Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд

Ҳарифи нави размикори тоҷик Муҳаммад Наимов (12-3) намояндаи Утриш Богдан Град (15-2) аст. Тавре ки MMA Ohne Maske хабар медиҳад, рақобат байни Наимов ва Град рӯзи 21 июн дар доираи мусобиқаи UFC Baku доир мегардад. Бори охир Муҳаммад Наимов моҳи феврали соли 2025 муқобили варзишгари турктабор аз Австралия Каан Офлӣ размида, бо ҳисоби доварон ғалаба […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Ҳарифи нави размикори тоҷик Муҳаммад Наимов (12-3) намояндаи Утриш Богдан Град (15-2) аст. Тавре ки MMA Ohne Maske хабар медиҳад, рақобат байни Наимов ва Град рӯзи 21 июн дар доираи мусобиқаи UFC Baku доир мегардад.

Бори охир Муҳаммад Наимов моҳи феврали соли 2025 муқобили варзишгари турктабор аз Австралия Каан Офлӣ размида, бо ҳисоби доварон ғалаба карда буд.

Град моҳи феврали соли 2025 бори аввал дар мусобиқаи Лигаи UFC рақобат карда, Лукасс Александерро дар раунди дуюм бо нокаут мағлуб кард.

Ин рақобати 6-уми Наимов дар UFC мешавад. Айни замон натиҷаи Муҳаммад Наимов дар ин ташкилот аз 4 ғалаба ва 1 бохт иборат аст.

Муҳаммад Наимов, маъруф бо номи Hillman, – яке аз намояндаи барҷастатарини Тоҷикистон дар ММА аст. Ӯ соли 2023 муваффақона ба UFC ворид шуд. То моҳи майи соли 2025 ӯ ба якчанд ғалабаи назаррас (аз ҷумла бо нокаут) ноил гардида, худро ҳамчун зарбазани пуртаҷриба нишон дод.

Наимов бо усули ҷанговарона ва ҳамлагар дар рақобат ва зарбаҳои қавиаш маъруф аст. Рақобатҳояш дар UFC мавриди таваҷҷуҳи мухлисон ва мутахассисон қарор гирифта, ба зинаҳои баландтари радабандиҳо боло рафтани ӯ дар вазни нимасабук идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳам ғалабаҳо ба даст овардаву ҳам ба бохтҳо дучор гардида, дар рақобатҳои асосӣ (мейнкардҳо)-и мусобиқаҳои UFC Fight Night ва PPV дилпурона боқӣ мемонад. Муҳаммад ба устувор кардани мавқеи худ дар 25-гонаи  беҳтаринҳо (топ-25)-и дивизион ва “гейткипер шудан” дар сафи 15-гонаи беҳтаринҳо қодир аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.