Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Тибет ба 126 кас расид. Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин изҳори тасаллӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикитсон ба Си Ҷинпин, президенти Чин дар робита ба ҷон бохтани даҳҳо шаҳрванди Чин дар пайи як заминларза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кардааст. Тибқи маълумоти охирин, то ҳол бар асари ин ҳодиса 126 кас ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар осеб бардоштаанд. Тавре ки хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон шоми 7-уми январ хабар дод, Эмомалӣ […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикитсон ба Си Ҷинпин, президенти Чин дар робита ба ҷон бохтани даҳҳо шаҳрванди Чин дар пайи як заминларза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кардааст. Тибқи маълумоти охирин, то ҳол бар асари ин ҳодиса 126 кас ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар осеб бардоштаанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон шоми 7-уми январ хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ ба раисҷумҳури Чин гуфтааст, ки хабари фавт ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон, ҳамзамон хисороти сершумор ба бинову иншоот дар навоҳии ҷанубу ғарбии Чин бар асари заминларза ӯро андӯҳгин кардааст.

Дар робита ба ин раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои чинии худ ва ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин, ба мардуми Чин ҳамдардӣбаён карда, барои осебдидагон шифои комил хостааст.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ҳам дар робита ба ин ҳодиса ба Чжао Летсзи, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин номаи тасаллӣ ирсол кардааст.

Дар нома зикр мешавад, ки хабари заминларза  “боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.

“Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии самимии ҷониби моро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти Чин иброз дошта, ба пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам”,-омадааст дар барқия.

Ёдрас мешавем, ки заминларзаи 6,8 балла дар минтақаи мухтори Тибети Чин дирӯз, 7-уми январ, бо шиддати 6,8 балл рух дод. Дар пайи он, тибқи иттилои расонаҳои ин кишвар, то бегоҳи рӯзи гузашта шумораи ҷонбохтаҳо ба 126 нафар ва теъдоди маҷруҳон ба 188 нафар расида буд.

Дар радиуси 20 километр аз маркази заминларза 27 деҳа ҷойгир буда, ҳудуди 6900 нафар зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи мақомоти Шигатсе, беш аз 3600 хона фурӯ рехт, 407 нафар дар зери харобаҳо монда наҷот дода шуданд ва беш аз 30 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Ҷустуҷӯи афроде, ки дар зери харобаҳо мондаанд, идома дорад. Наҷотдиҳандагон саъй доранд, ба зудӣ барои наҷотёфтагон хайма бисозанд, зеро пешгӯӣ мешавад, ки ҳарорати ҳаво дар ин минтақа то 17 дараҷа сард шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.