Швейтсария ба Тоҷикистон шаш беморхонаи сайёр медиҳад

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ёвари ҳамоҳангсози барнома оид ба офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ Имомбердӣ Бердов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки имрӯз аз ҷониби Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи «


WAW


» ба Тоҷикистон шаш беморхонаи сайёр дода мешавад.




Бино ба иттилои манбаъ, қувваҳои мусаллаҳи Швейтсария то соли 2010 бо лавозимоту таҷҳизоти нави тиббӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд, аз ин рӯ қарор шудааст, беморхонаҳои сайёрро, ки дар шароити гуногун метавон онро истифода намуд, ба Тоҷикистон дода шавад.



Арзиши як беморхонаи сайёр 72,3 ҳазор франки швейтсариро ($66 ҳазор) ташкил дода, маблағи умумии кӯмаки гуманитарӣ ба 400 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст. Беморхонаҳои сайёр дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва водии Рашт ҷойгир карда мешаванд.


Корманди бонки пойтахт ба номи нахустин ҷоизадори бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Расул Боқиев фонди махсус боз карданист

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи дар ноҳияи Сино будаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» Муллоёр Ёров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба номи нахустин ҷоизадори бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Расул Боқиев фондии махсус боз карданист.




Ба қавли ӯ, дар шӯъбаи мазкури бонк аллакай ба номи дзюдочии тоҷик Расул Боқиев суратҳисоби бонкӣ кушода шудааст ва рӯзҳои наздик масъалаи боз намудани фонди махсус низ ҳал мегардад.



«Пардохти аввалини ман ба ин суратҳисоб 300 сомонӣ аст ва ман мутмаинам, ки мардуми тоҷик маро дастгирӣ намуда, хизмати шоистаи Р.Боқиевро қадр хоҳад кард», – гуфт вай.



Мавсуф ҳамчунин баён дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон бобати омода сохтану ба Пекин фиристодани 15 нафар варзишгар кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, аз ӯҳдаи он бо сарбаландӣ баромадааст ва медали Расул Боқиев самараи ҳамин кӯшишу заҳматҳост.



Корманди бонк ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳамаи хоҳишмандон дар дохилу хориҷи кишвар имкон доранд ба суратҳисоби варзишгар маблағ гузаронанд.


Дар дарёи Зарафшон чор нафар шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Тоҷикистон ғарқ шуданд

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – «


BBC




Persian


.


com


» – Чаҳор тан аз роҳсозони чиноӣ ва як шаҳрванди тоҷик дар рӯдхонаи Зарафшон дар шимоли Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

 





Тибқи иттилоъи манобеъи кумитаи умури изтирорӣ дар вилояти Суғд, ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе, 11 август, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух додааст.



Гуфта мешавад, ки чаҳор шаҳрванди чиноӣ ва як шаҳрванди Тоҷикистон, ки коргарони ширкати «Чайна роуд» ҳастанд, дохили мошине будаанд ва он дар рӯдхона сарозер шудааст.



Ниҳодҳои умури изтирорӣ гуфтаанд, ки то ҳол ҷасади се шаҳрванди Чинро аз рӯдхонаи Зарафшон пайдо кардаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади ду нафари дигар идома дорад.


Муовини раиси ҲСДТ: Хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати ИДМ амри табиист

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) раванди пароканда гардидани ин иттиҳод шурӯъ мешавад.




Ба қавли ӯ, қарори ҳукуматдорони гурҷӣ амри табиӣ аст. «Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ду ҷониби разманда дар як иттиҳод буда наметавонанд, вале бо хориҷ шудани Гурҷистон мушкилоти дохилии иттиҳод на танҳо ҳал намешаванд, балки баръало зоҳир мегарданд», – гуфт ӯ. Мавуф мегӯяд, ки дар қаламрави ИДМ оид ба ин ё он масъала ихтилофи назарҳои зиёде ҷой доранд.



«Қобили зикр аст, ки омилҳои иҷтимоии мавҷудияти иттиҳод хеле заифанд», – қайд кард Ш.Ҳакимов. Коршинос таъкид сохт, ки кишварҳо ба узвият дар ин ё он созмон бояд аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ муносибат намоянд.



«Ҳангоме ки аз вазъи бӯҳронӣ ҷаҳониён изҳори нигаронӣ намуданд, мақомоти роҳбарии ИДМ зарур нашуморид, ки ҷаласаи таъҷилӣ даъват созад, то ба ҳалли мушкилоти минтақа мусоидат кунад, – зикр кард ӯ. – Пас ИДМ барои чӣ лозим аст?». Мавсуф баён дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи таъҷилӣ доир намуда, масъалаи вазъи Осетияи Ҷанубиро дар сатҳи байнулмилалӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дод. «Аз ин рӯ, ман бар ин назарам, ки зуд ё дертар давлатҳои Украина, Молдова ва Озарбойҷон низ хоҳиши аз ҳайати ИДМ хориҷ шуданро хоҳанд кард», – гуфт дар анҷом Ш.Ҳакимов.


Дар садамаи нақлиётӣ кӯдаки 4-сола ба ҳалокат расид

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ кӯдаки 4-сола ба ҳалокат расид.




Аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки ронандаи автомашинаи навъи «Газел» Дилшод Ғайратов ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, Абӯбакр Шамшоди 4-соларо бо мошин пахш мекунад.



Бар асари бардоштани захмҳои ҷисмонӣ кӯдак дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба амал омад, ки дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.


Созишномаи бунёди нирӯгоҳи «Сангвор» дар Душанбе ба имзо мерасад

0



Душанбе




. 13-




уми








август




.




ОИ





«





Азия









Плюс




» –




Ширкати




«Theban Electric Apparatus Stock Co Ltd» (CTEAS)-




и








Чин








тасмим








гирифтааст








дар








р




ӯ




дхонаи








Хингоб








н




e




р




ӯ




гоҳи








барқи








обии









Сангвор




“-




ро








бунёд








кунад




.







Дар ҳамоиши ахири кумисиюни байниҳукуматии иқтисодиву ти


ҷ


оратии То


ҷ


икистону Чин миёни ин ду кишвар дар мавриди ҳамкориҳои тарафайн, аз


ҷ


умла дар бахши энержии об


ӣ


, чанд санади ҳусни тафоҳум ба имзо расидааст. Аз


ҷ


умлаи ин санадҳо бунёди нер


ӯ


гоҳи баржи обии «Сангвор» дар р


ӯ


дхонаи Хингоб аст.



 Бар тибқи нақша, иқтидори лоиҳавии нер


ӯ


гоҳи «Сангвор» 800 мегаватт ва ҳа


ҷ


ми сармояи тахминии бунёди он ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоист.



 Бино бар иттилоъи вазорати энержии То


ҷ


икистон, дар ҳамоиши ахири байниҳукуматии ин ду кишвар санади ҳусни тафоҳум дар соҳаи энерж


ӣ


низ имзо шудааст.



 Бар тибқи ин санад, ширкати мазкури чино


ӣ


асоснокии фаннии тарҳи бунёди нер


ӯ


гоҳи барқи обии «Сангвор»-ро мушаххас хоҳад кард, ки тасмим аст он бо усули «Биоти» ан


ҷ


ом шавад.



 

          

Гуфта мешавад, қарордоди бунёди нир


ӯ


гоҳи «Сангвор» ҳангоми сафари Ҳу Тзин Тао, раиси


ҷ


умҳури Чин, ба Душанбе дар моҳи августи соли


ҷ


ор


ӣ


ба имзо шавад.



 

          

Қаблан ширкатҳои чиноии

«TBEA»

ва

«Sinohidro»

-и Чин ба бунёди нер


ӯ


гоҳи барқи обии «Нуробод-1», дар шарқи То


ҷ


икистон, тава


ҷҷ


уҳ зоҳир карда буданд.  Бар тибқи нақша, ин ширкатҳо бояд аз тасмими худ дар мавриди бунёди нер


ӯ


гоҳи мазкур то интиҳои моҳи феврали соли


ҷ


ор


ӣ


хабар медоданд, ҳарчанд то ҳан


ӯ


з ин кор сурат нагирифтааст.


Тарҳи мазкур дар ҳудуди 300 миллион доллари амрико


ӣ


аст.


Деҳқонони Қубодиён дар Кӯлоб маҳсулоти худро бо нархи арзон мефурӯшанд

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар ду маҳаллаи аҳолинишини шаҳри Кӯлоб намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Қубодиён шурӯъ шуд.




Раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Қубодиён Қосим Ҷебов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кишоварзони ноҳия ба шаҳри Кӯлоб беш аз 70 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 40 сар чорвои майда оварданд.



Ба гуфтаи ӯ, маҳсулот бо нархи нисбатан арзон ва хоҳишнамудаи сокинони маҳаллаҳо фурӯхта мешавад. «Пас аз огоҳӣ бо нархҳои бозорҳои шаҳр мо нархи маҳсулоти худро 60 фоиз арзонтар кардем», – гуфт К.Ҷебов. Барои намуна, агар дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб арзиши як кило сабзӣ се сомонӣ муқаррар шуда бошад, дар намоишгоҳ онро бо арзиши 1 сомонӣ харидан мумкин буд. Тарбуз ҳам бо чунин нарх фурӯхта мешуд.


Дар Душанбе масъалаи роҳи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор мавриди баррасӣ қарор мегирад

0


Душанбе. 13-август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар Душанбе конфронс таҳти унвони «Чораҳои ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва татбиқи стратегияи иттилоотии Комиссияи миллӣ» доир мегардад, ки дар он масъалаи роҳи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.




Аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар конфронс намояндагони мақомоти марбутаи соҳаи пахтакорӣ оид ба мушкилоти соҳа, чораҳои андешида бобати пардохти қарз ва таъмини иттилоотии ислоҳоти соҳаи пахтакорӣ табодули назар хоҳанд кард.



Конфронсро Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии Канада оид ба рушди байнулмилалӣ созмон медиҳад.



Ёдрас мекунем, ки қарзи хоҷагиҳои пахтакор дар соли 2007 409 млн. доллари амрикоиро ташкил дод. Соли равон хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ба механизми нави сармоягузорӣ гузаштанд, яъне қарздиҳӣ бевосита тавассути бонкҳо сурат гирифт. Дар ҷумҳурӣ 34 ноҳияи пахтакор мавҷуд аст, ки 19-тои он дар вилояти Хатлон, 10-то дар вилояти Суғд ва 5-тои он дар ноҳияи тобеи марказ ҷойгир шудаанд.


Дар Маскав ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия доир мегардад

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 15-уми август дар шаҳри Маскав ҷаласаи 9-уми комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия доир мегардад, ки дар он вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.




Сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон дар Маскав гурӯҳи корӣ қарор дорад, ки масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро омода месозад.



Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа бо иштироки раисони комиссия – муовини аввали сарвазири ҶТ Асадулло Ғуломов ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, илму маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра муҳокима хоҳанд гардид.



Сомонаи расмии вазорати рушди иқтисод ва савдои Русия иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа протокол ба имзо хоҳад расид.


Дар як қатор ноҳияҳои Хатлон чиниши дастии пахта шурӯъ шуд

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар як қатор ноҳияҳои Хатлон чиниши дастии пахта шурӯъ шуд.




Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки соли равон ҳарорат хеле гарм омад ва дар ноҳияҳое, ки замини кишти пунбадона ба таври бояду шояд обёрӣ гардид, кӯракҳо 10-15 рӯз пештар ба шукуфтан даромаданд, вале одатан дар ин минтақа ҷамъоварии ҳосил пас аз 20-уми август шурӯъ мегардид.



Тибқи маълумоти вазорат, аз майдони умумии 242 ҳазору


439 гектар

заминҳои кишти пунбадона дар майдони 232 ҳазору

836 гектар

ба шукуфтан даромадани кӯракҳои ниҳоли пунбадона ба чашм мерасанд. «Дар 6 ҳазору

286 гектар

кӯракҳо дар ҳоли шукуфтан қарор доранд», – изҳор дошт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар майдони 254 ҳазору

279 гектар

кишти пунбадона гузаронида шуда, ба миқдори 419 ҳазору 597 тонна ё худ 76,3 фоизи нақшаи пешбинишуда ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.