“Dushanbe Grand Slam 2025”. 5 медали варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқот

Дар рӯзи якуми мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” ё “Dushanbe Grand Slam 2025” ҷудокорони тоҷик 5 медал, 1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Ин мусобиқа дирӯз, 2-юми май оғоз шуд ва дар рӯзи аввал 14 паҳлавони тоҷик, 8 мард ва 6 зан куштӣ гирифтанд. Аввалин медали тиллоро Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори номдори тоҷик […]

Дар рӯзи якуми мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” ё “Dushanbe Grand Slam 2025” ҷудокорони тоҷик 5 медал, 1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Ин мусобиқа дирӯз, 2-юми май оғоз шуд ва дар рӯзи аввал 14 паҳлавони тоҷик, 8 мард ва 6 зан куштӣ гирифтанд.

Аввалин медали тиллоро Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори номдори тоҷик дар вазни то 66 кг ба даст овард. Ӯ дар финал бо Обид Ҷебов, ҷудокори дигари тоҷик рақобат кард ва бо имтиёзи иппон Ҷебовро шикаст дода, соҳиби нишони тилло шуд. Ҳамин тариққ, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг соҳиби медали нуқра гардид.

Инчунин, Меҳрзод Суфиев, паҳлавони Тоҷикистон дар финал бо Балабай Ағаев аз Озарбойҷон нерӯсанҷӣ карда, ноком шуд ва соҳиби нишони нуқра гардид. Дар ҳамин вазн барои нишони биринҷӣ Муҳаммадсолеҳ Қувватов бо Максим Мерлини фаронсавӣ шикаст хӯрда, бемедал монд. Соли гузашта дар мусобқаи Гранд Слами Душанбе Қувватов соҳиби медали тилло шуда буд.

Дар идома, Ёсин Бобокалонов, варзишгари дигари тоҷик бо Тойлӣ Мурадов аз Туркманистон сабқат карда, соҳиби нишони биринҷӣ шуд.

Мадина Қурбонзода, ҷудокорзани тоҷик  бо Хиужи Ҷианг аз Чин барои нишони биринҷии вазни 52 кг сабқат намуд. Дар ин нерӯсанҷи Мадина дастболо шуда, соҳиби нишони биринҷӣ шуд.

Варзишгарони дигари тоҷик – Ҳақдод Гулов, Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66 кг, Аҳлия Муминова, Райҳона Розиқзода дар вазни то 48 кг, Зуҳал Ҷумаева, Насиба Карликова дар вазни то 52 кг, Александра Кан, ва Раҳмия Ҳанҷарбекова дар вазни то 57 кг дар марҳилаҳои гуногун ба бохт рӯ ба рӯ шуда, аз гирифтани медалҳо маҳрум шуданд.

 

Ғолибони рӯзи аввали Dushanbe Grand Slam 2025

Занон

Вазни -48 кг

1. Анудари Джамсран (Муғулистон)

2. Вэнне Чжуан (Чин)

3. Вакана Инагак (Ҷопон)

3. Абиба Абужакинова (Қазоқистон)

Вазни -52 кг

1. Амандин Бюшар (Фаронса)

2. Муҳайё Ахматова (Ӯзбекистон)

3. Бландин Понт (Фаронса)

3. Мадина Қурбонзода (Тоҷикистон)

Вазни -57 кг

1. Сара-Леони Сизик (Фаронса)

2. Наталя Ёлкин (IJF)

3. Ана Пулджиз (Хорватия)

3. Тао Юинг (Чин)

Мардон

Вазни -60 кг

1. Балабай Ағаев (Озарбойҷон)

2. Меҳрзод Суфиев (Тоҷикистон)

3. Туменҷаргал Тувшинтур (Муғулистон)

3. Максим Мерлин (Фаронса)

Вазни -66 кг

1. Эмомалии Нуралӣ (Тоҷикистон)

2. Обид Ҷебов (Тоҷикистон)

3. Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)

3. Артем Штурбабин (Ӯзбекистон)

Бояд гуфт, ки имрӯз дар рӯзи дуюми мусобиқа варзишгарон аз рӯи 4 вазн: — 63 кг, -70 кг байни занон ва -73 кг ва -81 кг байни мардон қувва меозмоянд. Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 8 ҷудочӣ иштирок менамояд. Дар вазни 73 кг Абубакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев, Беҳрӯз Хоҷазода, Ворис Назаров ва дар вазни 81 кг Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфидинзода ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam-2025” аз 2 то 4-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 36 ҷудокор, 28 мард ва 8 зан намояндагӣ доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.