Оғози парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Пекин

Шурӯъ аз 16-уми июн парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Пекин дигарбора оғоз мегардад. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймоии “China Southern Airlines” анҷом меёбанд. Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин тасмим дар пайи сафари Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва дастуру супоришҳои роҳбарони ду кишвар […]

Шурӯъ аз 16-уми июн парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Пекин дигарбора оғоз мегардад. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймоии “China Southern Airlines” анҷом меёбанд.

Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин тасмим дар пайи сафари Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва дастуру супоришҳои роҳбарони ду кишвар дар робита ба “зиёд намудани  теъдоди парвозҳо байни пойтахти Тоҷикистону Чин ва кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои ду кишвар” рӯи даст гирифта шуд.

Қаблан ҳам дар робита ба кушодани хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбе ва Пекин дар сатҳи мақомоти расмии ду кишвар гуфтушунидҳо баргузор шуда буд.

Хатсайри ҳавои байни Душанбе ва Пекин соли 2016 роҳандозӣ гардида буд. Ҳамаи парвозҳо бо ин хатсайр бояд ҳафтае як бор рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймоҳои Boeing 757 иҷро мешуданд. Вақти парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медод.

Пас аз се моҳ бо сабаби кам будани талаботи мусофирон, лозим омад, ки хатсайрҳо боздошта шаванд. Онҳо соли 2017 дубора барқарор гардида, лекин баъди чанде боз бекор шуданд.

Аз оғози соли 2020 бинобар сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин мутаваққиф шуд.

Хатсайр танҳо бо Урумчӣ барқарор шуд, ҳарчанд соли 2022 сардори Раёсати танзими авиатсияи граждании Агентӣ хабар дода буд, ки аз 23 июни соли 2022 мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Чин дар бораи барқарор намудани хатсайри ҳавоии мустақим бо Пекин тавофуқ ҳосил кардаанд.

Муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ сурат мегирифтанд.

Соли 2024 байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар хатсайри ҳавоӣ боз шуд. Парвоз тариқи ин хатсайрро ширкати ҳавопаймоии "Chandu Airlines" анҷом медиҳад. Парвоз бо хатсайри Қошғар – Хуҷанд – Қошғар ҳафтае як маротиба анҷом дода шуда, вақти парвоз 1,5 соатро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.