Думаи давлатӣ тарҳеро пазируфт, ки имкон медиҳад Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун шаванд

Думаи давлатии Русия дар хониши аввал тарҳеро қабул кард, ки имкон фароҳам меорад, Толибон* аз рӯйхати террористон дар ин кишвар берун шаванд. Шурӯъ аз тобистони соли равон мақомоти Русия кушиш доранд, ин гуруҳро аз сафи созмонҳои терорристӣ берун кунанд.  Ба иттилои хабаргузории ТАСС вакилони Думаи давлатии ин кишвар лоиҳаи қонун дар бораи механизми муваққатан боздоштани манъи […]

Asia-Plus, аз рӯи маводи расонаҳо

Думаи давлатии Русия дар хониши аввал тарҳеро қабул кард, ки имкон фароҳам меорад, Толибон* аз рӯйхати террористон дар ин кишвар берун шаванд. Шурӯъ аз тобистони соли равон мақомоти Русия кушиш доранд, ин гуруҳро аз сафи созмонҳои терорристӣ берун кунанд. 

Ба иттилои хабаргузории ТАСС вакилони Думаи давлатии ин кишвар лоиҳаи қонун дар бораи механизми муваққатан боздоштани манъи фаъолияти созмонҳои шомил ба феҳристи созмонҳои террористиро қабул карданд. Ин санад аз ҷониби гурӯҳи вакилон ва сенаторҳо дар моҳи ноябр пешниҳод шуда буд. 

Мувофиқи меъёрҳои нав, манъи фаъолияти созмон, аз ҷумла хориҷӣ ё байнулмилалӣ, ки дар Русия террористӣ эътироф шудааст, метавонад бо қарори додгоҳ бар асоси пешниҳоди додистони кул боздошта мешавад.

Ин дар ҳолатҳое имконпазир мешавад, ки дар бораи қатъи фаъолияти таблиғотӣ, сафедкунӣ ё дастгирии терроризм аз ҷониби созмон далелҳои воқеӣ мавҷуд бошанд ё созмон ба ҷиноятҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Русия даст назада бошад.

Қарори додгоҳ дар бораи муваққатан боздоштани манъи фаъолият дар муддати 5 рӯз пас аз эътибор пайдо карданаш, барои ворид намудани тағйипрот ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ба Хадамоти федералии амният (ФСБ) фиристода мешавад.

Ба гуфтаи Леонид Слутский, вакили Думаи давлатӣ ва раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) меъёрҳои нав, аз ҷумла барои таъмин намудани ҳамкории қонунӣ бо ҳаракати "Толибон" (дар Русия мамнӯъ) пешбинӣ шудаанд.

Дар лоиҳаи қонун инчунин зикр шудааст, ки агар дар бораи барқарор шудани фаъолияти таблиғотӣ, сафедкунӣ ва дастгирии терроризм ё содир кардани ҷиноятҳои марбут маълумот пайдо шавад, қарори боздошти муваққатии манъи фаъолият метавонад бекор гардад.

Ба Кодекси мурофиавии маъмурии Русия ва қонун «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (шустушӯи) даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм» низ тағйирот ворид карда мешаванд.

Тавре ки The Insider менависад, воситаҳои молии созмонҳое, ки аз рӯйхати террористӣ хориҷ шудаанд, низ таҳти назорати ҳатмии бонкҳо ва хадамоти махсус дода мешаванд.

Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, амалиёт бо маблағҳо ё дигар молу мулк дар ҳолате таҳти назорати ҳатмӣ қарор мегирад, ки  агар яке аз тарафҳо созмон ё шахси воқеие бошад, ки дар бораи дохил шуданаш ба рӯйхати созмонҳо ва шахсони алоқаманд ба фаъолияти ифротгароӣ (экстремистӣ) ё терроризм, маълумот мавҷуд бошад.

Назорат тибқи қонун аз ҷониби бонкҳо амалӣ мешавад, ки дар сурати анҷоми интиқолҳои шубҳанок бояд қонунӣ будани манбаи маблағҳоро дархост кунанд. Мувофиқи лоиҳаи қонуни нав, ин назорат дар сурати қабул шудани қарори додгоҳ дар бораи «муваққатан боздоштани манъи фаъолият» бекор мешавад ва дар ҳолати бекор шудани ин қарор, дубора барқарор мегардад.

Ҳаракати «Толибон» дар Русия соли 2003 ҳамчун созмони террористӣ эътироф шуд. То имрӯз танҳо мақомоти Қазоқистон ва Қирғизистон «Толибон»-ро аз рӯйхати манъшуда хориҷ кардаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.