Сабтиноми ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ дар Тоҷикистон гарон шуд

Дар Тоҷикистон ба қонуне тағйирот илова шуд, ки мувофиқи он маблағи боҷи давлатӣ барои сабтиноми ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар ду баробар зиёд гардид. Мувофиқи тағйирот ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ аз 3 ҳазору 750 сомонӣ (50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба қонуне тағйирот илова шуд, ки мувофиқи он маблағи боҷи давлатӣ барои сабтиноми ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар ду баробар зиёд гардид.

Мувофиқи тағйирот ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ аз 3 ҳазору 750 сомонӣ (50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) ба 7 ҳазору 500 сомонӣ (100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) боло бурда шуд.

Барои сабтиноми созмонҳои байналмилалӣ ё намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон, боҷи давлатӣ аз 7 ҳазору 500 сомонӣ (100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ба 15 ҳазор сомонӣ (200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) афзоиш ёфт.

Ташкилоти ҷамъиятӣ низ аз ин тағйирот канор намонданд, зеро маблағи сабтиноми онҳо аз 750 сомонӣ (10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ба 1500 сомонӣ (20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) зиёд карда шуд.

Ғайр аз ин, тибқи тайғироти нав, акнун вакилони дифоъ низ барои сабтином дар Вазорати адлия маблағи бештар пардохт мекунанд. Аз ҷумла, бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳо аз 1125 сомонӣ (15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ба 2250 сомонӣ (30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва мақоми минтақавии ин ташкилот аз 750 сомонӣ (10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ба 1500 сомонӣ (20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) боло бурда шуд.

Вакилоне, ки мехоҳанд бюрои адвокатӣ таъсис диҳанд, ба ҷойи 600 сомонӣ (8 нишондиҳандам барои ҳисобҳо), акнун 1200 сомонӣ (16 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) маблағ месупоранд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар сол метавонад тағйир ёбад. Дар ҳоли ҳозир, арзиши як нишондиҳанда 75 сомониро ташкил медиҳад.

Дар бораи афзоиши сабтином ба таври комил аз тасвирбаёнҳои “Азия-Плюс” маълумоти дақиқ гиред:

Ин лоиҳаро рӯзи 29-уми май ҳукумати ҶТ мақбул дониста, барои баррасӣ ба порлумон фиристод ва рӯзи 25-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагон онро ба тасвиб расониданд. Рӯзи 1-уми октябр раисҷумҳур дар зери тағйирот ба қонуни мазкур имзо гузошт.  Пас аз як моҳи нашр дар матбуот он ҳукми иҷро мегирад.

Дар ҳоле ки ҳукумат сабабҳои афзоиши ин боҷҳоро ба таври расмӣ шарҳ надодааст, масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ин иқдом метавонад барои ташкилоте, ки захираҳои молиявии маҳдуд доранд, мушкилот эҷод кунад. Афзоиши боҷи давлатӣ чӣ паёмад дорад? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” маълумот бигиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.