо расидааст.   Беш аз 7, 5 ҳазор сомонӣ дар як соли таҳсил Ин стипендия ба 3 ҳазор хонандаи мактабу литсейҳо ва донишҷӯёни коллеҷҳои кишвар дода мешавад, ки “бо баҳои […]

Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯён аз 600 сомонии қаблӣ ба 840 сомонӣ расонида шуд. Дар ин бора фармони президенти кишвар рӯзи 29-уми ноябр ба имзо расидааст.

 

Беш аз 7, 5 ҳазор сомонӣ дар як соли таҳсил

Ин стипендия ба 3 ҳазор хонандаи мактабу литсейҳо ва донишҷӯёни коллеҷҳои кишвар дода мешавад, ки “бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъияти фаъолона иштирок менамоянд”.

Ҳамасола аз ҷониби масъулини шаҳру навоҳӣ озмун гузаронида шуда, гирандагони стипендия муайян мегарданд ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар чорабинии расмие шаҳодатномаи стипендиягирандаро тақдим мекунад.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки озмун шафоф мегузарад ва танҳо шахсони сазовор соҳиби идрорпулӣ мешаванд. Агар гирандаи стипендия дар раванди таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол набошад, метавонад аз он маҳрум карда шавад.

Маблағи стипендияи мазкурро ҳар сол Вазорат молияи Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷудо менамояд ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш давоми 9 моҳи соли таҳсил (ҳар моҳ 840 сомонӣ, дар 9 моҳ -7 ҳазору 560 сомонӣ) ба хонандагону донишҷӯён тақдим мекунад.

Яъне дар як соли таҳсил ба 3 ҳазор хонандаву донишҷӯй беш аз 22,6 млн сомонӣ идрорпулии президент дода мешавад.

 

Имтиёз дорад, агар…

Аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ба гирандагони стипендияи президентӣ, ки мехоҳанд ба донишгоҳҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ (ММТ) дохил шаванд, имтиёз дода мешавад.

“Агар довталабе, ки стипендияи президентӣ мегирад, ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорад, вале барои гузаштан ба ихтисос бали гузариш камӣ кунад, метавонад ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш муроҷиат намояд ва кумита дар доираи имконият кӯмак карда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бали гузариши иловагӣ гирифта, барои ба донишгоҳ дохил шудани гирандаи стипендияи президентӣ мусоидат мекунад”, – гуфтанд масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

 

Чӣ гуна стипендияи президентӣ 600 сомонӣ афзуд?​​​​​​​

Бояд гуфт, ки стипендияи президентӣ соли 1998 таъсис дода шудааст ва он замон ба 300 хонандау донишҷӯй 240 сомонӣ идрорпулӣ дода мешуд

Баъдан маблағи стипендия марҳила ба марҳила зиёд гардида, дар доираи эълони намудани соли 2017 – Соли ҷавонон теъдоди стипендия ба 400 адад расонида шуд.

Аз 1-уми сентябри соли 2021 бо фармони сарвари давлат теъдоди гирандагони стипендия ба 3000 адад ва ҳаҷми маблағи он барои ҳар гирандаи стипендия дар як моҳи соли таҳсил ба 500 сомонӣ расонида шуд.

Дар соли таҳсили 2022 – 2023 ҳаҷми маблағи стипендияи президентӣ ба 600 сомонӣ расонида шуд ва акнун он ба 840 сомонӣ расид.

Ёдовар мешавем, ки ғайр аз стипендияи президентӣ, ҳоло коллеҷ, донишкада ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳам ба донишҷӯёнашон стипендия медиҳанд: се навъ – олӣ, миёна ва паст, ки маблағи он гуногун аст.

“Азия-Плюс” дар як матлаби таҳлилӣ маълум кард, ки ин идрорпулиҳо барои хароҷоти донишҷӯй кифоят мекунад ё не.

Маълум шуд, ки манбаи “даромад”-и асосии донишҷӯй, албатта, оила аст. Дар ҳамин ҳол, донишҷӯёне низ кам нестанд, ки пас аз дарс ва гоҳо шабона кор мекунанд. Аз ин ҳисоб ҳам даромади онҳо гуногун аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.