Соли гузашта додгоҳҳои Русия қариб 90 ҳазор хориҷиро маҷбуран ихроҷ кардаанд

Соли гузашта додгоҳҳои Русия теъдоди рекордии хориҷиён – қариб 90 ҳазор нафарро иҷборан ихроҷ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба Дмитрий Арестов, директори Хадамоти федералии судиҷрочиёни Русия хабар додааст. “Соли 2024 зиёда аз 87 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ  аз ҳудуди Русия ба 66 кишвари хориҷӣ ихроҷ карда шуданд, ки қариб 2 баробар […]

Соли гузашта додгоҳҳои Русия теъдоди рекордии хориҷиён – қариб 90 ҳазор нафарро иҷборан ихроҷ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба Дмитрий Арестов, директори Хадамоти федералии судиҷрочиёни Русия хабар додааст.

“Соли 2024 зиёда аз 87 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ  аз ҳудуди Русия ба 66 кишвари хориҷӣ ихроҷ карда шуданд, ки қариб 2 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2023 (он замон 44 ҳазор нафар ба 60 кишвар) аст”, – гуфтааст ӯ.

Қисми зиёди хориҷиён маҷбурӣ ва аксаран ба кишварҳои ИДМ Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ихроҷ шудаанд. Илова бар ин, қисме ба Куба, Ветнам, Судон, Чин, Миср ва дигар кишварҳо ихроҷ шудаанд.

Дар Хадамот аз як маврид мисол овардаанд, ки дар он 6 зани шаҳрванди Нигерия, ки ба фоҳишагӣ машғул буданд, аз вилоятҳои Свердловск, Саратов ва Тюмен хориҷ карда шуданд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар соли гузашта иҷрочиёни додгоҳҳо аз Маскав 18 ҳазор, аз Санкт-Петербург – 8 ҳазор, аз вилояти Маскав – 5,2 ҳазор ва аз минтақаи Краснодар – 2,2 ҳазор хориҷиро ихроҷ кардаанд.

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал дар Душанбе изҳор намуд, ки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта аз Русия ихроҷ шудаанд, то 30 ҳазор нафар расид. Мавридҳои хеле зиёд шудани ихроҷ пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 марти соли 2024 оғоз шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.