Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?

Рӯзи 3-юми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ректорони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе ва Донишкадаи исломии Тоҷикистонро нав кард. Хабарнигори “Азия Плюс” кӯшиш кард, аз ректорҳои тозатаъин дар мавриди нақшаҳояшон  пурсад.   Нақшаҳои ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе Файзализода Баҳрулло, ректори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. […]

Рӯзи 3-юми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ректорони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе ва Донишкадаи исломии Тоҷикистонро нав кард.

Хабарнигори “Азия Плюс” кӯшиш кард, аз ректорҳои тозатаъин дар мавриди нақшаҳояшон  пурсад.

 

Нақшаҳои ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе

Файзализода Баҳрулло, ректори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе гуфт, ки нақшаи асосии ӯ пурра ба рақамикунонии таҳсил нигаронида шудааст.

“Фоизнокии зиёди ихтисосҳои филиали мо дар самти илмҳои дақиқ аст. Аз ин рӯ нияти таъсиси озмоишгоҳи ҳуши маснуиро дорам”, – гуфт ӯ.

Инчунин Файзализода мехоҳад, ки барои ҷорӣ намудани методи интерактивӣ дар ҳамаи синфхонаҳо тахтаҳои ҳушманд ва барои назорати дарс дастгоҳҳои сабти навор ва садоро насб намояд. Ҳамчунин ӯ ҷалби донишҷӯёни хориҷиро ҳадаф гузоштааст.  

“Одатан донишҷӯёни мо дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҷриба меомӯзанд. Барои табодули таҷрибаи донишҷӯён нақша дорам ҳамкориро бо филиалҳои донишгоҳ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистону Чин тақвият бахшам”, – мегӯяд Файзализода.

Ёдовар мешавем, ки Файзализода қаблан ба ҳайси мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.

 

Нақшаҳои ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Абдуалим Аҳтамзода, ректори навтаъини Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа, ки то ин замон мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳрдории Душанбе буд, гуфт, мақсад дорад бо донишгоҳҳои исломии дигар кишварҳо ҳамкориро ба роҳ монад, вале дақиқан нагуфт, ки бо кадом донишгоҳҳо.

“Ҳоло намегӯям, ки бо кадом донишгоҳҳо нақшаи ҳамкорӣ дорам. Баъд аз амалӣ шуданаш мегӯям. Ба вазифаи роҳбарӣ тоза таъин шудам, аввал меомӯзам, баъд барои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо пешниҳод омода мекунам”, – гуфт Аҳтамзода.

Ӯ афзуд, ният дорад, ки фанҳои дақиқро дар барномаи таълимӣ бештар намояд.

Ректори нав дар бораи имконият пайдо кардан ё накардани духтарон барои супоридани имтиҳони дохилшавӣ тариқи ММТ ва таҳсили онҳо дар шуъбаҳои рӯзона дар соли таҳсили 2026-27 изҳори бехабарӣ кард.

“Аммо кӯшиш мекунам, ки дар ин боргоҳи илм ҳеҷ кас, новобаста аз ҷинс, аз таълим дур намонад. Ин боргоҳ барои таълиму омӯзиш таъсис шудааст. Дар мувофиқа бо ниҳодҳои марбута, барои духтарон низ механизми таълим ба роҳ монда мешавад”, – мегӯяд Аҳтамзода.

Қаблан ректори собиқи донишкада Нусратулло Зокирзода дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфта буд, ки то ин дам Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба таври расмӣ хатмкунандагонашро барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои берун аз кишвар ирсол накардааст. Ректори навтаъин мегӯяд, ин масъаларо баррасӣ мекунад.

“Илм нуқсон ва талаби он ҳеҷ вақт хатар надорад. Кӯшиш мекунам лаёқати ирсоли донишҷӯёнро дошта бошам. Ман тарафдори ҳамон чизе ҳастам, ки маърифати маънавию ҳуқуқиро боло мебардорад”, -гуфт Аҳтамзода.

 

Чаро ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон хабарнигорро ронд?

Кӯшишҳои хабарнигори “Азия Плюс” барои суҳбат бо Иброҳимзода Илҳомуддин, ректори навтаъини Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бенатиҷа монд. Хабарнигорро ба қавли онҳо “барои номувофиқ будани либос” (барои пӯшидани шими ҷинсу “кроссовки”) аз бинои донишгоҳ берун карданд. Қудратулло Мирзоев, як ходими донишгоҳ гуфт, рӯзноманигорро бо дастури ректори навтаъин аз дохили бино берун карданд.

Аз ин рӯ, мо натавонистем аз нақшаи ректори навтаъини Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон огоҳ  шавем ва онро барои ҷомеа пешниҳод кунем.

Дар баробари ин, норӯшан монд, ки хабарнигор бояд бо чӣ либос барои гирифтани мусоҳиба назди ректор ҳозир шавад. Зеро чунин муқаррарот дар ҳеҷ як қонуни кишвар сабт нашуда, ҷорӣ кардани он аз сӯйи ректор ҳам мухолифи қонунҳо, аз ҷумла дар самти датрасӣ ба иттилоъ аст.

Бояд гуфт, ки Иброҳимзода Илҳомуддин қаблан директори Инстититути илмӣ-таҳқиқотии “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” -и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.