Чӣ гуна дар филми “Ҳасани аробакаш” эҳсосоту хислат ва мардонагии қаҳрамон намоиш дода шуд?

Таҳияи филми «Ҳасани аробакаш»-и Мирзо Турсунзода рӯзгору фарҳанги тоҷикони солҳои 20-умро инъикос мекунад. Он доир ба афкору андешаи мардуми он замон, тарзи гуфтугӯ ва ҳатто рақси онҳо маълумот медиҳад. Қобили зикр аст, ки рақси қаҳрамонон дар филм яке аз саҳнаҳои ҷолиби он маҳсуб меёбад. Достони “Ҳасани аробакаш” яке аз асарҳои беҳтарини шоир дониста мешаванд. Барои […]

Алина Валамат-Заде, Asia-Plus

Таҳияи филми «Ҳасани аробакаш»-и Мирзо Турсунзода рӯзгору фарҳанги тоҷикони солҳои 20-умро инъикос мекунад. Он доир ба афкору андешаи мардуми он замон, тарзи гуфтугӯ ва ҳатто рақси онҳо маълумот медиҳад. Қобили зикр аст, ки рақси қаҳрамонон дар филм яке аз саҳнаҳои ҷолиби он маҳсуб меёбад.

Достони “Ҳасани аробакаш” яке аз асарҳои беҳтарини шоир дониста мешаванд. Барои эҷоди он Мирзо Турсунзода ба унвони Ҷоизаи Ленин сазовор дониста шуда, сюжети филм дар студияи “Тоҷикфилм” наворардорӣ шудааст.

Саргузашти Ҳасан, албатта, танҳо дар бораи шахсияти ӯ нест. Бо офаридани симои ин қаҳрамон Мирзо Турсунзода симои мардуми тоҷикро дар он давраи таърих инъикос кардааст, яъне замоне ки бархӯрди ду фарҳанг — анъанавии тоҷикӣ ва нави шӯравӣ ба таври хос эҳсос мешуд.

Қаҳрамони асосӣ Ҳасан намояндаи халқест, ки муаллиф дар симои ӯ мехост шахси одӣ, фарзанди табақаҳои заҳматкаши ҷомеаро таҷассум кунад.

Дар гуфтори қаҳрамон ягон ибораи китобӣ нест, ӯ ба забоне ҳарф мезанад, ки миёни мардум васеъ паҳн шудааст. Бо вуҷуди савод надоштанаш, Ҳасан ба ҳама чизи нав таваҷҷуҳи зиёд дорад ва бо пурсишҳои зиёдаш ҳамсафарони босаводи худро, ки дар ҷараёни ҳодиса бо ӯ рӯбарӯ мешаванд, ба ҳайрат меорад.

Ҳасан як шахсияти ҷаззоб ва пурқувват аст. Яке аз саҳнаҳои барҷастаи филм саҳнаи рақс мебошад, лаҳзае ки ӯ бо духтари зебо Садаф вомехӯрад ва тасмим мегирад, ки ӯро тасхир намояд. Ҳамроҳ бо Садаф тамошобинон низ мафтун мегарданд, зеро ҳунарманди ҷасуру тануманд ва самимӣ бо маҳорати баланд рақси асили мардонаро иҷро мекунад:

Ин саҳна ҳанӯз ҳам таъсирбахш боқӣ мондааст, чунки корбарон то ҳол дар зери навори он фикру мулоҳизаҳои мусбат мегузоранд.

Ҳасан бо рақси худ чолокиву мардонагияшро нишон медиҳад. Худи ин рақс таҷассумгари фарҳанги тоҷикон дар он замон мебошад: тоҷикон бо рақс эҳсосот, ҳолати рӯҳӣ ва хислати худро баён мекарданд ва ҳатто, тавре ки дар филм нишон дода шудааст, ҷавонмардони соддаву ҷаззоб дилҳои духтарони зеборо тасхир менамуданд.

Ҳифзи чунин рақсҳо дар нигаҳдошти фарҳанги тоҷикӣ нақши муҳим мебозад, зеро онҳо таърих ва анъанаҳои ниёгонро дар худ таҷассум мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.