Вакили худро шиносед! Корномаи 41 вакили ҳавзаи якмандатии шаҳру навоҳии кишварро ҷамъ овардем

Дар Тоҷикистон 2-юми марти соли ҷорӣ интихоботи парлумонӣ доир гардид. Дар натиҷаи овоздиҳӣ аз 41 ҳавзаи якмандатии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 41 вакил интихоб шуда, дар 37 ҳавза номзади ҲХДТ, дар 2 ҳавза номзади ҲИИТ ва дар 2 ҳавза номзади ҲАТ баранда шуданд.  Дар харитаи Азия-Плюс метавонед шаҳр ё навоҳии худро пайдо карда, рӯйи ишора ангушт […]

Дар Тоҷикистон 2-юми марти соли ҷорӣ интихоботи парлумонӣ доир гардид. Дар натиҷаи овоздиҳӣ аз 41 ҳавзаи якмандатии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 41 вакил интихоб шуда, дар 37 ҳавза номзади ҲХДТ, дар 2 ҳавза номзади ҲИИТ ва дар 2 ҳавза номзади ҲАТ баранда шуданд. 

Дар харитаи Азия-Плюс метавонед шаҳр ё навоҳии худро пайдо карда, рӯйи ишора ангушт бизанед ва аз корномаи вакилатон огоҳ гардед:

 

Бино ба гузориши Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР), Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ бо дарёфти 51,9 дарсади овозҳо 12 курсиро соҳиб гардид.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон бошад бо дарёфти 5 курсӣ бо 21 дарсади овозҳо дар ҷойи дуюм аст. Ҳамчунин Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 3 курсӣ, Ҳизби сотсиалистӣ 1 курсӣ ва Ҳизби демократии Тоҷикистон 1 курсӣ ба даст оварданд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар ин интихоботи парлумонӣ бекурсӣ монд.

Дар ҷамъ ҲХДТ аз 63 курсии парлумон 49 кирсиро соҳиб шуд, ки ин ду курсӣ бештар нисбат ба парлумони даъвати шашум аст.

ҲАТ 7 курсии парлумонро гирифт ва ин такрори натиҷаи панҷ соли пеш аст.

ҲИИТ бо 5 курсӣ дар парлумон, натиҷаи панҷ соли пешро такрор намуд.

ҲДТ ва ҲСТ ҳам мисли 5 соли пеш яктогӣ курсии парлумонро соҳиб шуданд.

ҲКТ тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ ҳам натавонист номзадеро вориди парлумон кунад. Ва ин бори аввал аст, ки ҲКТ дар парлумони Тоҷикистон бидуни вакил мемонад.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ иштирок накард ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надод. Ин ҳизб ҳарчанд солҳои пеш дар интихобот иштирок мекард, аммо ҳеҷ гоҳ соҳиби мандат нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.