Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха

Ҷӯрабеки Мелиқул, сокини 19-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамагӣ 13-рӯз пеш аз зиндон ба озодӣ баромада буд, дубора бо гумони дуздӣ аз ҷониби пулиси Душанбе дастгир шудааст. Ӯ қаблан ҳам бо ҷурми дуздӣ адои ҷазо мекард. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, тафтишоти пешакӣ 7 далели даст доштани […]

Ҷӯрабеки Мелиқул, сокини 19-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамагӣ 13-рӯз пеш аз зиндон ба озодӣ баромада буд, дубора бо гумони дуздӣ аз ҷониби пулиси Душанбе дастгир шудааст. Ӯ қаблан ҳам бо ҷурми дуздӣ адои ҷазо мекард. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, тафтишоти пешакӣ 7 далели даст доштани Ҷӯрабеки Мелиқулро дар ҷиноятҳои дуздӣ муайян кардааст.

“Гумонбаршаванда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ телефонҳои мобилӣ, дучарха ва дигар ашёҳои арзишманди шаҳрвандонро дуздида, аз фурӯши он маблағ ба даст меовард”, – менависад РВКД дар Душанбе.

Ҳоло гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, оид ба кирдорҳои ҷиноятии ӯ тафтишот идома дорад. Маълум нест, ки бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст ё не.

Зимнан, моддаи 244, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ, ки ҷазои дуздии такрориро пешбинӣ мекунад, аз 75 ҳазор то 150 ҳазор сомонӣ (аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима ё аз 2 то 5 соли ҳабс пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки хабари ба дуздӣ даст задани ҷавонон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад, вале иттилои баъди зиндон дубора ба дуздӣ даст задан аз хабарҳоест, ки камтар расонаӣ мегардад.

Як пажӯҳиш нишон додааст, ки маҳбусони собиқ бинобар сабаби бо ҷойи кор таъмин нашудан дигарбора даст ба ҷиноят мезананд. Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин вазъ метавонад онҳоро барои дигарбора содир кардани ҷиноятҳо водор созад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.