Беш аз 500 меҳмон ва садҳо соҳибкор аз хориҷа. Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2025” чӣ гуна гузашт?

Имрӯз, 14-уми июн Намоишгоҳ (Ярмарка)-и байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2025” ба анҷом мерасад. Он се рӯз, аз 12 то 14-уми июн  давом кард. Пеш аз кушодашавии ярмарка Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” баргузор шуд ва дар он 500 меҳмон аз 20 давлат ва садҳо соҳибкор, сокинон, раисону шаҳру навоҳии саноатӣ ва дигар масъулин ширкат варзиданд. […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 14-уми июн Намоишгоҳ (Ярмарка)-и байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2025” ба анҷом мерасад. Он се рӯз, аз 12 то 14-уми июн  давом кард. Пеш аз кушодашавии ярмарка Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” баргузор шуд ва дар он 500 меҳмон аз 20 давлат ва садҳо соҳибкор, сокинон, раисону шаҳру навоҳии саноатӣ ва дигар масъулин ширкат варзиданд.

Рӯзи гузашта, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд Форумро оғоз бахшида, гуфт, ки имсол бори 11-ум аст, ки он доир мешавад.

Ба иттилои вай, танҳо дар панҷ соли охир ба иқтисодиёти вилояти Суғд беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст. Санҷиши ин иттилоъ тавассути манбаъҳои дигар ғайриимкон аст.

“Айни замон дар қаламрави вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 250 миллион доллар амалӣ шуда истодааст. Ҳукумати вилоят талош меварзад то ҷалби лоиҳаҳоро бештар карда, соҳаи саноатро рушд диҳад”,- гуфт Раҷаб Аҳмадзода.

Дар кори Форум ҳамзамон як қатор масъулину намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои молиявию байналмилалӣ суханронӣ намуда, ташкили чунин чорабиниҳоро ба манфиати кишварҳои минтақа арзёбӣ карданд.

Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд–2025" ҳам ҳузур дошт, гуфт, кишвараш омода аст бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкориву сармоягузории вилояти Суғд дар самтҳои гуногун, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ҳамкориҳоро бештар роҳандозӣ кунад.

Дар Ярмарка намояндагони кишварҳои гуногун маҳсулоти сохтмонӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, тиббӣ ва ғайраро ба намоиш ва фурӯш гузошта буданд. Дар растае, ки соҳибкорон ва намояндагони Қирғизистон ҷойгир буданд аз либоса то хӯрокворию маҳсулоти соҳаи саноат ба маърази тамошобинон гузашта шуда буд.

Иморбой Бакиров, соҳибкори асалпарвар аз шаҳри Оши Қирғизистон, ки бори аввал ба шаҳри Хуҷанд омадааст, ҳамагӣ 20 кг дар Ярмарка асалро ба намоиш ва фурӯш овардааст.

Вай изҳори боварӣ кард, ки дар Ярмарка мизоҷони тоҷики худро пайдо карда, минбаъд ба миқдори бештар асалро ба бозорҳои Суғд меорад.

Кафилӣ Ҳешмат, соҳибкор ва намояндаи Эрон аз ширкати сохтмонии “QZL” навъҳои гуногуни маҳсулоти ин ширкатро ба маъраз гузашта буд, изҳори умед кард, ки ба туфайли ин чорабинӣ муштариёни нав пайдо мекунад.

Нуриддин Мамадҷонов, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба Ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2025 маҳсулоти соҳаи саноат ва кишоварзиро ба намоиш оварда буд.

Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун шароит фароҳам аст.

“Форуми мазкур барои истифодаи ин имкониятҳо  саҳми босазо  дорад ва дар рушди иқтисоди миллии ҳарду  кишвар  нақши муҳиме хоҳад гузошт”, – гуфт номбурда.

Ёдовар мешавем Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” ва Ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2025” аз соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад ва ба гуфтаи масъулон, “сол то сол сафи шарикон ва шумораи лоиҳаҳои хориҷӣ зиёд мешавад”.

Ташкилкунандагони он бовар доранд, ки чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ дар рушди иқтисоди кишвар саҳм мегузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.