Қасди худкушии 11 нафар дар дарёҳо. Дар ним сол чанд нафар дар обҳои кишвар ғарқ шуданд?

Дар нимаи аввали соли 2025 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 89 ҳодисаи ғарқшавӣ (соли 2024 — 86 ҳодиса) сабт шуда, дар пайи онҳо 91 нафар (соли 2024 — 86 нафар) ҷон бохтаанд. Ҳамчунин, 11 нафар аз ин теъдод, қасд ба ҷони хеш тавассути ба дарё андохтани хеш кардаанд. Дар ин бора Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои […]

Дар нимаи аввали соли 2025 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 89 ҳодисаи ғарқшавӣ (соли 2024 — 86 ҳодиса) сабт шуда, дар пайи онҳо 91 нафар (соли 2024 — 86 нафар) ҷон бохтаанд. Ҳамчунин, 11 нафар аз ин теъдод, қасд ба ҷони хеш тавассути ба дарё андохтани хеш кардаанд.

Дар ин бора Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ сабаби ғарқ шудани онҳоро ба риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, беэҳтиётӣ, беназоратии волидон, садамаи нақлиётӣ, худкушӣ, мастӣ ва дигар омилҳо рабт дод.

Ба гуфтаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, 22 нафари ғарқшудаҳо зан (24%) ва 69 каси дигар (76%) мард будаанд.

Ин нафарон дар минтақаҳои зерин ғарқ шудаанд:

– дар ВМКБ — 14 нафар;

– вилояти Хатлон — 41 нафар;

– вилояти Суғд — 17 нафар;

– Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 12 нафар;

– шаҳри Душанбе — 7 нафар.

 

Аз шумораи умумии ғарқшудагон:

– 10 нафар — то синни 4-сола;

– 18 нафар — аз 5 то 10-сола;

– 17 нафар — аз 11 то 16-сола;

– 30 нафар — аз 17 то 35-сола;

– 16 нафар — аз 35-сола боло будаанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ изҳор дошт, ки дар 6 моҳ, ҳамчунин, 20 нафари дигар аз ғарқшавӣ наҷот дода шудаанд.

Ба иттилои Кумита, маконҳои оббозӣ дар ҳар шаҳру навоҳӣ муайян шудаанд ва ҳолатҳои ғарқшавӣ аксаран дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ шудааст, ба қайд гирифта мешавад. Дар робита ба ин, мақомоти кишвар пайваста ба сокинон ҳушдор медиҳад, ки аз оббози дар маконҳои мамнӯъ худдорӣ кунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.​​​​​​​

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.