БАОР: Дар Тоҷикистон рушди баланди ММД ва зиёдшавии интиқоли пул боқӣ мемонад

Дар Тоҷикистон рушди баланди иқтисод ва зиёдшавии интиқоли пул, сатҳи пасти  таварруми истеъмолӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора дар гузориши иқтисодии “Тобистон-2025”-и Бонки авруосиёии рушд (БАОР) маълумот дода мешавад. Ба навиштаи муаллифони гузориш, иқтисоди Тоҷикистон суръати баланди рушдро нигоҳ медорад (+8,2%). Омилҳои калидии рушд талаботи истеъмолӣ бо дастгирии зиёдшавии интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон, музди […]

Дар Тоҷикистон рушди баланди иқтисод ва зиёдшавии интиқоли пул, сатҳи пасти  таварруми истеъмолӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора дар гузориши иқтисодии “Тобистон-2025”-и Бонки авруосиёии рушд (БАОР) маълумот дода мешавад.

Ба навиштаи муаллифони гузориш, иқтисоди Тоҷикистон суръати баланди рушдро нигоҳ медорад (+8,2%). Омилҳои калидии рушд талаботи истеъмолӣ бо дастгирии зиёдшавии интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон, музди меҳнати воқеӣ ва содироти маъдани фулузотӣ (металлӣ) ва алюминий номбар шудаанд.

Таварруми истеъмолӣ начандон баланд боқӣ мемонад – дар наздиии ҳудуди фосилаи ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ки дар натҷиа бонк ду маротиба меъёрро поин бурд (то 8,25%).

Буҷети давлатӣ дар семоҳаи I ба туфайли афзоиши даромадҳо аз андоз ва ғайриандозӣ бо барзиёдӣ (4% ММД) ҷамъбаст шуд. Дар натиҷаи афзоиши назаррас (19,6% ММД) аз ҳисоби даромадҳои аввалия ва дуюмдараҷа (интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон) ҳисоби амалиёти ҷорӣ барзиёд (15,3% ММД) иҷро шуд. Хуруҷ (берун рафтан)-и софи воситаҳо (дар муқоиса бо 3,6% ММД дар семоҳаи I соли 2024) дар пасманзари пардохти қарзҳо аз рӯйи вомбаргҳои аврупоӣ (евробондҳо) аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2025  аз  рӯйи ҳисоби молиявӣ то 7,6% ММД афзуд.

Дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон бетағйир гузошта шудааст: соли 2025 аз рушд дар сатҳи 7,5% бо поинравии минбаъда то 6,7% дар соли 2027 дар пасманзари рушди иқтисоди Русия ва коҳиши интиқол пул аз ҷониби муҳоҷирон.

Пешгӯйии таварруми миёнаи солона дар соли 2025 бо назардошти ҷараёни кунунӣ ва сатҳи нисбатан пасти нархҳои ҷаҳонӣ ба ғизо ба самти поинравӣ аз 5,5% то 4,6% бозбинӣ шудааст. Солҳои 2026 ва 2027 таварруми истеъмолӣ дар ҳудуди фосилаи ҳадафноки БМТ – мутаносибан 4,9% ва 5% боқӣ мемонад. Дар робита ба хароҷоти назаррас ба лоиҳаҳои зерсохторӣ, буҷет бо касри муътадил ташаккул меёбад.

Таҳлилгарони БАОР бар ин назаранд, ки ба сурати умум, хатарҳои дохилӣ дар аксари кишварҳои минтақа бо коҳиши эҳтимоли фаъолияти сармоягузорӣ, афзоиши фишори таваррумӣ бинобар болоравии музди меҳнат ва таърифаҳо, инчунин аз ҳад зиёд шудани талабот аз ҳисоби қарздиҳӣ ва ҳавасмандии молиявӣ рабт дорад.

“Сарфи назар аз ин, ҳатто дар сурати ба миён омадани ин хавфҳо, мо аз ба вуҷуд омадани ноустувориҳои шадид, ки ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар кишварҳоямон таҳдид кунанд, интизорӣ надорем”, – омадааст дар гузориш.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.