Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Эрон мусовӣ кард, вале ба давраи баъдӣ роҳхат нагирифт

Дар бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои "CAFA-2025" дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Эрон мусовӣ кард.  Ин дидор шаби гузашта дар шаҳри Ҳисор сурат гирифта, бо натиҷаи 2:2 ба поён расид. Дар қисми аввали бозӣ Эрон ба дарвозаи Тоҷикистон ду гол зад, вале баъдан миллипӯшони тоҷик бо голҳои задаи Шаҳром Самиев ва Зоир Ҷӯрабоев натиҷаро […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои "CAFA-2025" дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Эрон мусовӣ кард. 

Ин дидор шаби гузашта дар шаҳри Ҳисор сурат гирифта, бо натиҷаи 2:2 ба поён расид. Дар қисми аввали бозӣ Эрон ба дарвозаи Тоҷикистон ду гол зад, вале баъдан миллипӯшони тоҷик бо голҳои задаи Шаҳром Самиев ва Зоир Ҷӯрабоев натиҷаро баробар карданд. 

Қобили зикр аст, ки ин аввалин мусовии Тоҷикистон дар таърихи бозиҳо бо тими пурқуввати Эрон аст, вале ин ҳам имкон надод, ки футболбозони тоҷик ба марҳилаи баъдӣ (плей-офф) роҳхат гиранд. 

Беҳтарин футболбози ин дидор Зоир Ҷӯрабоев дониста шуд. Ӯ як гол зада, як паси голӣ ҳам анҷом дод. 

Дар ду вохӯрии аввали даври гурӯҳӣ Тоҷикистон ғайриинтизор аз тими Ҳиндустон (1:2) шикаст хӯрда, дастаи Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ба ин тариқ, дар гурӯҳи “В” тими Эрон бо 7 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифта, дар бозии финалии мусобиқа бо дастаи аввали гурӯҳи “А” рақобат мекунад. Ҳиндустон бо 4 имтиёз зинаи 2-юмрои касб карда, барои ҷойи сеюм бозӣ мекунад. Дар зинаҳои охири гурӯҳ Тоҷикистон (4 имтиёз) ва Афғонистон (1 имтиёз) қарор гирифтанд.

Мусобиқаи "CAFA Nations Cup" барои мунтахаби Тоҷикистон охири мавсим набуда, як марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба давраи интихобии Ҷоми Осиё-2027 аст. Моҳи октябр футболозони тоҷик бо тими Малдив ду вохӯрӣ ва моҳи ноябр дар сафар бо Тимори Шарқӣ бозӣ карда, дар вохӯрии охири даври интихобӣ – моҳи марти соли 2026  Филиппинро дар майдони худ қабул мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.