Ширкати Санкт-Петербург барои кор дар Русия аз Тоҷикистон мутахассис интихоб мекунад

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ширккати «Техномодум»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия ният дорад, дар Русия муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо кор таъмин намояд.




Роҳбари гурӯҳи ширкат Денис Заятс, ки чанде қабл ба Душанбе омад, изҳор дошт, ки масоили ҳамкорӣ дар ин самт зимни мулоқоташ бо муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Субҳиддин Ашӯров баррасӣ шуданд.



Ба гуфтаи Д.Заятс, ӯ аъзои комиссия оид ба муҳоҷирати меҳнатии мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург мебошад. «Мо ният дорем, аввал дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони меҳнатӣ курсҳои омӯзиши касб, огоҳӣ бо қонунгузории Русия ва забони русӣ ташкил намуда, сипас онҳоро ба кор ҷалб кунем», – гуфт вай.



Мавсуф зикр кард, ки ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар назар аст. Ҳамчунин бо шаҳрвандоне, ки тавассути дастгирии вазорат хоҳиши кор дар ширкатро доранд, мулоқоту вохӯриҳо доир карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар доираи сафар Д.Заятс аз намоишгоҳҳои ҷойҳои кории холӣ дар пойтахт (14-уми август) ва шаҳри Хуҷанд (16-уми август) низ боздид хоҳад кард.



Д.Заятс иброз дошт, ки ширкат қаблан низ дар сатҳи ҳамкорӣ бо муассисаву агентиҳои хусусӣ ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ сарукор доштааст, вале аз моҳи апрели соли равон ҳамкориро дар сатҳи расмӣ ба роҳ мондааст. Дар чаҳорчӯбаи ин ҳамкорӣ ширкати «Техномодум» 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷои кор таъмин кардааст.



Қобили зикр аст, ки ширкати «Техномодум» дар соҳаи хизматрасонӣ ба корхонаҳои саноатӣ фаъолият дорад ва дар он ҳудуди 1 ҳазор нафар машғули кор мебошанд.


Ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 14-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ҷаноби Ларс Таннелро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Дар мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.




Имрӯз менеҷери Лоиҳа оид ба рушди муҳити корӣ дар Тоҷикистон Венде Вернер ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки зимни сафари серӯза Л.Таннел бо муштариёни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки аввалини хурди молиявӣ» ва раҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» мулоқот хоҳад орост.



Интизор меравад, ки ноиби президенти корпоратсия 15-уми август ба Хоруғ сафар намуда, дар он ҷо бо фаъолияти ширкати энергетикии «Помир-Энержи» аз наздик ошно мегардад ва бо раиси вилоят низ дидору гуфтушунид хоҳад кард. Рӯзи шанбе Л.Таннел дар Хуҷанд бо раҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» мулоқот доир мекунад.



«Боздиди мазкур гувоҳи он аст, ки корпоратсия ният дорад, муносиботи шарикии худро бо Тоҷикистон густариш диҳад ва ба рушди соҳибкории рақобатпазир, беҳбуди дастрасӣ ба сармоягузорӣ ва тавсеъаи ҳамаҷонибаи муносиботи ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат намояд», – таъкид сохт В.Вернер.


Гурӯҳҳои кории Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи бахши кишоварзӣ озими минтақаҳои кишвар шуданд

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади муайян кардани вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳияи тавсияҳо баҳри ба даст овардани нишондиҳандаҳои истеҳсолии баланд Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовинони вазир гурӯҳҳои корӣ ташкил намуд ва чанде қабл ин гурӯҳҳо озими минтақаҳои ҷумҳурӣ шуданд.




Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ба ҳайати он 35 нафар мутахассисону коршиносони бахши кишоварзӣ шомил гаштанд.



Ба гуфтаи ӯ, зимни сафар аъзои гурӯҳ масоили рушди соҳаи пахтакорӣ, омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии пахта, тайёр кардани тухмӣ барои кишт дар мавсими соли 2009, таъмини кишоварзон бо нуриҳои минералӣ, баргузории намоишгоҳҳои кишоварзон ва дигар масоили ҳалталаби соҳаро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Аз рӯи натиҷаҳои сафар аъзои гурӯҳ ҳисобот ва тавсияву пешниҳодотро ҷиҳати вазъи воқеии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ омода сохта, онро ба раҳбарияти вазорат пешниҳод хоҳанд сохт, то барои ҳалли он чораҳои зарурӣ андешида шавад.



Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи кориро ба вилояти Суғд муовини аввали вазири кишоварзӣ Султон Валиев, ба вилояти Хатлон муовини вазир Шукрулло Раҳимназаров, ба водии Рашт ва Бадахшон муовини вазир Сиҷоуддин Исроилов ва ба ноҳияҳои тобеи марказ муовини вазир Маҳмуд Қодиров роҳбарӣ мекунанд.


Намояндагони Сенати ИМА дурнамо ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрикоро дар масъалаи назорати маводи нашъаовар меомӯзанд

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сенаторҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷейсон Брудер ва Крис Сок, ки дар шаҳри Душанбе қарор доранд, дурнамо ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрикоро дар масъалаи назорати маводи нашъаовар меомӯзанд.




Аз агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки директори агентӣ Рустам Назаров бо сенаторон мулоқот ороста, онҳоро


бо вазъи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар ҷумҳуруиву минтақа, фаъолияти мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ ва чораҳои андешидаи ҳукумат дар ин самт ошно сохт. Ӯ сатҳи ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистонро дар мубориза алаҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир қаноатбахш арзёбӣ намуд.




Президент баҳри омадагии ҳамаҷониба ба зимистон ва тезонидани корҳои таъмири шабакаҳои барқу гармидиҳии Душанбе ва Ёвон супоришоти муша

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –


Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи и


ҷ


роия ва мушовирони давлатии сарвари давлат, роҳбарони як катор вазорату идораҳои дахлдор оид ба омодаг


ӣ


ба зимистон машварати кор


ӣ


доир намуд.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар бораи рафти и


ҷ


рои қарорҳои Ҳукумат ва дастуру супоришҳои Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон оид ба омодаг


ӣ


ба зимистони солҳои 2008-2009 гузориши вазири энергетика ва саноат

 

Гул Шерал


ӣ


, раиси ширкати «Барқи то


ҷ


ик» Шариф Самиев ва роҳбарони дигар идораҳои масъул шунида шуд.



Зикр гардид, ки соли равон дар


ҷ


умҳур


ӣ


970 нуқтаи фур


ӯ


ши ангишт кушода шуда, дар ҳафт моҳи соли равон 75 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст. Хадамоти марбута ва соҳибкорон дар ин давра ба ҷумҳурӣ 17 ҳазор тонна гази моеъ ворид карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазор тонна зиёдтар аст.




           



Президент баҳри омадагии ҳамаҷониба ба зимистон, зиёд кардани теъдоди нуқтаҳои фурӯши ангишт, гази моеъ ва тезонидани корҳои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқу гармидиҳии Душанбеву Ёвон ба масъулини соҳа супоришоти мушаххас дод.




 

«Ҳамсоягон бояд оштӣ созанд, на ин ки иғво ангезанд», – изҳороти раиси диаспораи гурҷиҳо дар Тоҷикистон Юрий Нетревели

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Раиси диаспораи гурҷиҳо дар Тоҷикистон Юрий Нетревели аз даргириҳои ба вуқӯъ пайвастаи миёни ду халқи бародар – гурҷиҳову осетинҳо изҳори таассуф намуда, ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» гуфт, мушкилот барои он рӯйи кор омад, ки аз оғоз ҷиҳати ҳалли он сиёсатмадорон камар бастанд. Ӯ чунин мешуморад, ки айни замон баъзе аз ҳамсоягон метавонистанд роҳҳои оштӣ сохтани халқҳоро ҷустуҷӯ намоянд, вале баръакс, онҳо ин ду халқи бародарро ба ҳам иғво меандозанд.




Ю. Нетревели чунин изҳори ақида кард: «Боиси нигаронист, ки намояндагони ду халқе, ки тӯли ҳазорсолаҳо ҳамсояҳои хуб буданд, имрӯз хуни якдигар мерезанд ва ба ин онҳо гунаҳкор нестанд. Масъалаи муносибати мардуми гурҷиву осетинҳоро сиёсатмадорон ҳал карданд. Ин масъаларо сари мизи гуфтушунид бояд оқсақолон ва зиёиён ҳаллу фасл мекарданд, вале онҳо ҳеҷ ташаббусе нишон надоданд. Ғайр аз ин, изҳорот ва дахолати кишварҳои дигар, ки бояд ба оштӣ додани тарафҳо бикӯшанд, баръакс вазъро муташанниҷтар месозад».



Дар мавриди шарҳи изҳорот бобати қатли ом намудани халқи осетин аз ҷониби Гурҷистон Ю.Нетревели изҳор дошт, ки алҳол омода нест, онро шарҳу тафсир диҳад. «Гап сари он аст, ки иттилооти ба ман расида якҷониба аст ва тасаввурот низ якҷониба ҳосил мегардад, – гуфт ӯ. – Аз Гурҷистон дар бораи вазъият мо иттилооте нагирифтаем, вале ман бори дигар таъкид месозам, ки агар ҳамсоя амну осудагии ҳамсояашро бихоҳад, ӯ ба изҳороти ҳангомадор роҳ намедиҳад, зеро чунин амал вазъро боз ҳам бадтар месозад».

 


 



Кишоварзони ҷумҳурӣ 363 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карданд

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз кишоварзони ҷумҳурӣ 363 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карданд, ки 306 ҳазор тоннаи онро гандум ташкил медиҳад.




Сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон зироати ғалладона аз майдони умумии 248 ҳазор гектар дар беш аз 191 ҳазор гектар даравида шуд. Ба қавли ӯ, ҳосили


178 гектар

замин кӯфта шуда, он ҳудуди 335 ҳазор тоннаро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ба ҷамъоварии ҳосил беш аз 270 комбайни ғалладарав сафарбар карда шуданд, ки ҳамарӯза ҳосили 4-5 гектарро ҷамъоварӣ мекунанд.



Дар ҳамин ҳол, мегӯяд Н.Додобоев,

 

дар майдони

108,7 гектар

кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин ба 107,7 фоизи иҷрои нақша баробар аст. Дар заминҳои холишуда дар 23 ҳазор гектар ҷуворимакка, дар 6 ҳазор гектар шолӣ, дар беш аз 10 ҳазор гектар зироатҳои дигари техникӣ, дар

730 гектар

картошка ва дар 1 ҳазору

637 гектар

зироатҳои полизӣ такороран кишт шуданд.



Ёдрас мекунем, ки соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ ӯҳдадор шуданд, ки ҳудуди 700 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оранд. «Соли гузашта дар майдони 273 ҳазору

403 гектар

зироати ғалладона кишт шуда, 931 ҳазору 204 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд, ки 649,3 ҳазор тоннаи онро гандум ташкил

 

мекард», – афзуд сарчашма.

 



 

Дар Суғд табибони оилавии ноҳияи Ашт беҳтарин дониста шуданд

0


Хуҷанд. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои озмуни «Дастаи беҳтарини тибби оилавӣ», ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар қасри Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, табибони оилавии ноҳияи Ашт беҳтарин дониста шуданд.




Дар Хуҷанд дастаҳои ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом ва шаҳрҳои Чкаловску Хуҷанд ширкат варзиданд. Ҳайати дастаҳо аз пизишк ва ҳамшираи шафқат иборат буд.



Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи кормандони тибби оилавӣ Гавҳар Пӯлодова, барои ширкат дар озмун доштани диплом ё гувоҳнома ва собиқаи кории на кам аз як сол ҳатмӣ буд. Ғайр аз ин пизишкон дар ноҳияву шаҳрҳо низ аз озмун гузаштанд.



Иштирокчиёни озмун на танҳо аз рӯи малакаҳои касбии кори тиббӣ, балки аз рӯи қироати шеърҳои шоирони маъруфи тоҷик низ аз санҷиш гузаштанд.



Мақоми аввал насиби пизишкони ноҳияи Ашт, ҷои дуввум насиби табибони шаҳри Чкаловск ва зинаи саввумро пизишкони ноҳияи Ҷаббор Расулов ишғол намуданд. Ба ғолибон телевизор,


DVD


, телефонҳои мобилӣ ва дастгоҳҳои аксбардорӣ тақдим карда шуданд. Давраи ниҳоии озмун дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.


Дар ҳафт моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 4 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 4 тоннаву 98 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз зиёдтар мебошад.




Аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда 1 тоннаву 266 килояш маводи сахттаъсири ҳероин, 1,5 тоннааш афюн ва 1 тоннаву 330 килояш маводи нашъаовари каннабис мебошанд.



Ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввал кормандони агентӣ аз 60 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, 1 тоннаву 61 кило маводи нашъаоварро мусодира карданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 88 фоиз бештар аст.


Имрӯз дар Душанбе гирандагони идрорпулии президентӣ муайян карда мешаванд

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе 30 нафар гирандагони идрорпулии президентиро дар соли хониши 2008-2009 муайян мекунанд.




Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби комиссия ва гурӯҳи коршиносон дар ноҳияҳои пойтахт озмун доир карда шуда, 70 нафар номзад пешниҳод шуд, вале комиссияро зарур аст, танҳо 30 нафарро интихоб намояд.



Ба қавли ӯ, ба ҳайати комиссия намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе шомил мебошанд.



Ёдрас мекунем, ки идрорпулии президентӣ барои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбиву техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо соли 2005 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандкунии хонандагон ва дастгирии иҷтимоии толибилмону фаъолу аълохон тасдиқ шуда буданд.