Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 июли соли 2025

ЧОРАБИНИҲОИ 14 ИЮЛ – Имрӯз ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” аввалин парвоз пас аз таваққуфи якмоҳа дар хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанберо анҷом медиҳад. Парвозҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, ҳавопаймоҳои ширкат ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс парвоз мекунанд.   ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 ИЮЛ Соли 2000 – Дар шаҳри […]

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ 14 ИЮЛ

– Имрӯз ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” аввалин парвоз пас аз таваққуфи якмоҳа дар хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанберо анҷом медиҳад. Парвозҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, ҳавопаймоҳои ширкат ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс парвоз мекунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 ИЮЛ

Соли 2000 – Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Соли 2007 – Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маркази тадқиқоти тоҷикшиносӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 2011 – Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбекии радиои “Би Би Си” дар Хуҷанд аз зиндон раҳо шуд. Ӯро 13-уми июн ба иттиҳоми узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Ҳизбуттаҳрир” боздошт карда буданд.

Соли 2023 – Дилшод Назаров, Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (OCA) барои солҳои 2023-2027  интихоб гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1916 – Мавлуди Ашӯр Ҳайдаров, мусаввири тоҷик.

Соли 2021 – Саъдулло Исломов, иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ дар 78-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, рӯзи 14-уми июл дар Фаронса Рӯзи миллии кишвар ҷашн гирифта мешавад, ки онро Рӯзи ишғоли Бастилия меноманд. Ин ид аз соли 1880 инҷониб ба таври расмӣ таҷлил мешавад ва яке аз рамзҳои асосии истиқлолу демократияи Фаронса маҳсуб меёбад.

Ин рӯйдоди таърихӣ ба 14-уми июли соли 1789 бармегардад. Дар он рӯз, сокинони шӯришбардоштаи Порис қалъаву зиндонеро бо номи Бастилия, ки рамзи истибдоду зулми шоҳии онвақта ба шумор мерафт, бо зӯрӣ гирифтанд ва ҳафт зиндониро озод карданд. Ин ҳодиса оғози Инқилоби Бузурги Фаронса ва поён бахшидани ҳокимияти мутлақи шоҳӣ ба шумор меравад.

Гарчанде Рӯзи ишғоли Бастилия иди миллии Фаронса аст, он дар дигар кишварҳо низ ҳамчун рамзи шикастани зулм тавассути шӯриши мардумӣ ва мубориза барои озодӣ ва демократия эътироф шудааст.

14-уми июли соли 1941 дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, барои аввалин бор системаи мушакпартои “Катюша” дар муҳориба истифода шуд. Ин силоҳи навъи БМ-13 охири моҳи июн дар корхонаи ба номи Коминтерн дар шаҳри Воронеж ҷамъоварӣ гардида буд.

Мувофиқи ривоятҳо, номи “Катюша” аз тамғаи аввалини завод – ҳарфи “К” ва инчунин аз суруди машҳури ҳамон замон гирифта шудааст.

14-уми июл ҳамчунин дар ҷомеаи англисзабон Рӯзи бенизомӣ ва шӯриш (Pandemonium Day) таҷлил мешавад. Ҳадафи ин рӯз ташвиқи одамон ба озодӣ, раҳоӣ аз қоидаҳои сахтгиронаи зиндагӣ ва фароҳам овардани озодӣ гуфта мешавад.

Вожаи Pandemonium (аз лотинӣ: “бетартибӣ”, “сардаргумӣ”) тавассути асари “Ҷаннати гумшуда”-и шоири машҳури англис Ҷон Милтон ба маънои қасри девҳо ё нерӯҳои зулмат ҳамчун рамзи шӯриш ва зӯрӣ маъмул шудааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 14 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 33+38º гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.