Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор

Мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар ошкор кардани ду ҷинояти куштор дар шаҳри Ваҳдат 200 ҳазор сомонӣ мукофот эълон кардаанд. Дар ин бора рӯзи 11-уми январ саҳифаи “Ахбори ВКД” дар Телеграм хабар дода, навишт, ки Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ба сокинони кишвар муроҷиат кардааст, то дар ошкор кардани ду ҷиноят мусоидат кунанд. Дар ин муроҷиат аз ду куштор […]

Мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар ошкор кардани ду ҷинояти куштор дар шаҳри Ваҳдат 200 ҳазор сомонӣ мукофот эълон кардаанд.

Дар ин бора рӯзи 11-уми январ саҳифаи “Ахбори ВКД” дар Телеграм хабар дода, навишт, ки Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ба сокинони кишвар муроҷиат кардааст, то дар ошкор кардани ду ҷиноят мусоидат кунанд.

Дар ин муроҷиат аз ду куштор хабар дода мешавад, ки даҳаи аввали моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат рух додаанд. Ҳодисаи якум рӯзи 5-уми декабр ба вуқуъ омада, дар он Олимов Тоҷиддин, як сокини деҳаи Баҳористон шаҳри Ваҳдат кушта шудааст.

Ҳолати дуюм шаби 6-ум ба 7-уми декабр ба қайд гирифта шудааст, ки гуфта мешавад, Ҳаётов Маҳмадалӣ, сокини деҳаи Бонғураи шаҳри Ваҳдат кушта шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, махфӣ нигоҳ доштани шахсияти нафарони мусоидаткунанда ва таъмини амнияти шахсии онҳо кафолат дода мешавад.

Мақомот барои тамос рақамҳои +992 918-63-33-50 тариқи телефону паёмрасони Ватсап ва почтаи электронии [email protected]ро гузоштаанд.

Мақомот ҷузъиёти дигари ин ҳодисаҳоро ошкор накардаанд. Маълум ҳам нест, ки ин воқеаҳо чӣ гуна рух додаанд.

Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД дар муроҷиати худ гуфтааст, мукофотпулӣ ба нафароне дода мешавад, ки барои муайян кардани ҳолатҳо ва боздошти гумонбарон маълумоти боэътимод пешниҳод мекунанд. Вале аз ҳеҷ гумонбаре дар ин муроҷиат ном бурда намешавад.

Ёдрас мешавем, ин бори аввал нест, ки мақомот барои дарёфт ва ошкор кардани ҷиноятҳо мукофотпулӣ эълон мекунанд. Моҳи январи соли 2024 пас аз ҳодисаи ҳамла ба ронандаи таксии ширкати “Як такси” дар Душанбе мақомот баъди шаш моҳи ҷустуҷӯи гумонбар барои дарёфт ва иттилоъ дар бораи ӯ 100 ҳазор сомонӣ мукофот эълон кард. Баъди ду ҳафтаи ваъдаи маблағ мақомот аз боздошти гумонбари ҳодиса хабар доданд. Вале нагуфтанд, ки дар пайдо намудани Ғозиев шаҳрвандони кумак кардаанд ё не.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.