Бозёфти 10 ёдгориҳои нави таърихӣ дар ҳудуди Тоҷикистон

Азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихӣ, бозёфтҳои нав, теъдоди сайёҳони тахассусӣ ва хатарҳо ба ёдгориҳои таърихӣ аз муҳимтарин масоиле буданд, ки имрӯз дар нишасти матбуотии Оҷонсии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Шералӣ Хоҷазода, директори Оҷонсии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар давоми марҳилае, ки ёдгориҳои таърихиро аз нав ба қайд мегиранд, […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихӣ, бозёфтҳои нав, теъдоди сайёҳони тахассусӣ ва хатарҳо ба ёдгориҳои таърихӣ аз муҳимтарин масоиле буданд, ки имрӯз дар нишасти матбуотии Оҷонсии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Шералӣ Хоҷазода, директори Оҷонсии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар давоми марҳилае, ки ёдгориҳои таърихиро аз нав ба қайд мегиранд, 10 ёдгории нав дарёфт ва сабт гардидааст.

“Дар Норак 2 сӯҳбатгоҳи будоии мансуб ба асрҳои VII-VIII, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 ёдгории бостонии мансуб ба давраи Сомониён, дар Кӯҳистони Мастчоҳ 2 мавзеи сангнавишта мансуб ба асрҳои миёна ва дар ноҳияи Айнӣ 3 ёдгории бостонӣ-меъмории мансуб ба асрҳои миёна кашф гардиданд”, – гуфт роҳбари Оҷонсӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло танҳо 30 дарсади корҳо дар ин самт анҷом ёфтааст, ки Душанбе, баъзе ноҳияҳои тобеи марказ, як қисмате аз водии Зарафшон ва Бохтарро фаро мегирад.

Аммо ӯ мушаххас нагуфт, ки дар кадом навоҳии тобеи марказ ва водии Зарафшону Бохтар ин амалиёт анҷом ёфт.

“Дар Бадахшон, Кӯлоб ва баъзе қисматҳои вилояти Суғд корҳои аз нав бақайдгирӣ ҳанӯз оғоз нагардидаанд”, – илова кард ӯ.

Инчунин ӯ нагуфт, ки тибқи нақша ин амалиёт кай ба анҷом мерасад.

 

Афзоиши сайёҳони тахассусӣ ва хатар ба ёдгориҳои таърихӣ

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 31 ҳазор сайёҳони тахассусӣ аз хориҷа барои боздид аз ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Ин нуктаро Шералӣ Хоҷазода таъкид намуда, гуфт, ин теъдод нисбат ба соли пеш 25 дарсад зиёд аст.

Шералӣ Хоҷазода гуфт, имрӯз ягона хатар ба ёдгориҳои таърихӣ баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, ин мушкил аз ҳисоби заминҳои кишоварзӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофии онҳо ба вуҷуд омадааст, ки ки на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа бо он мувоҷеҳ аст.

Ба гуфтаи масъулин, мутахассисон ба воситаи системаи дренажӣ оби зеризаминиро берун карда аз атрофи ёдгориҳо таърихи дур кардаанд. Инчунин барои бартараф кардани ин хатар дигар чораҳо низ андешида шудаанд. Аммо ӯ аз роҳҳои дигари ҳал мушаххас ном набурд.

 

Нашри китоби “Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон”

Ҳамчунин дар идома китоби “Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон”, ки ба тозагӣ бо чор забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ) таҳия ва нашр шуд, муаррифӣ гардид.

Гуфта шуд, ин китоб номгӯи тамоми ёдгориҳои таърихию фарҳангии дар кишвар сабтшударо дарбар намегирад ва ба таври фишурдаву маҳдуд барои сайёҳон ва пажӯҳишгарон пешниҳод шудааст.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.