ШСХК «Барқи тоҷик»: Барои захираи об то ҳадди ниҳоии обанбори «Норак» 17 метр боқӣ монд

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то имрӯз сатҳи об дар обанбори Норак ба


894 метр

баробар буда, барои расидан ба ҳадди ниҳоии он

17 метр

боқӣ мондааст.




Ба иттилои манбаъ, ин ҳафта ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш ба 820-830 метри мукааб дар як сония расидааст. «Дар даҳаи аввали моҳи август ҳангоми 40-43 дараҷа гарм будани ҳарорат миқдори ҷоришавии оби дарёи Вахш 1000-1100 метри мукааб дар як сонияро ташкил медод ва сатҳи об дар як шабонарӯз то

50 сантиметр

боло мерафт», – изҳор дошт манбаъ.



Намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» зикр кард, ки соли гузашта об дар обанбор 17-уми сентябр то ҳадди ниҳоӣ захира гардида буд. «Тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон, ахири моҳи август ва даҳаи аввали моҳи сентябр ҳарорати гармӣ то 40-43 дараҷа боло меравад ва мо умедворем, ки то ахири моҳи сентябр дар обанбор об то ҳадди ниҳоӣ захира хоҳад гардид», – гуфт намояндаи ширкат.



«Айни замон ҳамарӯза сатҳи об то

17 сантиметр

боло меравад ва ҳарчанд то сатҳи ниҳоӣ

17 метр

боқӣ монда бошад ҳам, дар ҷумҳурӣ реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нагардидааст», – таъкид сохт манбаъ.


Реклама на asia+

Дар доираи татбиқи барномаи таҷдиди соҳаи маорифи Тоҷикистон 10 номгӯи китоби дарсии нав нашр шуд

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Вазорати маорифи Тоҷикистон муаррифии 10 номгӯи китоби дарсии нав барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мешавад.




Аз Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки китобҳо дар доираи татбиқи барномаи таҷдиди соҳаи маорифи Тоҷикистон нашр шудаанд. «Яке аз самтҳои асосии табиқи барнома нашр ва тақсими китобҳои дарсие мебошад, ки бар асоси дастовардҳои навтарини нақшаҳои таълимӣ тартиб дода шудаанд», – изҳор дошт манбаъ.



Китобҳои таълимии тоза ба нақшаҳои таълимии мактабҳо ва меъёрҳои амалкунанда ҷавобгӯ буда, дар нашриётҳои «Собириён», «АВА», «Ксерокс Ленд», «Бахт», «Мавлавӣ ва «Матбуот» ба табъ расидаанд.



Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар доираи татбиқи Барномаи таҷдиди соҳаи маорифи Тоҷикистон 50 номгӯи китобҳои дарсии нав ба миқдори 4 млн. 217 ҳазору 500 адад нашр шудаанд, ки ҷиҳати чопи онҳо 4,7 млн. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст. Китобҳо ба макотиби таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шудааст.


Реклама на asia+

Деҳқонони Хатлон дар пойтахт намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ барпо мекунанд

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи оянда деҳқонони вилояти Хатлон ният доранд, дар пойтахт намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ барпо намоянд.




Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки рӯзҳои 15-16-уми август деҳқонони вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе беш аз 130 тонна маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхтанд. Дар намоишгоҳи кишоварзони вилояти Суғд дар бозори Қарияи Боло ба харидорон анвоъи сабзавот, орд, гӯшт, биринҷ пешкаш гардиданд, ки нархи маҳсулот нисбат ба бозорҳои шаҳр ба андоза 30-40 фоиз арзонтар буд.



Қобили зикр аст, ки чанде қабл деҳқонони ноҳияи Ваҳдат дар 14 маҳаллаи пойтахт ва бозорҳои «Шоҳмансур ва «Баракат» 384 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба фурӯш бароварда буданд.

 



Реклама на asia+

Рӯзҳои наздик дар пойтахти ҷумҳурӣ «Боғи устод Рӯдакӣ» мавриди истифода қарор мегирад

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми 25-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи «Боғи устод Рӯдакӣ» доир мегардад.




Сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар маросими ифтитоҳ ширкати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, вакилони мардумӣ, мақомоти шаҳрдории пойтахт ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон дар назар аст.



«Барои таҷдиду бозсозии боғ, ки қаблан боғи марказии истироҳату фароғат ном дошт, 17 миллион сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст», – гуфт ӯ.



Ба қавли Ш.Саидов, дар як вақт ҳамчунин ифтитоҳи маҷмааи ёдбуди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ низ доир мегардад. Ёдрас мекунем, ки корҳои сохтмонии таҷдиди боғи мазкур моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шуда буданд.

 



Реклама на asia+

Тоҷикистон дар ҳисоби ғайрирасмии умумидаставӣ дар Олимпиадаи Пекин ҷойи 57-умро ишғол мекунад

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дастаи Тоҷикистон дар мусобиқоти Олимпиадаи Пекин 2 медал ба даст оварда, ҳамроҳи дастаҳои олимпии Қирғизистон, Алҷазоир, Колумбия ва Сербия байни 80 кишвари медалҳои олимпӣ ба даст оварда, дар ҷойи 57-ум қарор дорад.


Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки акнун ҳамаи варзишгарони ҷумҳурӣ мусобиқоти худро дар олимпиада ба итмом расонида, ба ширкат дар маросими расмии пӯшидашавии бозиҳо омодагӣ мегиранд.






Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқоти гӯштини тарзи озоди Бозиҳои Олимпии Пекин дар вазни то




84 кг

варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ба медали нуқра сазовор гашт. Медали нахустинро (биринҷӣ) дзюдочии тоҷик Расул Боқиев ба даст овард. Ҳамчунин боксчиёни тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов дар қатори панҷ нафар боксчиёни беҳтарини олимпиада ҷой гирифтанд. Варзишгарони тоҷик дар олимпиада бори нахуст ба чунин дастовард ноил гаштанд.




Реклама на asia+

ИМА ба Тоҷикистон барои таҳкими амният маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ба Тоҷикистон барои таҳкими амният маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо назардошти ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ маросими ба имзорасии ворид намудани тағйирот ба созишномаи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаи амният баргузор мешавад.




Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки созишномаи мазкур ҳамчунин роҳандозии чорабиниҳои мубориза бар зидди маводи мухаддир ва таҳкиму беҳбуди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро низ дар бар мегирад.



Асноди ҳамкориро сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба имзо мерасонанд. Маросими ба имзо расидани созишнома дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон доир мегардад.


Реклама на asia+

ИМА иншооти сарҳадиро дар Панҷи Поён ба ҳукумати Тоҷикистон супурд

0


Душанбе. 22-уми август ОИ «Азия-Плюс» –


Санаи 19 августи соли 2008 Ҳайати муҳандисони артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) иншооти сарҳадиро дар Пан


ҷ


и Поён ба маблағи 6,5 миллион доллар ба Хадамоти гумруки То


ҷ


икистон супориданд. Иншооти мазкур маркази пешвозгир


ӣ


, дидбонгоҳҳои посбон


ӣ


, толори сан


ҷ


иши бор, гузаргоҳи пиёдагардон ва манзилҳои истиқомат


ӣ


барои хизматчиёни сарҳадию гумрук, ки дар ин нуқтаи гузаргоҳи сарҳад


ӣ


фаъолият мебаранд, дар бар мегирад. Ин беҳбудиҳо иқтидори бехатарии сарҳади То


ҷ


икистонро пурз


ӯ


р мекунад ва инчунин гардиши осони саёҳатчиёну борро байни То


ҷ


икистону Афғонистон таъмин месозад.




Иншооти сарҳадии мазкур ба к


ӯ


пруки ву


ҷ


уддошта, ки ду кишварро дар Пан


ҷ


и Поён пайваст мекунад, илова аст. К


ӯ


прук соли 2007 аз тарафи Иёлоти Муттаҳида ба маблағи 28 миллион доллар бунёд шуда буд. Марҳилаи навбатии лоиҳа ин иншооти алоҳидаи гумрук


ӣ


мебошад, ки дар нақша аст соли оянда ба итмом расад. К


ӯ


прук барои афзоиши савдо байни То


ҷ


икистон ва кишварҳои ҳамсоя пешбин


ӣ


шудааст, ки он ба савдои афзунёфтаю рушди иқтисодии тамоми Осиёи


Ҷ


ануб


ӣ


ва Марказ


ӣ


такон мебахшад.

  




Иёлоти Муттаҳида ҳарсол ба маблағи зиёда аз 40 миллион доллар ба То


ҷ


икистон к


ӯ


мак мерасонад. Ин маблағҳо дар бехтар


ӣ


, рушди иқтисод


ӣ


, озодии демократии То


ҷ


икистон ва тандурустию таҳсили шаҳрвандони то


ҷ


ик саҳми худро доранд. Дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.






 

Реклама на asia+

Р.Шарма: Зимистони имсола дар Тоҷикистон мисли зимистони соли гузашта душвор нахоҳад буд

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки ҷаҳонӣ бар он назар аст, ки зимистони имсола дар Тоҷикистон мисли зимистони соли гузашта душвор нахоҳад буд.


Мутахассиси калони соҳаи энергетикаи минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон хабар дод, ки масъалаи мазкур аз истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар вобаста аст.




«Агар оби захирашуда дурусту оқилона истифода бурда шавад, зимистон мушкилоти зиёде ба бор нахоҳад овард», – гуфт ӯ ва афзуд, ки тибқи маълумоти ба ӯ расида, айни замон сатҳи оби обанбори Норак ба


900 метр

расидааст.



Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистону Туркманистон дар бобати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ қарордод ба имзо расонидаанд ва дар фасли зимистон аз Ӯзбекситон низ нерӯи барқ ворид карда мешавад.



Р.Шарма зикр кард, ки соли равон аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани ду агрегати нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 300 МВт зиёдтар мешавад. Ғайр аз ин, Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати барқарориву бозсозии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбеву ноҳияи Ёвон ва беҳбуди шабакаҳои тақсими нерӯи барқ кӯмаку мусоидат менамояд.



«Ин чорабиниҳо ба таъмини бозори дохилӣ бо нерӯи барқ нигаронида шудаанд», – таъкид сохт ӯ.



Мавсуф

  

зикр кард, ки баъди чор сол аз Туркманистон ба воситаи қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон лӯлаи интиқоли газ сохта хоҳад шуд. «


Бонки ҷаҳонӣ дар сохтмони он ширкат меварзад ва айни ҳол асноди заминаи иқтисодиву техникии лоиҳа тайёр карда мешаванд», – афзуд Р.Шарма.




Реклама на asia+

Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилалии баҳодиҳӣ ба сифати нахи пахта мегузарад

0


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон меъёрҳои умумии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро (ИМА) оид ба нахи пахта чун меъёрҳои байнулмилалӣ қабул менамояд.




Имрӯз сармутахассиси раёсати робитаҳои байнулмилалии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Тиловмурод Дониёров ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки иқдоми мазкур бо мақсади баҳодиҳии воқеии сифати нахи пахта, афзоиши нарху имконоти содироти он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсолкунандагону сармоягузорон роҳандозӣ мешавад.



Мавсуф зикр кард, ки тибқи маълумоти мушовирони байнулмилалии Бонки рушди Осиё, фурӯхтани нахи пахтаи тоҷик бо меъёрҳои байнулмилалӣ имкон медиҳад, ки қиммати он ба андозаи 80-82 доллари амрикоӣ зиёдтар карда шавад, ки дар натиҷа аз 10 то 15 млн. доллари амрикоӣ фоидаи иловагӣ ба даст хоҳад омад.



Мутахассисони вазорати кишоварзӣ дар ҳамдастӣ бо коршиносони хориҷӣ ва Бонки рушди Осиё бар асоси шаш меъёри Департаменти кишоварзии ИМА меъёри техникии нахи пахтаро таҳия сохтанд, ки аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» тасдиқ гардида, ба рӯйхати давлатӣ дохил карда шуданд.



Барои гузаштан ба меъёрҳои байнулмилалии баҳодиҳӣ ба сифати нахи пахта ҳалли як қатор масоили истеҳсол ва фурӯши он зарур аст. «Бо ин мақсад вазорат бо ҷалби коршиносону мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таъсиси гурӯҳи ҳамоҳангсозро дар сатҳи ҳукуматӣ пешниҳод менамояд», – гуфт дар анҷом Т.Дониёров.


Реклама на asia+

Юсуф Абдусаломов ба медали нуқраи Олимпиада сазовор гашт

0


             Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусобиқоти гӯштини тарзи озоди Бозиҳои Олимпии Пекин дар вазни то


84 кг

варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ба медали нуқра сазовор гашт.





 



Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Ю.Абдусаломов бо ҳисоби 3 бар 9 аз гӯштингири гурҷӣ Ревази Миндоришвили шикаст хӯрд.



«Ю.Абдусаломов дар қувваозмоии ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби 8 бар 0 рақиби австралиягии худро мағлуб сохта, дар қувваозмоии чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 7 бар 0 бар варзишгари украинӣ Тарас Данко дастболо гардид, – гуфт ӯ. –


Дар қувваозмоии нимниҳоӣ Юсуф Абдусаломов варзишгари Туркия Серхат Балчиро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод.



Ҳамин тариқ, ҳамаи 15 нафар варзишгарони тоҷик ширкати худро дар мусобиқоти Олимпиада ба анҷом расонида, дар натиҷа соҳиби ду медал шуданд.



Ёдрас мекунем, ки медали нахустинро (биринҷӣ) дзюдочии тоҷик Расул Боқиев ба даст овард. Ҳамчунин боксчиёни тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов дар қатори панҷ нафар боксчиёни беҳтарини олимпиада ҷой гирифтанд. Варзишгарони тоҷик дар олимпиада бори нахуст ба чунин дастовард ноил гаштанд.


Реклама на asia+