“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико

Дирӯз, 18-уми феврал Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз анҷоми музокироти намояндагони ИМА ва Русия дар Риёзи арабисти Саудӣ дар нишасти хабарӣ дар Флорида дар посух ба интиқоди Владимир Зеленский аз ин нишаст, гуфтааст, “Киев барои худдорӣ аз ҳамлаи Маскав бояд се сол пеш бо Русия созиш мекард”. Мавзуҳои асосии ин мулоқот, ки наздики 5 соат […]

Asia-Plus, бо истифода аз маводи расонаҳо

Дирӯз, 18-уми феврал Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз анҷоми музокироти намояндагони ИМА ва Русия дар Риёзи арабисти Саудӣ дар нишасти хабарӣ дар Флорида дар посух ба интиқоди Владимир Зеленский аз ин нишаст, гуфтааст, “Киев барои худдорӣ аз ҳамлаи Маскав бояд се сол пеш бо Русия созиш мекард”.

Мавзуҳои асосии ин мулоқот, ки наздики 5 соат давом кард, масъалаи ҷанг дар Укроин, муносибатҳои Русияву Амрико ва фароҳам кардани вохӯрии Владимир Путин бо Доналд Трамп буд. Ин аввалин мулоқоти рӯбарӯи намояндагони ду кишвар пас аз оғози ҷанг дар Укроин аст.

Дар ин музокирот, Русияро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳур ва Кирилл Дмитриев намояндагӣ карданд. Аз ҷониби Амрико Марко Рубио, вазири хориҷа, Ҷон Рэтклиф, раиси Хадамоти марказии истихборот, Майк Уолтс, мушовири амнияти миллӣ ва Стив Уиткоф, фиристодаи махсуси ин кишвар дар Ховари Миёна иштирок доштанд.

Марко Рубио ин мулоқотро мусбат, аммо оғози як роҳи душвор тавсиф кардааст. Ӯ баъди музокирот ба хабарнигорон гуфтааст, ки ин дидор аввалин қадам дар як сафари тӯлонӣ ва душвор аст. Ба гуфтаи Марко Рубио, ҳадафи музокираи мустақим бо Русия ба таври одилона ва пойдор поён додани ҷанг дар Укроин аст.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Сергей Лавров гуфтааст, пайвастани Украина ба НАТО ё ҳузури нерӯҳои аврупоӣ дар қолаби НАТО дар хоки Укроин барои Маскав қобили қабул нест.

Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия низ гуфтааст, ки мулоқот хуб гузашт.

Ба гуфтаи ӯ, мулоқот “хеле ҷиддӣ” сурат гирифта, тарафҳо мувофиқа кардаанд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи музокиракунанда ташкил дода, вазъият дар Укроинро дар вақти муайян баррасӣ кунанд.

Вай илова кардааст, ки дар ҳайати музокиракунандаи Русия кӣ хоҳад буд ва кай дар ин маврид тамосҳо оғоз мешаванд, раисҷумҳур Путин тасмим мегирад.

Дар ҳамин ҳол, Ушаков дар бораи мулоқоти эҳтимолии раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Амрико гуфтааст, ки дар ин бора бо намояндаҳои тарафи дигар ҳарф задаанд, аммо дар гумон аст ин мулоқот ҳафтаи оянда баргузор шавад.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, аз баргузории музокирот миёни Амрико ва Русия бе ҳузури Украина интиқод карда, сафари худро ба Арабистони Саудиро, ки қарор буд имрӯз, 19-уми феврал анҷом шавад, барои се ҳафта тамдид кардааст.

Ӯ гуфтааст, "мо намехоҳем, ки касе бе мо барои мо тасмим бигирад… бидуни Укроин ҳеҷ тасмиме наметавон барои поён додан ба ҷанг дар Укроин гирифт".

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп дар вокуниш ба интиқоди Владимир Зеленский дар мавриди ҳузур надоштани намояндагони Украина дар музокироти Риёз худи ӯро гунаҳкор дониста, зикр кардааст, ки “онҳо се сол вақт доштанд ва муддати тӯлонӣ  пеш аз он ҳам буд,  метавонистанд масъаларо осон ҳал кунанд”.

Доналд Трамп ҳамчунин иддао кардааст, ки “агар ӯ президенти ИМА буд, ин ҷанг ҳеҷ гоҳ рух намедод”.

Ӯ гуфтааст, дар Украина бояд интихобот баргузор шавад ва ӯ ба ҷойгир кардани қувваҳои НАТО дар Украина дар сурати вуҷуд доштани созишномаи сулҳ мухолиф нест.

"Ин дигар мавзӯе нест, ки Русия бигӯяд, балки ҳарфи ман аст ва хеле аз кишварҳои дигар ҳам мегӯянд", – гуфтааст Доналд Трамп.

Пас аз оғози ҷанги Укроин, Амрико пуштибони аслии ин кишвар дар задухӯрд бо Русия буд. Дар се соли ҷанг ин кишвар бо сарфи миллиардҳо доллар аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ ва сармоягузории мустақим кардааст.

Вале бо омадани Доналд Трамп ба курсии президентӣ дар ин кишвар сиёсати Амрико дар қибол ё бархурд ба ин ҷанг тағйир ёфт. Доналд Трамп сиёсати президенти собиқро дар  робита ба Кроин интиқод карда, гуфтааст, ки бар ивази кӯмакҳои молӣ ва низомии ҳангуфт ба Укроин ба коркарди захираҳои маъдани ин кишвар даст ёбад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.