Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод мекунад

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) низ рӯзи 25-уми декабр анҷумани навбатии худро баргузор мекунад. Дар ин бора аз ин ҳизб ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, дар анҷуман масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда, ширкати номзадҳо ба он ва фаъолияти панҷсолаи ҳизб баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, чорабинӣ бо ширкати намояндагони ҳизб соати 10:00 дар толори […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) низ рӯзи 25-уми декабр анҷумани навбатии худро баргузор мекунад. Дар ин бора аз ин ҳизб ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, дар анҷуман масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда, ширкати номзадҳо ба он ва фаъолияти панҷсолаи ҳизб баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, чорабинӣ бо ширкати намояндагони ҳизб соати 10:00 дар толори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ҲИИТ  соли 2005 таъсис ёфта, ҳоло роҳбарии онро Ғиёсиддин Ашӯрзода ба уҳда дорад. Ин ҳизб аз соли 2005 дар фазои сиёсии Тоҷикистон ҳузур дорад. Тибқи иттилои роҳбари ҳизб, айни ҳол ин ҳизб 33 ҳазор аъзо дорад.

Ҳоло 5 узви ҲИИТ вакили парлумон ҳастанд. Ин имкон додааст, ки ин ҳизб дар парлумон фраксияи худро ташкил кунад.

Аммо коршиносони мустақил, ин ҳизбро яке аз ҳизбҳои дигари “киссагӣ” дар Тоҷикистон медонанд, ки дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонад.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол танҳо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 28 номзади худро ба интихоботи парлумонии кишвар пешниҳод кардаст.

Ҳизбҳои дигар, аз ҷумла ҲДТ ва ҲАТ гуфтанд, ки дар анҷумани навбатии худ номзадҳоро пешниҳод хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.