Дар Душанбе “Боғи дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон бунёд мешавад

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе “Боғи Дӯстӣ” бунёд мекунанд. Ба иттилои Телеграм-канали Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон, барои амалисозии ин лоиҳа ҳафтаи гузашта як ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии директори Агентии рушди саноати кишоварзӣ аз пойтахти Тоҷикистон боздид кардаанд. Дар ҷараёни сафар ин ҳайат бо муовини аввали взаири кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода дидору гуфтушунид карда, дар рафти он марҳилаҳои […]

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе “Боғи Дӯстӣ” бунёд мекунанд. Ба иттилои Телеграм-канали Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон, барои амалисозии ин лоиҳа ҳафтаи гузашта як ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии директори Агентии рушди саноати кишоварзӣ аз пойтахти Тоҷикистон боздид кардаанд.

Дар ҷараёни сафар ин ҳайат бо муовини аввали взаири кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода дидору гуфтушунид карда, дар рафти он марҳилаҳои асосии татбиқи лоиҳаи “Боғи дӯстӣ” дар Душанбе муайян карда шудаанд.

Зимни вохӯрӣ намояндагони ҳарду тараф аз қитъаи замини ҷудошуда барои бунёди боғ бозидид намуда, вазъи хок ва шароити бо об таъмин кардани онро мавриди таҳлилу санҷиш қарор додааанд ва ҳамчунин нақшаи амалҳои минбаъдаро тасдиқ намудаанд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид ба корҳои лоиҳа оғоз бахшида шуда, амалисозии он шурӯъ шуд.

Барои амалисозии муваффақонаи лоиҳа системаи обёрии қатрагӣ ҷорӣ мешавад, ки ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва беҳбуди нашъунамои растаниҳо имкон медиҳад.

Дар доираи корҳо ниҳолҳои интихобшудаи дарахтони мевадор, ки ба иқлими маҳаллӣ мутобиқанд, аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Хоки қитъа ҳамаҷониба омода мешавад, аз ҷумла он бо нуриҳои минералӣ ғизо дода мешавад, то ки ҳосилнокии он барои гирифтани ҳосили хуб баланд бардошта шавад.

Инфрасохтори боғ бунёд мегардад, ки нақшаи системаи обёрӣ, насби механизмҳои муҳофизатӣ ва ташкили корҳои шинондани ниҳолҳоро дар бар мегирад. Ҳамчунин, барои мубодилаи дониш бо кишоварзони тоҷик ҷалби мутахассисони ботаҷриба аз Ӯзбекистон ва дастгирии агрономӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, мубодилаи технологияҳо ва анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак ба мувофиқа расиданд. Дар оянда имкони татбиқи лоиҳаҳои наве мавҷуд аст, ки ба рушди бахши кишоварзӣ ва беҳбуди вазъи экологӣ равона мешаванд.

Ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки «Боғи дӯстӣ» на танҳо як лоиҳаи муҳими экологӣ, балки рамзи дӯстӣ ва ҳамкории чандинсолаи ду халқи бародар низ мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.