Ҳукумати ҶТ масоили тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолиро баррасӣ кард

0




Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»

– Дирӯз таҳти раёсати Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомал


ӣ


Раҳмон ма


ҷ


лиси навбатии Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 40 масъалаи муҳим баррас


ӣ


шуд.






Дар ма


ҷ


лиси Ҳукумати мамлакат нахуст Қарори Ҳукумати


Ҷ


Т дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти


Ҷ


Таз 20 июни соли 2008 № 480 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи и


ҷ


тимоии аҳол


ӣ


ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои бу


ҷ


ет


ӣ


, андозаи нафақаҳо ва стипендия» баррас


ӣ


ва қабул карда шуд.





Сипас Нақшаи кори Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар нимсолаи дуюми соли 2008 тасдиқ карда шуда, ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион


ӣ


дар соҳаи ирригатсия шунида шуд.





Зикр гардид, ки айни замон, дар соҳаи ирригатсия 4 лоиҳаи инвеститсион


ӣ


ба маблағи умумии 350 млн. сомон


ӣ


(102 млн. доллари ИМА) амал


ӣ


мегарданд.





Тавассути ин лоиҳаҳо дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Бобо


ҷ


он ?афуров, Ваҳдат, Фархор, Пан


ҷ


, Ҳамадон


ӣ


ва Р


ӯ


шон корҳои беҳтар намудани интиқоли оби н


ӯ


шок


ӣ


, системаи обёр


ӣ


, хизматрасонии кишоварз


ӣ


ба хо


ҷ


агиҳои деҳқон


ӣ


,

 

соҳилмустаҳкамкун


ӣ


, паст кардани сатҳи обҳои зеризамин


ӣ


, обёр


ӣ


намудани ҳазорҳо гектар заминҳои нав ва дигар корҳои пурманфиат ан


ҷ


ом дода мешаванд.





Сарвари давлат талаб намуд, ки баҳри баланд бардоштани суръат ва сифати азхудкунии маблағҳои


ҷ


удогашта, истифодабарии мақсадноки онҳо ва омода кардани

 

ҳисоботи воқе


ӣ


тадбирҳо андешида шаванд.





Сипас ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал дар бораи истифодабарии самараноки заминҳои кишоварз


ӣ


шунида шуд.





Эмомал


ӣ


Раҳмон баҳри


ҷ


оннок намудани корҳо дар истифодаи пурсамари заминҳои корам ба роҳбарияти вилояти Хатлон дастуру супоришҳои қатъ


ӣ


дод. Аз


ҷ


умла дастур дода шуд, ки баҳри ба гардиши кишоварз


ӣ


ворид намудани наздики 21 ҳазор гектар заминҳои обии партов (боир), беҳтар намудани вазъи мелиоративии ҳазорҳо гектар заминҳои об


ӣ


, баргардондани заминҳои бекормонда аз истифодабарандагони но


ӯ


ҳдабаро, пешгир


ӣ


намудани изофанавис


ӣ


, вусъат додани кишти такрории заминҳои об


ӣ


тадбирҳои судбахш андешанд.

 


 






Барномаи тайёр кардани кадрҳои илм


ӣ


дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон барои солҳои 2009-2015 тасдиқ карда шуд. Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон аз роҳбарияти Академияи улуми То


ҷ


икистон, дигар муассисаҳои илм


ӣ


– тадқиқот


ӣ


ва Вазорати маориф дуруст ба роҳ мондани сиёсати омодасозии кадрҳо ва ташкил намудани ҳамоҳангии байни муассисаҳои илм


ӣ


ва соҳаи маорифро талаб намуд.





Стратегияи миллии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар бораи рушди саломатии к


ӯ


дакон ва наврасон дар давраи то соли 2015 тасдиқ карда шуда, Вазорати тандуруст


ӣ


ҳамоҳангсози кори ҳамаи вазорату идораҳои марбута дар ин самт муқаррар гардид.





Бо қарорҳои Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ҳамчунин Барномаи рушди соҳаи моҳипарвар


ӣ


дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон барои солҳои 2009-2015 ва Низомнома ва ҳайати Ш


ӯ


рои илмию таҳририи «Энсиклопедияи миллии то


ҷ


ик» тасдиқ карда шуданд.





Президенти мамлакат баҳри татбиқи босамари барномаи рушди соҳаи моҳипарвар


ӣ


, ки барои он дар То


ҷ


икистон имкону захираҳо хеле фароханд, аз


ҷ


умла барои барқарорсозии хо


ҷ


агиҳои мав


ҷ


удаи моҳипарвар


ӣ


ва ташкил намудани хо


ҷ


агиҳои нав ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.





Баъди баррасии масъалаҳои р


ӯ


зномаи


ҷ


аласа сарвари давлат ба масъулини дахлдор баҳри и


ҷ


рои Барномаи рушди ВМКБ, таъмини он бо маводи озуқавор


ӣ


, суръат бахшидани сохтмони иншооти и


ҷ


тимо


ӣ



 

дар шаҳри Хор


ӯ


ғ, к


ӯ


мак ба деҳқонони кишвар дар


ҷ


амъоварии ҳосили ғалладона, вусъат додани кишти такрории заминҳои об


ӣ


, омодагии


ҷ


идд


ӣ


дидан ба зимистони оянда, аз


ҷ


умла тавассути тезондани сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои хурди об


ӣ


ва

 

захира намудани маводи с


ӯ


хту озуқавор


ӣ


ва ҳамчунин баҳри омодаг


ӣ


ба


ҷ


аласаи навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба масъулин дастуру супоришҳои қатъ


ӣ


дод. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Имрӯз агрегати дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мавриди истифода қарор мегирад

0


Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз агрегати дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мавриди истифода қарор мегирад. Дар маросими ба истифода додани он президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ширкат хоҳанд варзид.


Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Нерӯгоҳи обӣ ва барқии Сангтӯда-1» Раҳматулло Алҷанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки агрегат аз соати 01.50 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба кор даромад.




Дар ҳамин ҳол, фардо бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин маросими расмии ба истифода додани агрегати дувуми нерӯгоҳ барпо мегардад.



Ёдрас мекунем, ки ин маросим ба санаи 2-уми июл пешбинӣ шуда буд ва дар он иштипоки раиси Ҷамъияти саҳомии Русия “ЕЭС России” Анатолий Чубайс дар назар буд.



Агрегати аввали нерӯгоҳ 20 январи соли ҷорӣ ба кор даромад. Иқтидори лоиҳавии он 167,5 МВт буда, дар як моҳ тақрибан 72 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид месозад.



Қаблан Э.Раҳмон бинобар бӯҳрони шадиди рухдода ба сохтмончиёни иншоот супориш дода буд, ки ба кор даровардани агрегати дуввумро моҳи июн ва тамоми иншоотро охири ҳамин сол таъмин намоянд.





Маълумотнома:




Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Раиси шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон ҷаласа доир кард

0



Душанбе. 1-ми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс»

– 30 июни соли 2008 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.




Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулинро ба масоили омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорў нигаронида, дар ин самт гузоришҳои муовини якуми Раиси шаҳр Абдусаттор Сулаймонов ва раиси комиссияи депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Ҳабибовро дар робита ба ҳолати санҷиши корҳои омодагӣ дар ноҳияҳо ва тамоми субъектҳои хоҷагидории муқими шаҳр шунида, таъкид дошт, ки

 

то ба имрӯз, ки фурсат баҳри дилхоҳ корҳои омодагӣ кифоягӣ мекунад на ҳамаи талаботҳои Қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2008 ба пуррагӣ ба иҷро расонида шудаанд.



Зимнан, бо фаҳмонидани мубрамияти масъалаи мазкур ба ҳамаи раисони комиссияҳои депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бори дигар зикр сохт, ки дар

 

санҷиши амиқи корҳои анҷомдода, ки дар таносуби ноҳияҳо дар алоҳидагӣ вобаста мегарданд, бе ҳеҷ кадом истиҳола муносибат намуда, бо дарки масъулият оид ба воқеияти ҳолати ҷойдошта гузоришҳо пешниҳод намоянд.



Муқаррар гардид, ки комиссияҳои мазкур бо иштирок ва ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ВАО аз 1-уми июл ба кор шурӯъ намуда, ҳисоботи раисони ноҳияҳо 17-уми июл дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзномаи он маҳз ба баррасии ин масъала бахшида шудааст, шунида

 

мешавад.



Дар ин равобит афзуд, ки оид ба корҳои анҷомдодаи омодагии сохторҳои шаҳрии ШСХК «Барқи Тоҷик» дар асоси мувофиқа ва

 

дархости шаҳрдорӣ аз ҷониби Дастгоҳи Иҷроияи Президенти кишвар

 

санҷиш гузаронида хоҳад шуд. Дар ин бора котиби матбуотии раиси

 

шаҳри Душанбе Ш. Саидов хабар дод.


Ҳамкории рӯзноманигорон ва хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатӣ густариш меёбад

0



Душанбе. 30-уми июн. – Масоили рушди ҳамкории расонаҳои хабарӣ ва марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ рӯзи 26 июн зимни як мизи мудаввар дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баррасӣ гардид.






Нишасти мазкур дар робита ба оѓози лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият», ки




аз ҷониби Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри


XXI


» амалӣ карда мешавад, гузаронида шуд. Дар он намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, марказҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ, расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ширкат варзиданд


.





Зимни муаррифии тарҳи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият» с


арвари иҷроияи Мактаби


мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри


XXI


» Сафо Сафаров иброз дошт, ки мақсади лоиҳа баланд бардоштани сатҳи касбият ва ба роҳ мондани ҳамкории самарабахши намояндагони ВАО ва хадамоти иттилоотии мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҶТ мебошад.





Ба қавли С.Сафаров, тарҳи мазкур тӯли 6 моҳ баргузории якчанд тренингу мизи мудаввар барои кормандони расонаҳои хабарӣ ва марказҳои матбуотиро дар назар дорад. Номбурда афзуд: «Мо гурӯҳи корие созмон медиҳем, ки роҳҳои беҳбуд бахшидани ҳамкории рӯзноманигорон ва хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатиро матраҳ мекунад ва дар шакли як дастури муштарак ба ду забон – тоҷикӣ ва рӯсӣ таҳияву нашр месозад».





Дар идомаи нишаст сармутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Маҳмудон Сараев изҳор дошт, ки тибқи

консепсияи давлатии сиёсати иттилоотӣ, дар назди дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур маркази ягонае таъсис дода мешавад, ки вазифаи он


 


ҳамоҳангсозии

фаъолияти иттилоотии вазорату идораҳои ҶТ, дифоъ аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ба Тоҷикистон, инчунин ташаккул ва боло бурдани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд.





Дар навбати худ, сарвари АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев зимни суханронӣ таъкид дошт, ки қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» ахиран ба тасвиб расид, вале он аз камбудиҳо орӣ нест. Вай афзуд: «Муқаррар кардани музд барои гирифтани маълумот аз мақомоти давлатӣ поймол кардани ҳуқуқи шаҳрванд дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот буда, роҳи васеъ ба сӯи фасоди иқтисодӣ мекушояд».





Дар ҷараёни баррасии мушкилоти ҷойдошта, кормандони марказҳои матбуотӣ зикр карданд, ки хабарнигорон маълумоти пешниҳодкардаи онҳоро баъзан носаҳеҳ интишор медиҳанд, ки ин эътимоди тарафайнро коста мегардонад.





Дар навбати худ, намояндагони расонаҳои хабарӣ бар ин назар буданд, ки масъулини хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатӣ барои саривақт дастрас гардидани маълумоти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба андозаи зарурӣ мусоидат намекунанд.





Иштирокдорони мизи мудаввар дар мавриди зарурати боло бурдани сатҳи касбии рӯзноманигорону кормандони хадамоти иттилоотӣ назари ҳамгун доштанд ва муносибати масъулиятшиносонаи ҷонибҳоро ҷиҳати интишори фаврии иттилоот муҳим арзёбӣ карданд.





Дар ҷамъбаст зикр гардид, ки бо назардошти пешниҳодоти ширкаткунандагони ин нишаст, як тафоҳумнома оид ба густариши ҳамкории намояндагони расонаҳои хабарӣ ва хадамоти иттилоотии мақомоти давлатӣ таҳия ва мавриди баррасиву пазириши тарафайн қарор дода шавад.

Раиси ҲНИТ ба Русия назди муҳоҷирини тоҷик меравад

0



Душанбе. 30-уми июн. ОИ «Азия-Плюс»

– Пешвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикисттн (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ тайи чанд муддат дар Русия қарор дошт.

 

Ӯ ин ҷо бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот доир намуд.




Мавсуф изҳор дошт, ки чунин мулоқот дар назар набуд, зеро ӯ бояд дар конфронси байнулмилалӣ дар Маскав иширок мекард, вале лозим омад, ки бо ҳамватанонаш вохӯрад. «Ба меҳмонхона ҳамватанон хеле зиёд омаданд ва ман маҷбур шудам бо онҳо боздид кунам», – гуфт. М.Кабирӣ.



Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот беш аз 60 нафар намояндагони муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз манотиқи гуногуни Русия ширкат варзиданд.



«Баъд аз мулоқот ба чунин хулоса расидам, ки ба як қатор минтақаҳои Русия баҳри вохӯрӣ бо ҳамватанони хеш сафар намоям, то бо зиндагӣ ва мушкилоти онҳо аз наздик ошно гардам», – гуфт М.Кабирӣ ва афзуд, ки ният дорад, нақшаи ин сафарро бо мақомоти расмии ҳукумати Русия ва Тоҷикистон мувофиқа кунад.





 


Дар конфронси байнулмилалии коҳиши хатари офатҳои табии марбут ба об Эъломияи Душанбе ба тасвиб расид

0




Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»

– Аз рӯи натиҷаҳои Конфронси байнулмилалии коҳиши офатҳои табии марбут ба об рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Эъломияи Душанбе ба тасвиб расид.






Дар санади мазкур гуфта мешавад, ки офатҳои табиии марбут ба об барои рушди устувор монеа эҷод мекунанд. Ба ин хотир, бо ҷалби мақомоти дахлдор дар сатҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ густаришу таҳкими ҳамкориҳо баҳри ҳалли масоили вобастаи об, тағйири иқлим, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва мушкилоти иҷтимоии дигар зарур аст.





«Мо – иштирокчиёни конфронс изҳор месозем, ки айни замон офатҳои табиии марбут ба об чун селу обхезӣ ва ғайра боиси ҳалокати ҳазорон нафар мегарданд», – гуфта мешавад дар эъломия.





Иштирокчиёни конфронс ташаббусҳои Тоҷикистонро бобати ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ташкили чорабинии вижа дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи ҳалли мушкилоти офатҳои табиии марбут ба об дастгирӣ намуданд. Инчунин барпо кардани Консорсиуми байнулмилалӣ оид ба ҷилавгирии хавфи кӯли Сарез низ дастгирӣ ёфт.





Илова бар ин, дар конфронс ҷиҳати таҳияи нақшаи истифодаи захоири об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, назардошти манфиатҳои ҷонибҳо, тағйири иқлим ва ҳифзи муҳити зист тавсияву пешниҳодот қабул гардиданд.





Дар ҳуҷҷат пешбинӣ гардидааст, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои панҷсолаи Даҳаи амалиёти «Об барои ҳаёт» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.





«Ҳуҷҷати мазкур ҷиҳати омӯзишу таҳқиқ ба мақомоти дахлдори созмонҳои байнулмилалӣ пешниҳод хоҳад гардид», – оварда шудааст дар эъломия.



Дар Суғд нашъафурӯшон дастгир шуданд

0




       Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»

– Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд зимни баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ ду нафар сокинони ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт карданд.






      Аз маркази матбуоти агентӣ хабар доданд, ки ҳангоми кофтуков аз онҳо ба миқдори 2 килову


21 грамм

маводи нашъаовари бангдона дарёфт ва мусодира карда шудааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

  







 


Дар Қӯрғонтеппа сарвари давлат дар маросимҳои ба кор шурӯъ намудани 6 иншооти нави иҷтимоӣ иштирок намуд

0



Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои


ҷ


умҳуриявии бахшида ба Р


ӯ


зи Ваҳдати миллии То


ҷ


икистон ба шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон сафар кард.






Мусаллам аст, ки тамоми


ҷ


ашнҳои давлатии То


ҷ


икистон бинобар сиёсати бобарори бунёдкорию созандагии Сарвари давлатамон Эмомал


ӣ


Раҳмон бо сохтмон, таъмиру та


ҷ


дид ва азнавсозию ободонии иншооти гуногуни ҳаёти


ҷ


омеа тавъаму печида гаштаанд. Дар чаҳорч


ӯ


би та


ҷ


лили солгарди 11-уми Р


ӯ


зи Ваҳдати милл


ӣ


низ

 

дар тамоми г


ӯ


шаю канори кишвар иншооти бешумори дорои аҳамияти и


ҷ


тимоию фарҳанг


ӣ


сохта,

 

ба истифода дода мешаванд.





Роҳбарият ва аҳли


ҷ


омеаи вилояти Хатлон ташрифи Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмонро дар фур


ӯ


дгоҳи шаҳри Қурғонтеппа бо эҳтирому самимияти хосса ва ар


ҷ


гузорию қадрдон


ӣ


аз хизматҳои шоёни таҳсинаш истиқбол гирифтанд.





Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон дар маросимҳои ба кор шур


ӯ


ъ намудани 6 иншооти нави и


ҷ


тимо


ӣ


иштирок намуд, ки шумораи ками тамоми иншооти


ҷ


ашниро дар шаҳри Қурғонтеппа ва қаламрави вилояти Хатлон ташкил медиҳанд.





Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон нахуст дар маросими ба истифода додани як хонаи истиқомат


ӣ


дар к


ӯ


чаи Д


ӯ


стии халқҳои шаҳри Қурғонтеппа иштирок намуд. Бо буридани лентаи рамз


ӣ


ин бинои чорошёнаи дорои 20 хонаи истиқоматии 1, 2 ва 3- ҳу


ҷ


раг


ӣ


расман ба истифода дода шуд.





Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон бо шароити хуби дар ин хонаҳо муҳайёгашта аз наздик шинос шуда, ба чанд нафар кормандони пешқадами шаҳри Қурғонтеппа калидҳои хонаҳои навро тақдим намуд.





Сипас бо иштироки Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон Ма


ҷ


мааи Ваҳдати миллии шаҳри Қурғонтеппа кушода шуд, ки рамзи асосии


ҷ


ашни имсолаи Ваҳдат буда, ин мавзеъро ба яке аз г


ӯ


шаҳои зеботарини маркази вилояти Хатлон табдил додааст.





Дар зери он осорхонаи Ваҳдат бунёд ёфтааст, ки дар он осори арзишманди ҳок


ӣ


аз р


ӯ


зҳои сахту сангин ва ҳамчунин дастовардҳои сиёсати ваҳдатофарии Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат


ҷ


амъовар


ӣ


шудаанд.





Аз ин


ҷ


о Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба иншооти нави дигари


ҷ


ашн


ӣ



 

– Маркази вилоятии озмоишии «То


ҷ


икстандарт» ташриф оварда, дар фазои тантанав


ӣ



 

онро расман мавриди истифода қарор дод.





Чунонки маълум шуд, ин марказ бо техникаю та


ҷ


ҳизот ва технологияи муосири ташхиси тамоми молу маҳсулот, пеш аз ҳама маводи ғизо


ӣ


му


ҷ


аҳҳаз гашта, дорои шароити хуб


ӣ


кор


ӣ


аст.





Ба суол оид ба м


ӯ


ҳлати ташхиси молу маҳсулот посух доданд, ки вақти ташхису хулосабарор


ӣ


аз 4-5 р


ӯ


зи пешина имр


ӯ


з то ба 1 ё 2 р


ӯ


з

 

кам карда шудааст. Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон дастур дод, ки вақти ташхис ҳоло ҳам

 

к


ӯ


тоҳ карда шавад, зеро ки ҳалли ин масъала, ба андешаи


ӯ


, метавонад яке аз роҳҳои асосии ҳавасмандгардонии соҳибкорону то


ҷ


ирони ватан


ӣ


баҳри истеҳсол ва воридоти молу маҳсулот гардад.





Дар к


ӯ


чаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Қурғонтеппа Маркази ташхису табобатии “Даво” бо фотиҳаи неки Сарвари давлатамон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба истифода дода шуд.





Зимни шиносо


ӣ


бо шароити он таъкид гардид, ки марказ аз


ҷ


ониби соҳибкорони хусус


ӣ


ва мутахассисони варзидаи соҳаи тиб бунёд ёфта, дорои техникаю та


ҷ


ҳизоти муосири муоинаю муоли


ҷ


а мебошад.





Як тамографи сохти олмонии он, ки тамоми узвҳои баданро муоина мекунад, бори аввал бо дасти Президенти мамлакат Эмомал


ӣ


Раҳмон ба кор дароварда шуд ва вазъи саломатии нахустин бемор ташхис гардид. Зимни шиносо


ӣ


ҳамчунин зикр гардид, ки чунин та


ҷ


ҳизоти гаронарзиши хушсифат ба вилояти Хатлон бори нахуст ворид карда шудааст.






 

Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳамчунин дар ифтитоҳи боз як Маркази

 

тиббии хусус


ӣ


, ки “Хатлон” номгузор


ӣ


шудааст, иштирок намуд.





Чунонки аз с


ӯ


ҳбатҳо маълум шуд, дар ин ду маркази хусусии тибб


ӣ


барои қариб 130 нафар


ҷ


ойҳои нави кор


ӣ


бо маоши баланд м


ӯ


ҳайё гаштааст.





Маркази тиббии Хатлон низ дорои техникаю та


ҷ


ҳизоти хушсифати муоинаю муоли


ҷ


а ва ҳамчунин утоқҳои му


ҷ


аҳҳази


ҷ


арроҳ


ӣ


, аз


ҷ


умла


ҷ


арроҳии устухон будааст.





Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон ба масъулини соҳа ва соҳибкорони хусус


ӣ


маслиҳат дод, ки ҳамчунин баҳри бунёди клиникаи муосири дандонпизишк


ӣ


ва маркази ягонаи ташхиси хун чораандеш


ӣ


кунанд, то ки эҳтиё


ҷ


мандони мо бо сарфи маблағҳои калон ба клиникаҳои пешрафтаи хори


ҷ


и кишвар камтар муро


ҷ


иат кунанд.





Дар ҳамин к


ӯ


ча ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон дар фазои тантанав


ӣ


ва шукргузор


ӣ


аз неъматҳои ваҳдату ягонаг


ӣ


ва рушди и


ҷ


тимоию иқтисодии кишвар як литсейи нави тамоюли технолог


ӣ


ба кор дароварда шуд.





Чунонки маълум шуд,

 

ин нахустин литсейи тамоюли технолог


ӣ


дар тамоми қаламрави То


ҷ


икистон аст.





Литсей аз 13 синфхона иборат буда, барои 320 хонанда пешбин


ӣ


шудааст. Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон аз синфхонаҳои ом


ӯ


зиши забонҳои хори


ҷ


ӣ


,

 

технологияҳои иттилоотии компютер


ӣ


ва ғайра дидан карда, бо аҳли мактаб с


ӯ


ҳбатҳои дилнишин ан


ҷ


ом дод.





Дар саҳни ҳавлии литсей Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба ом


ӯ


згорону хонандагони сершумор муро


ҷ


иат намуд ва онҳоро ба таълиму тарбияи хуби фарзандон, ом


ӯ


зиши амиқи илмҳои замона ва омода кардани


ҷ


авонони ояндасози кишвар ҳидоят намуд.





Бори дигар хотиррасон бояд кард, ки ин шумораи ками иншооти дар остонаи


ҷ


ашни имсолаи Ваҳдати милл


ӣ


бунёдёфта аст. Танҳо дар шаҳри Қурғонтеппа имсол дар арафаи ин иди фархунда наздики 50 иншооти хурду бузург сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.





Бо ташаббусу раҳнамоии Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар та


ҷ


лил гардидани иди Ваҳдати милл


ӣ


, Навр


ӯ


зи ху


ҷ


астапай ва дигар


ҷ


ашнҳои давлат


ӣ


ба ободу

 

зебо гаштани тамоми г


ӯ


шаи Ватани азизамон боис мегардад.





Тантанаҳои имсолаи Ваҳдати миллии То


ҷ


икистон дар К


ӯ


лобшаҳри бостон


ӣ


оғоз ёфта, дар шаҳри Қурғонтеппа идома ёфтанд. Омодаг


ӣ


ба та


ҷ


лили ин


ҷ


ашни фархунда боис шуд, ки водии Вахши аз нобасомониҳои солҳои аввали истиқлолияти давлатии То


ҷ


икистон беш аз ҳама зарардида хеле ободу зебо гардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Миёни Вазорати маорифи ҶТ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

0




    Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс».

– Дар конфронси вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Бишкек миёни Вазорати маорифи ҶТ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.






   Бино ба маълумотиДонишгоҳи Осиёи Марказӣ, имзои ёддошт барои густариши ҳамкориҳо дар риштаи мукаммал сохтани муҳити ҳуқуқӣ, шаклҳои таълим ва нақшаҳои дарсӣ, истифодаи навгониҳо дар омӯзиши касбӣ ва техникӣ шароити мусоид фароҳам мекунад.





      «Санади имзошуда татбиқи озмоишии барномаҳои пешқадами омӯзиши маълумоти касбӣ ва техникиро дар ҳамдастӣ бо кордиҳанда дар Мактаби маълумоти касбӣ ва муттасил пешбинӣ мекунад, – идома дод сарчашма. – Барномаҳои таълимии маълумоти касбӣ ва техникӣ бо иштироки бевосита ва дастгирии вазорати маориф таҳия хоҳанд гардид».





      Ёдрас мекунем, ки Мактаби маълумоти касбӣ ва муттасил соли равон дар шаҳри Хоруғ ба татбиқи чунин барнома шурӯъ кард.





    «Вазорат ният дорад, аз таҷрибаи мактаб дар дигар муасссиости таълимии ҷумҳурӣ истифода кунад», – афзуд сарчашма.



Қӯрғонтеппа интизори сарвари давлат аст

0




Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Дар Қӯрғонтеппа ҷиҳати пешвози президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони дигар корҳои омодагӣ босуръат идома доранд.






Мудири шӯъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Асалмо Сафарова хабар дод, ки имрӯз аллакай бисёр меҳмонони хориҷӣ ва минтақаҳои дигари кишвар ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоят рафтанд ва 27-уми июн ҳамаашон дар Қӯрғонтеппа ҷамъ меоянд.





Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар ноҳияву шаҳрҳои вилоят иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор мегиранд.





Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иштироки сарвари давлат ва меҳмонон дар маросими ифтитоҳи мемориали «Ваҳдат», литсеи технологӣ, маркази тиббии «Хатлон», хонаи пиронсолон, манзили зист барои омӯзгорон ва як қатор иншооти дигар дар назар аст.





Бино ба иттилои А.Сафарова, худи ҳамин рӯз ба таҳкурсии бинои осорхонаи вилоят хишти аввал гузошта шуда, дар шабакаи ҷудогона студияи телевизионии «ТВ Хатлон» ба кор медарояд.





«Ҳамчунин баргузории озмунҳои «Чакан» ва «Соҳибхоназани беҳтарин» пешбинӣ гардидааст, – идома дод ӯ. – Бегоҳирӯзӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ намоишномаи театрикунонидашуда баргузор мешавад».