Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон оилаашонро ба ин кишвар наоранд

Як гурӯҳи вакилон аз фраксияи "Русияи боадолат – Барои ҳақиқат" (“Справедливая Россия – За правду”) таҳти сарварии раиси ҳизб Сергей Миронов, вакиле, ки ба муҳоҷирситезӣ шинохта мешавад, ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки бо худ овардани оилаи муҳоҷиронро манъ мекунад,хабар медиҳад, хабаргузории ТАСС. Муаллифони лоиҳа иддаъо кардаанд, ки оилаҳои муҳоҷирон ба мактабҳо, боғчаҳо ва […]

Asia-Plus

Як гурӯҳи вакилон аз фраксияи "Русияи боадолат – Барои ҳақиқат" (“Справедливая Россия – За правду”) таҳти сарварии раиси ҳизб Сергей Миронов, вакиле, ки ба муҳоҷирситезӣ шинохта мешавад, ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки бо худ овардани оилаи муҳоҷиронро манъ мекунад,хабар медиҳад, хабаргузории ТАСС.

Муаллифони лоиҳа иддаъо кардаанд, ки оилаҳои муҳоҷирон ба мактабҳо, боғчаҳо ва низоми тиббии Русия фишор меоранд, дар ҳоле ки андоз ва пардохти иҷозатномаи кор (патент)-и онҳо хароҷоти буҷетро ҷуброн карда наметавонад. Онҳо барои ин иддаъои худ ягон далел ироа накардаанд. 

Ба қавли вакилони рус, иҷрои ин мамнуият метавонад ҷараёни муҳоҷиратро 15–20% коҳиш диҳад.

Дар ин тарҳ пешниҳод шудааст, ки ин маҳдудият ба шаҳрвандони Белорус ва "мутахассисони баландихтисос" ҷорӣ нашавад.

Сергей Миронов зикр кардааст, ки ин ташаббус “барои гузаштан ба низоми кори муваққатии муҳоҷирон дар Русия иқдоми муҳим” хоҳад буд.

 

Маҳдуд сохтани интиқоли пул ба хориҷа

Ҳамзамон, вакилон аз фраксияи "Одамони нав" ("Новые люди") таҳти сарварии Алексей Нечаев лоиҳаи қонунро пешниҳод намудаанд, ки ба танзими интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон равона шудааст.

Дар лоиҳа манъи интиқоли пул ба хориҷа аз ҷониби кормандони хориҷӣ, ки аз маоши расмии моҳонаи онҳо зиёдтар аст, пешниҳод шудааст. Ин ташаббус тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”-ро дар назар дорад.

Муаллифон зикр мекунанд, ки соли 2023 муҳоҷирони кори маблағи рекордӣ – зиёда аз 18 млрд доллар ба ватан интиқол додаанд.

Дар шарҳи лоиҳаи қонун инчунин таъкид мешавад, ки дар меъёрҳои амалкунанда назорати бояду шояд ба мувофиқати ҳаҷми интиқол ба даромади расман тасдиқгардида пешбинӣ нашудааст. Ба ақидаи таҳиягарони он, лоиҳаи нави қонун бояд аз интиқоли маблағҳое, ки ба даст овардани он тариқи ҳуҷҷат тасдиқ нашудааст, пешгирӣ кунад.

Фишор боло муҳоҷирон махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Аз ҷумла, ки дар чор моҳи аввали соли 2025, 19 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ шудаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Вале тавре дида мешавад, ҳоло муваффақ нашудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.