Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзо чанд фармон раисони як қатор шаҳру навоҳии кишварро аз вазиф озод ва ба ҷои онҳо нафарони дигарро таъин кард. Аз ҷумла, бо фармони президент, Умед Гуреззода, аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ озод ва ба ҷои Тоҷиддин Саидзода раиси ноҳияи Сино таъин шуд. Саидзода ҳафтаи гузашта, ба курсии муовини якуми […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзо чанд фармон раисони як қатор шаҳру навоҳии кишварро аз вазиф озод ва ба ҷои онҳо нафарони дигарро таъин кард. Аз ҷумла, бо фармони президент, Умед Гуреззода, аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ озод ва ба ҷои Тоҷиддин Саидзода раиси ноҳияи Сино таъин шуд. Саидзода ҳафтаи гузашта, ба курсии муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент нишаста буд. Ба курсии Гуреззода, Дилшод Сафарзода, ки то ин дам муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд, такя зад.

Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент, Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ то имрӯз раиси шаҳри Ёвон буд ва ба курсии Ҷамшед Табарзода, ки чанде пеш раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нишаст.

Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳур Икромиддин Вализода, ки то ин дам раиси ноҳияи Кӯшониён буд, аз вазифа озод ва ба ҷои Бахтиёр Шарифӣ иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ёвон таъин шудааст. Ба ҷои вай, Маҳмадшариф Холзода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Кӯшониён шудааст.

Ба ҷои Сафармаҳмад Раҳимзода, ки то ин вақт раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд, Маҳмуд Амирзода, ки то ин дам сардори раёсати рушди инфрасохтори дастгоҳи иҷроияи президент буд, иҷрокунандаи раиси ин ноҳия шудааст. Сафармаҳмад Раҳимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазиф озод шудааст. Ба чӣ мақом таъин шудааст ҳоло аниқ не.

Бо қарору амрҳои дигар, Исфандиёр Шукурзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Камолиддин Муминзод, муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон таъин шуданд. Камолиддин Муминзод чанд ҳафта пеш аз вазифаи раиси кумитаи рушди сайёҳӣ озод шуда буд.

Ҳамчунин, Илҳом Абдураҳмон сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ҳамзамон сафир дар Гурҷистон ва Луқмон Бобокалонзода, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон ҳамзамон сафир дар Малдив таъин шудаанд.

Бо мувофиқа бо президент, Муслима Афзалшо, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) таъин шуд.

Ҳамчунин, номзади чанде аз додрасҳо барои таъин ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, дар назди кадрҳои навтаъин вазифаҳои мушаххас гузоштааст.

“Ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар ҳамеша бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад ва вазифаҳои хидматии худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва содиқонаю софдилона иҷро намоянд”, – таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Маъмулан, Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи ҳар сол, баъди баргузории маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат ба тағийроти кадрӣ дар ҳукумат даст мезанад. Давоми як ҳафтаи охир, аввал вазири меҳнату муҳоҷират, раисони додгоҳи олӣ,  оҷонсии нафақа, кумитаи телевизион ва радио ва чанд мансадори дигар аз вазиф озод ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд.

Ҳамчунин, чанд рӯзе пеш, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қатор амру фармонҳо вазирону раисони “дарозумр”-и тоҷикро аз вазифа озод кард. Онҳо кистанд ва ҷомеа аз чеҳраҳои нав чӣ интизориҳо доранд, дар матолиби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.