Дар ноҳияи Мӯъминобод МТС-и қарни ХХ-ро аз нав барқарор сохтанд

0



Кӯлоб. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар деҳаи Диндӯстони ноҳияи Мӯъминобод коргоҳи хизматрасонии мошинҳову тракторҳо, ки дар қарни гузашта бо исми МТС маъруф буд, ташкил гардид. Мувофиқи фармоиш он ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иҷоракорони хусусӣ дар қаламрави ноҳия хизматрасонии гуногун тавассути техникаи кишоварзиро пешниҳод менамояд.






Роҳбари коргоҳ Ҷамшед Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки «зиндагӣ маҷбур сохт, ки гузаштаро ба хотир орем».





Ба гуфтаи ӯ, соҳибони хусусии техникаҳои кишоварзӣ корҳоро бо қиммати хеле гарон иҷро мекунанд, ки он боиси аз кор дар замин дилхунук гаштани деҳқонон мегардад ва фоида хароҷотро намепӯшонад.





«Мо барои ҷуфти як гектар замин 228 сомонӣ маблағ мегирем, ки ҳам барои мо ва ҳам кишоварзон қулай аст ва аллакай ба коргоҳ эҳтиёҷмандон муроҷиат мекунанд», – идома дод ӯ.





Коргоҳ аз ҷониби собиқ механизаторон, соҳибкорон ва тоҷирон таъсис ёфта, дорои 10 техникаи кишоварзӣ аст.





«Мо ният дорем, ки комбайнҳои ғалладарави пуриқтидор дастрас намоем, зеро 70 фоизи ҳосили зироати ғалладона бо сабаби баланд будани арзиши техникаҳои ҳосилғундори хусусӣ ба таври дастӣ ҷамъоварӣ карда мешавад», – афзуд Ҷ.Мирзоев.



Дар Қӯрғонтеппа ташхисгари тиббии судӣ барои порагирӣ боздошт гардид

0




Қӯрғонтеппа. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми порагирӣ корманди Маркази ташхиси тиббиву судии вилояти Хатлон Алиҷон Юлдошев боздошт гардид.








Аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ӯ аз шаҳрванд Чорӣ Қурбонов ба миқдори 600 сомонӣ ришва ситониданӣ будааст.







Ба иттилои манбаъ, ташхисгар ба Ч.Қурбонов ваъда додааст, ки ба ивази маблағи додааш санади хулосаи ташхиси тиббии судиро ба шакли барои ӯ зарурӣ таҳия хоҳад сохт.







«Айни замон ташхисгар ба ҳабс гирифта шуда, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст», – афзуд сарчашма.




Ба деҳаи Урметан Интернет омад

0



Панҷакент. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо дастгирии лоиҳаи Агроаксияи Олмон «Беҳтарсозии амнияти ғизоии хонаводаҳо дар водии Зарафшон» дар деҳаи Урметани ноҳияи Айни, ки 7 ҳазор аҳолӣ дорад, маркази компютерии шабакаи ҷаҳонии Интернет ифтитоҳ гардид.






Ба гуфтаи мутахассиси рушди ҷамоатҳои лоиҳа Майя Аҳмедова, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ба хазинаи Кумитаи рушди деҳа аз ҳисоби баргардонии пардохти маблағҳо барои харидории тухмии босифату таҷҳизоти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 16 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд.





«Моҳи декабри сои 2007 дар маҷлиси умумӣ қарор шуд, ки қисме аз ин маблағро ҷиҳати ташкил додани маркази Интернет равона созем, – идома дод М.Аҳмедова. – Акнун сокинони деҳа метавонанд аз хизматрасониҳои почтаи электронии Интернет бемалол истифода бурда, ҳамчунин тарзи кор бо компютерро азхуд намоянд.



Пагоҳ президент ба Хоруғ меравад

0



Хоруғ. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) ба истиқболи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.






Аз маъмурияти раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати омодасозии сафари президент роҳбарони ва намояндагони қариб тамоми вазорату муассисоти ҷумҳурӣ дар вилоят қарор доранд. «Ҳадафи боздид шиносоии бевосита бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа аст», – изҳор дошт манбаъ.





Зимни сафар сарвари давлат аз ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ боздид намуда, бо рафти корҳо дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи заминҳо, сохтмони як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз наздик ошно мегардад.





Дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шинос гардида, ба таҳкурсии бунёди бинои гимназияи президентӣ хишти аввал мегузорад ва дар маросими ифтитоҳи маркази савдо ширкат меварзад.





«Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи таҷдидшудаи шаҳри Хоруғ иштирок намуда, ният дорад, дар он ҷо бо сокинони шаҳр мулоқот доир кунад ва пас аз он дар варзишгоҳ намоишномаи театрикунонидашуда ва консерт баргузор мешавад, – хабар доданд аз маъмурияти раиси вилоят. – Дар анҷоми сафар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят ҷаласаи васеъ доир месозад, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввал мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайян карда хоҳанд шуд».






 


Коршиносони ИДМ бобати лоиҳаи эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат тавофуқ ҳосил карданд

0



Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс – Коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба лоиҳаи тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат, санҷиш ва гувоҳнома додан ба кормандон тағйироту илова ворид сохта, тавофуқ ҳосил карданд.






Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало изҳор дошт, дар санад аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви ИДМ риояи меъёрҳои мувофиқашудаи таъмини бехатарии кор дар саноат, тартиби иҷозати коргарон ба кор, истифодаи механизмҳо ва таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок пешбинӣ шудааст.







Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ӯхдадор мешаванд, ки санадҳои ҳамдигарро, ки аз тарафи мақомоти ваолатдори кишварҳо дода шудааст, эътироф намоянд ва зимни кор дар кишвари дигар мутахассиси дорои чунин санад бидуни тасдиқи сатҳи тахассусии худ ҳуқуқи кор карданро соҳиб мешавад.





«Дар ҳамин ҳол, муқаррароти ин созишнома ба мақомоти ваколатдори сатҳи миллии муайян кардани сатҳи тахассусии кормандон дахл надорад ва онҳо дар ин кор мустақилона амал мекунанд», – таъкид сохт М.Гутсало.





Пас аз мувофиқасозии ниҳоӣ лоиҳа ба баррасии ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мегардад.




Чаҳордаҳ ҳазор нафар сокинони Суғд интизори шиносномаҳои хориҷианд

0



Хуҷанд. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чаҳордаҳ ҳазор сокинони вилояти Суғд дар навбати гирифтани шиносномаи хориҷӣ номнавис шудаанд.






Дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки аввали соли равон 2 ҳазор дона ва сипас 4 ҳазор донаи дигар шиносномаҳои хориҷӣ дастрас гардида буданд.





Мавсуф қайд кард, ки ҳафтаи оянда аз вазорати хориҷии ҷумҳурӣ боз 12 ҳазор дона шиносномаи хориҷӣ ба вилоят оварда мешавад.





«Мувофиқи тартиб, пас аз супоридани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд муддати 1 моҳ интизор шавад, – идома дод А.Қаҳҳоров. – Дар ҳолатҳои мавҷудияти сабабҳои асоснок, чун сафари хидматӣ, табобат ва таҳсил ин мӯҳлат метавонад то 10 рӯз кам карда шавад».



 

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон $2 млрд. 325,7 миллионро ташкил дод

0



Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 2 млрд. 325,7 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24,3 фоиз зиёдтар аст.






Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, воридот нисбат ба содирот ду баробар ($745,9 млн.) бештар аст.





Содироти мол ба $789,9 млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $53,5 млн. зиёд мебошад.





Воридоти мол $1 млрд. 535,8 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-июни соли 2007 $400,4 млн. бештар аст.





Тоҷикистон дар ин давра бо 11 кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 79 давлатҳои хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошт. Дар муомилоти савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои узви ИДМ 43,3 фоиз ё тақрибан $1 млрд. 5,9 млн. ва ба ҳиссаи давлатҳои хориҷи дур 56,7 фоиз ё $319,7 млн. маблағ рост меояд.



Дар нимсолаи аввал сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 8,28 фоиз расид

0



Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли 2008 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 8,28 фоиз расид.






Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,38 фоизро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 0,58 фоиз баробар буд.





Аз оғози соли ҷорӣ нархҳои маводи ғизоӣ 8,8 фоиз, маводи ғайриғизоӣ 2,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 18,2 фоиз боло рафтаанд.





Ёдрас мекунем, ки 28-уми майи соли равон дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи Дурнамои сиёсати молиявӣ ва қарзии Тоҷикистон барои соли 2008 маъқул шуморида шуд, ки тибқи он соли ҷорӣ нигоҳ доштани сатҳи таваррум ба миқдори 15 фоиз ва таъмини рушди истеҳсолот ба андозаи 7 фоиз пешбинӣ шудааст.



Ҳимоятгарони М.Орифов ба додгоҳ ҳозир намешаванд ва мурофиаи таҷдиди назари аризаи шикоятиро кашол медиҳанд, – раиси Додгоҳи Олии ҶТ

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Баррасии аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукми додгоҳ нисбат ба мудири кулли корхонаи муштараки тоҷикиву ҳолландии «М&Р» Маъруф Орифов, ки шабакаҳои мағозаҳои «Орима» ба он таллуқ доранд, бо айби ҳимоятгарони ӯ кашол меёбад», – изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев.






Ба гуфтаи ӯ, ҷониби ҳимоят барои ҳозир нашудан ба додгоҳ сабабҳои гуногун пеш меорад. Н.Абдуллоев ёдовар шуд, ки айбдоршаванда ба напардохтани андоз ба маблағи беш аз 1,5 млн. сомонӣ ва порадиҳӣ ба корманди воҳиди иқтисодии Кумитаи амнияти миллии ҶТ ба андозаи 10 ҳазор доллари амрикоӣ гунаҳкор дониста шудааст. «Ҳамчунин дар анборҳои корхона далелҳои рӯйпӯш сохтани маҳсулоти мӯҳлати истеъмолаш гузашта ва бесифат ошкор гардида буданд», – гуфт Н.Абдуллоев.





Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2008 Додгоҳи Олии ҶТ М.Орифовро ба мӯҳлати 8,5 сол бо гузаронидани мӯҳлати ҷазо дар маҳбаси низомаш шадид аз озодӣ маҳрум сохта мусодираи моли ӯро қарор карда буд.







Ширкати шведии «SWECO International AB» заминаи фанниву иқтисодии лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахтро таҳия сохтааст

0


Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – 15 июли соли 2008 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати баррасии масъалаҳои ҷараёни татбиқи лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахт намояндагони масъули Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро таҳти роҳбарии Директори алтернативии бонки мазкур аз Нидерландия ҷаноби Ханс Спроккриф ба ҳузур пазируфт.




Дар ҷараёни мулоқот ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки тибқи санадҳои дахлдори то ба имрўз байни ҷонибҳо ба имзорасида, аз тарафи

 

ширкати шведии «


SWECO




International




AB


» ҳамчун мушовири татбиқи Лоиҳа пажӯҳиши тамоми ҷузъиёти беҳбудбахшии ҳолати беҳдошти шаҳр ва барориши саривақтии партовҳои маишӣ ҷиҳати омодасозии заминаи фанниву иқтисодии лоиҳа

 

корҳо ба анҷом расидаанд. Феълан Созишнома оид ба татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа, ки фарогири масъалаҳои харидории техникаҳои коммуналии партовкашон, қуттиҳои зарурӣ барои ҷамъоварии партов ва таҷдиди партовгоҳи шаҳрӣ мебошад, омода карда шудааст, ки мавриди баррасии тарафҳо қарор дошта, рӯзҳои наздик манзури мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати ба тасвиб расонидан пешниҳод карда мешавад.



Раиси шаҳр аз вусъати корҳо дар

 

ин самт изҳори қаноатмандӣ намуда, аз масъулини тарафҳо талаб кард, ки бо риояи ҷузъиёти қарордодӣ дар мавриди таносуби маблағҳои бурсӣ ва қарзии лоиҳа, ки дар маҷмӯъ 9,8 млн. $-ро ташкил медиҳанд, созишнома омода созанд, ки он нек пазируфта шуд.



Зимни мулоқот берун аз масъалаи Лоиҳаи мазкур, масъулини Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷиҳати иштирок дар маблағгузории дигар лоиҳаҳои рушди ҳаёти хоҷагидории пойтахт изҳори омодагӣ намуданд. Шаҳрдорӣ аз иқдомоти Бонк ҷонибдорӣ намуда, пешниҳод сохт, ки дар бахши насби ҳисобкунакҳои обӣ, гузариш ба низоми обҳои зеризаминӣ, таҷдиди роҳҳо ва хатҳои барқии троллейбусҳо, коркарди нерӯи алтернативӣ барои

 

истеҳсоли гармӣ ва оби гарм

 

саҳмгузор гарданд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов хабар дод.