Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд

Имрӯз, 15-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз рафти корҳои сохтмонии Театри миллии Тоҷикистон ва ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия “Акиа Авесто автоматив индастри” боздид кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, онҳо зимни боздид рафти корҳои сохтмонии Театри миллии Тоҷикистон бо коргарону мутахассисони сохтмони бинои театр суҳбат кардаанд. Ба иттилои манбаъ, […]

Имрӯз, 15-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз рафти корҳои сохтмонии Театри миллии Тоҷикистон ва ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия “Акиа Авесто автоматив индастри” боздид кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, онҳо зимни боздид рафти корҳои сохтмонии Театри миллии Тоҷикистон бо коргарону мутахассисони сохтмони бинои театр суҳбат кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, “ҳоло 500 коргар дар рафти сохтмон фаъолият доранд”.

Бодя гуфт, ки бинои Театри миллии Тоҷикистон 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминиро дарбар гирифта, баландии бино 34,5 метр хоҳад буд. Манбаъ менависад, дар бинои театр 3 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар сохта хоҳад шуд.

“Толори асосӣ дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигари конфронсию консертӣ ҳар яке дорои 1000 курсӣ хоҳад буд”, – гуфтааст манбаъ.

Бояд гуфт, моҳи июли соли 2024 сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун мавқуф гузошта шуд буд, аз нав оғоз гардид. Хишти аввали онро Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунари пойтахт дар фазои тантанавӣ ниҳода буд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ҳангоми боздид аз ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия  “Акиа Авесто автоматив индастри” 30 электробус бо тамғаи “Акиа нерӯ”-ро ба истифода додаанд.

Гуфта мешавад, ин электробусҳо 32 ҷойи нишаст ва имкони ғунҷоиши 100 мусофирро дошта, тибқи “стандартҳои аврупоӣ” истеҳсол гардидааст ва бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда муҷаҳҳаз аст.

“Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 сол мебошад”, – навиштааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Бояд гуфт, ин ширкат 19 марти соли 2019 дар Тоҷикистон расман ба фаъолият оғоз кардааст. Ба навиштаи манбаъ, ширкати “Акиа Авесто” аз соли 2018 то кунун беш аз 500 автобусу электробуси гуногунҳаҷм истеҳсол кардааст.

“То ба имрӯз дар ин ширкат автобусҳои дарозиаш 8 ва 12 метр, автобусҳои дуошёна, инчунин электробус ва электротроллейбусҳои замонавӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ мавриди банду баст ва истеҳсол қарор дода шудааст”, – менависад манбаъ.

Зикр шудаст, ки шаҳрдории Душанбе нақша дорад, то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.