Муҳокимаи додгоҳии муттаҳамон дар ҳамла ба “Крокус сити ҳолл” имрӯз оғоз мешавад

Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС иттилоъ дода, гуфтааст, ки парвандаро Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Маскав паси дарҳои баста баррасӣ мекунад. Ба иттилои манбаъ, қазияи мазкур аз ҷониби се додрас баррасӣ мегардад ва барои таъмини амнияти ширкаткунандагони ин раванд чораҳои бесобиқаи амниятӣ андешида мешавад. Мақомоти Русия мегӯянд, парвандаи ҳамла ба “Крокус сити ҳолл” дар […]

Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС иттилоъ дода, гуфтааст, ки парвандаро Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Маскав паси дарҳои баста баррасӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, қазияи мазкур аз ҷониби се додрас баррасӣ мегардад ва барои таъмини амнияти ширкаткунандагони ин раванд чораҳои бесобиқаи амниятӣ андешида мешавад.

Мақомоти Русия мегӯянд, парвандаи ҳамла ба “Крокус сити ҳолл” дар канораи Маскав, ки дар пайи он 149 кас кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд, аз 450 ҷилд иборат аст.

Дар ин ҳамла, ки рӯзи 22-уми марти соли 2024 анҷом шуд, 19 нафар, аз ҷумла, аксаран шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд. Маълум нест, боздоштшудаҳо то куҷо бо вакили дифоъ ва ёрии ҳуқуқии таъмин мебошанд. Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд.

Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия қаблан эълом карда буд, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Бо вуҷуди он ки масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии “Давлати исломӣ – Вилояти Хуросон”* ба уҳда гирифт, мақомоти Русия ангушти иттиҳомро ба сӯи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ин ҳодиса рад кард.

Дар бораи ин қазия муфассал дар матлаби “Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?” мутолиа кунед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.