Баъди чанд соати таъхир, парвозҳо аз Душанбе ба Маскав барқарор шудааст

Баъди чанд соати таъхир дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе, парвозҳо ба ин масир дубора барқарор шуда, фурудгоҳи Душанбе ба фаъолияти муқаррарӣ гузаштааст. Баъди зуҳри дирӯз, 7-уми май дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав кори се фурудгоҳи асосии пойтахти Русия қатъ шуда, парвозҳо дар масири Маскав-Душанбе ба таъхир афтода буд. Аз маркази матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба […]

Баъди чанд соати таъхир дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе, парвозҳо ба ин масир дубора барқарор шуда, фурудгоҳи Душанбе ба фаъолияти муқаррарӣ гузаштааст. Баъди зуҳри дирӯз, 7-уми май дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав кори се фурудгоҳи асосии пойтахти Русия қатъ шуда, парвозҳо дар масири Маскав-Душанбе ба таъхир афтода буд.

Аз маркази матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳамаи хатсайрҳое, ки дирӯз, 7 –уми май дар робита ба вазъи баамаломада дар Маскав ба таъхир афтода буданд, аллакай парвозҳои худро аз сар гирифтанд.

"Танҳо як парвоз ба ин самт боқӣ мондааст, ки дар соатҳои наздик тибқи ҷадвал парвоз хоҳад кард. Дар дигар самтҳо бошад мушкиле вуҷуд надорад ва тибқи реҷа парвозҳо амалӣ гардида истодаанд, – гуфтанд дар маркази матбуотии фурудгоҳ.

Тибқи иттилои манбаъ, тамоми парвозҳо ба ин самт то охири рӯз анҷом дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамарӯза аз пойтахти Тоҷикистон ба Русия 7-8 парвоз анҷом мешавад.

Ёдовар мешавем, ки баъди зуҳри рӯзи 7-уми май дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав, фурудгоҳҳои Внуково, Домодедово ва Жуковский, се фурудгоҳи асосии пойтахти Русия муваққатан барои парвозҳо ба ҳамаи самтҳо махдудият ҷорӣ намуда буданд. Инчунин дар фурудгоҳҳои Калуга, Тамбов, Ярославл ва Нижний Новгород низ маҳдудият ҷорӣ гардида буд.

Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки садҳо муҳоҷирони тоҷик як рӯз аст, ки дар фурудгоҳҳои Жуковский ва Домодедовои Маскав дармондаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.