Вазири энергетика фаъолияти нимсолаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро ғайриқаноатбахш хондааст

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро дар нимсолаи аввал ғайриқаонатбахш арзёбӣ кардааст. Натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар 6 моҳи соли ҷорӣ бо иштироки вазири энергетика ва дигар масъулини соҳа рӯзи 14-уми июл баррасӣ шуданд. Хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ медиҳад, ки вазир ба шахсони масъул ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру […]

Asia-Plus

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро дар нимсолаи аввал ғайриқаонатбахш арзёбӣ кардааст. Натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар 6 моҳи соли ҷорӣ бо иштироки вазири энергетика ва дигар масъулини соҳа рӯзи 14-уми июл баррасӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ медиҳад, ки вазир ба шахсони масъул ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо додааст.

“Аз ҷумла дар самти кам намудани талафоти неруи барқ, бартарафсозии изофанависӣ, боло бурдани масъулиятшиносии кормандон, боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дастурҳо дода шуданд”, – омадааст дар хабар.

Раҳбарияти ширкат дар ҳисоботи худ аз ҷумла зикр карданд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷамъият кам намудани талафоти неруи барқ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии назорати истифодаи нерӯи барқ, таъмини устувори нерӯи барқ ба истеъмолкунандагон ва ҷамъоварии пурраи маблағи истифодаи он мебошад.

 

Ҳар як чорумин киловатт талаф меёбад

Тибқи арзёбии коршиносони соҳаи энергетика, сарфи назар аз роҳандозии чорабиниҳои гуногун бо харҷи миллионҳо маблағ, сатҳи талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон хеле баланд боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти ширктаҳои соҳаи барқ, ҳудуди чоряки нерӯи барқ дар ҷараёни истеҳсол, интиқол ва тақсимот талаф меёбад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ чандин маротиба ба ин мушкил ишора карда буд.

Талафот дар ҷараёни истеҳсол ва интиқол бо хатҳои баланшиддат, ки ба талафоти техникӣ ва хароҷот ба эҳтиёҷоти дохилии зеристоҳҳо мансубанд, ҳаҷмҳои начандон зиёдро ташкил медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар соли 2024 талафоти барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва Марказҳои барқу гармидиҳӣ 0,42% аз ҳаҷми умумии истеҳсол ва талафот дар хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо – 3,31%-ро ташкил додааст.

Талафот дар ҷараёни тақсимоти нерӯи барқ ниҳоят зиёд аст, ки метавон онро ба таври содда дуздии барқ номид. Мизони чунин талафот дар соли гузашта тибқи маълумоти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, 21,6%-ро ташкил додааст.

Коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки сатҳи ҳақиқии талафот дар асл ду баробар зиёдтар буда, ба зиёда аз 40% мерасад.

 

Маълумотномаи «Азия-Плюс»

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо қарори ҳукумати кишвар аз 22-юми июни соли 2019 таъсис дода шудааст.

Ҳадаф ва самтҳои асосии фаъолияти ширкат:

– таъмини фаъолияти пурсамар ва боэътимоди иншооти маҷмааи шабакаи тақсимоти барқ;

– таъмини боэътимод ва хушсифати истеъмолгарон бо барқ;

– таъмини коршоямӣ ва дурустии таҷҳизоти шабакаҳои барқ;

– таъмини устувори истеъмолгарон бо барқ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ;

– таъмини ҷамъоварии саривақтии маблағи истифодаи барқ, назорати таъмин бо барқ барои ҳамаи гурӯҳи истеъмолгарон ва назорати доимӣ аз болои вазъи техникии таҷҳизоти барқӣ;

– амалисозии фаъолият дар самти сохтмон, навсозӣ ва таъмири асосӣ дар шабакаҳои барқ.

Ба сохтори ширкат 7 филиал шомиланд, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Бохтар ва Кӯлоб, инчунин дар ноҳияҳои тобеи марказ ҷойгир шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.