Ҳалокати 4 кас ва тақрибан 10 млн сомонӣ зарар. Хисороти сӯхторҳо дар Суғд дар соли гузашта

Дар вилояти Суғд давоми соли гузашта 439 сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 4 кас фавтида, зарари молии расида наздикӣ 9,5 млн сомониро ташкил додааст. Дар ин бора Баҳромҷон Бобоҷонзода, масъули Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дод. Номбурда гуфт, дар натиҷаи ин сӯхторҳо ҳамчунин 6 нафар ҷароҳат бардоштанд. Шумораи фавти сокинон дар пайи ҳодисаҳои сӯхтор дар […]

Дар вилояти Суғд давоми соли гузашта 439 сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 4 кас фавтида, зарари молии расида наздикӣ 9,5 млн сомониро ташкил додааст. Дар ин бора Баҳромҷон Бобоҷонзода, масъули Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, дар натиҷаи ин сӯхторҳо ҳамчунин 6 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Шумораи фавти сокинон дар пайи ҳодисаҳои сӯхтор дар соли гузашта ҳам 4 нафар ва шумораи ҷароҳатбардоштагон 7 кас буд.

Инчунин дар натиҷаи сӯхторҳо дар соли гузашта назики 9,4 млн сомонӣ зарари моддӣ расидааст.

“Таҳлилҳо нишон дод, ки сабабу омилҳои асосии сӯхтор беэҳтиётии сокинон нисбати истифодаи таҷҳизоти барқӣ, печҳои худсохт, газ, расиши кӯтоҳи барқ, таҷҳизоти оташдонҳо, рафтори беэҳтиётона бо оташ мебошад”-гуфт Баҳромҷон Бобоҷонзода.

Номбурда аз шаҳрвандон даъват кард, ки дар истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд ва пеш аз ба кор баромадан таҷҳизоти барқиро хомӯш кунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар вилояти Суғд 460 сӯхтор рух дода, 4 нафар ҳалок ва 7 тани дигар захмӣ шуда буданд. Хосороти сӯхтор беш аз 20 миллион сомонӣ ва маблағи эминмонда 30 миллион сомонӣ гуфта мешуд.

Ҳамасола дар кишвар садҳо ҳодисаи нохӯши сухтор рух медиҳад, ки дар натиҷаи он чанд нафар ба ҳалокат расида, молу ашёи зиёди мардум ба коми оташ меравад. Мақомот аксаран сабаби сӯхторро расиши сим ё аз беэҳтиётии худи сокинон унвон мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.