Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад

Аз 17 то 20 апрел дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор дар назар аст – дар минтақаҳои гуногуни кишвар боридани борону жола ва раъду барқ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд. Ҳарорат поин рафта, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кишвар суръати вазидани шамол то 25 м/сония пурзӯр мешавад. Баъзан фаромадани туман, чангу […]

Аз 17 то 20 апрел дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор дар назар аст – дар минтақаҳои гуногуни кишвар боридани борону жола ва раъду барқ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҳарорат поин рафта, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кишвар суръати вазидани шамол то 25 м/сония пурзӯр мешавад. Баъзан фаромадани туман, чангу ғубор ва дар кӯҳҳо боридани барф аз эҳтимол дур нест.

Вилояти Хатлон

Дар ин минтақа ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, аз 17 то 19 апрел боридани борону жола ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Рӯзҳои 18-19 апрел боришот шиддат меёбад. Шамол аз самти ғарб мевазад, суръаташ баъзан то 20 м/с. Рӯзи 17 апрел фаромадани туман ва чангу ғубор эҳтимол дорад.

Ҳарорат дар водиҳо шабона +14…+19°C, аз 18 апрел то +8…+13°C поин меравад. Рӯзона — аз +27…+32°C, сипас поинравӣ то +15…+20°C. Дар доманакӯҳҳо низ ҳарорат ҳамин гуна поин меравад.

Вилояти Суғд

Обуҳавои абрноки тағйирёбанда. Дар ноҳияҳои ҷудогона боронҳои кӯтоҳмуддат, 17–18 апрел — баъзан раъду барқ ва жола. Дар баландии зиёда аз 2000 метр дар кӯҳҳо рӯзи 19 апрел боридани барф аз эҳтимол дур нест. Суръати шамол баъзан то 20 м/с пурзӯр мешавад.

Ҳарорат дар водиҳо шабона +11…+16°C, аз 19 апрел — то +4…+9°C. Рӯзона — аз +17…+22°C, 18 апрел — то +12…+17°C. Дар кӯҳҳо шабона то -1…-3°C, рӯзона +12…+17°C, рӯзҳои истироҳат ҳарорат поин меравад.

Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ)

Рӯзи 17 апрел дар водиҳо шомгоҳон ва давоми рӯзҳои 18-19 апрел борон меборад, 20 апрел — бидуни боришот. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ низ боришот дар назар аст, 19 апрел дар баландии беш аз 2000 метр  — барф меборад.

Ҳарорат дар водиҳо шабона +13…+18°C, рӯзҳои истироҳат — то +7…+12°C. Рӯзона — аз +25…+30°C, сипас поинравии ҳарорат то +12…+17°C. Дар кӯҳҳо шабона то +3°C, рӯзона +10…+15°C.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)

Дар ғарби минтақа — боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ, 18 апрел — баъзан пуршиддат. Дар ноҳияҳои шарқи вилоят борону барф дар назар аст, 19–20 апрел боришот шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб то 25 м/с.

Ҳарорат дар ғарби ВМКБ: шабона +4…+13°C, рӯзона то +25°C, сипас ҳарорат то +10…+15°C поин меравад. Дар шарқи вилоят: шабона то -6°C, рӯзона +7…+12°C, бо поинравии ҳарорат то -2…+3°C.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.